Бахшҳо

Абдулқодирзода: “Кӯдаконро аз 7-солагӣ ба намозхонӣ ташвиқ кунед”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бори дигар ба намозхонии кӯдакон аз 7-солагӣ таъкид кард. Абдулқодирзода ин ҳарфҳоро дар охири хутбаи намози ҷумъаи 28 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баён дошт.

Ӯ бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар (с) таъкид кард: “Ба фарзанд аз 7-солагӣ намозхониро омӯзонеду амр ба намоз кунед. Агар нахонданд, дар 10-солагӣ танбеҳ кунед.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома илова кард, ҳар нафаре, ки аз 40 – 50-солагӣ намозхониро шуруъ кардааст, саҷдаву рукуи ӯ аз оне, ки дар ҷавонӣ омӯхтааст, фарқ мекунад: “Касе аз ҷавонӣ, намозхонӣ ё ибодатро ба худ касб кардааст, мебинед, бисёр устувору хотирҷамъ ва дурусту дақиқ анҷом медиҳад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода қаблан низ аз омӯзишу хондани намоз аз айёми кӯдакӣ ҷонибдорӣ карда, гуфта буд, “вақте кӯдак аз хурдӣ намоз хондааст, яқин бидонед, ки аз ҷониби ӯ ноҳурматӣ нисбати волидайнаш намешавад. Албатта ин намоз агар намози воқеӣ бошад, на мисли дона чидани мурғ.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон рафтани афроди то 18-сола ба масоҷид манъ буда, дар аксар маврид иштироки наврасон дар намози ҷумъа бо боздошти онҳо аз сӯи кормандони пулис анҷом меёбад.
Мӯҳр
Аслидин
Бах бах чи одамое насихат мекунанд. Шарм надошта насихат мекуни барои манъи масчид рафтани кудакону чавонони то 16сола овоз баланд кадию тарафдори намуди ин конуни чохилонаро боз насихат мекуни.Хайф бар ту сад хайф бар ту .Бехуда худата ширин накун

Сорбон
Хуб мешуд кикози мегуфт,ки донишро аз 7 солаги дар мактаб зиёд кунанд.Олами исломи имруз ба эхёи андешаи илми ва чахонофари ниёз дорад мухтарам козикалони !

аҳмадчон
ое аз хадиси пайгомбарамон с салам нагуфт то хурдсолоро ба масчид барем

Сарбадор
Офтоб аз кучо баромад чаноби Мукаррам!!! Хайфи ту боз насихат мекуни,ту ягон қадр надори пеши мо. Тавба кун умрат кам мондааст

Фаррух
Шумо бояд мегуфтен, ки аз 18 солаги нею аз 7 солаги ба масчид нараван. чунки то 18 солаги масчид наравад дар 7 солаги уро мемонан ки намоз хонад чи дар хонаву чи дар масчид.

Мухтарам Вазири дин кудаконро дар 7 солаги ба намоз омузем в адар 18 солаги ба масчит шумо чи назар доред ?

наврас
“Касе аз ҷавонӣ, намозхонӣ ё ибодатро ба худ касб кардааст, мебинед, бисёр устувору хотирҷамъ ва дурусту дақиқ анҷом медиҳад.” ачаб муфти дорем мешудаску

Sangin
Pax pax!!!
In chi shurest ki, darin dawri Qamar mebinam !!!
Milateki peshwoi dinash chunin shaxsonand, beduni shak ki ru ba nodudist.
Afsus!!!!!!!!!!!
Muhtaram Said Mukaram chande metoni dar hamin dunyo sarmoya jam namo wa osudagi kn....

Э товба Парвардигор. И чи гап боша, мисли светофори кади куча. Як руз Али, дигар руз Вали,

БАНДА
ВОЙ БА ХОЛИ ТУБАРИН МУФТИ БАРОИ ЧИ ХАДИС МИЁРИ АЗ 7 СОЛА НАМОЗ ХОНДАН ДАВОМАШРО ШАРМ КАРДА НАМЕГИ АЙ 7 СОЛА МАСЧИД БАРЕН.
БАРОИ ОНКИ ХУДИ ТУ ЗИДИ ХАДИСИ РАСУЛИ АКРАМ (С) ОВОЗ ДОДАГИ ХАСТИ.
БАРОИ МАНСАБ ШУДА ТУВУ ТУБАРИНХО ИСЛОМИ АЗИЗАМОНРО ДАР ЧУМХУРИ ХОРУ ЗАЛИЛ КАРДА ИСТОДАЕД.ВАЪДАИ ХУДОВАНД АСТ КАСЕ НОХАКИ ДАР ДИНУ ДАР ПАЁМБАР МЕЗАНАД ДАР ИН ДУНЁОХАМ БЕОБРУ МЕШАВАД ДАР ОН ДУНЁ БОШАД ПЕШИ ФИРЪАВН МЕРАВАД.

Точикак
Акнун барои эътироз аз конуни ба мо маълум бояд истефоъ дихад ин мардак, ё ин гапхояш монанди пари кох вазн надоранд...

Донишчу
ё Аллох фардо чи мешуда боша ба ин раиси шурои уламо ва аъзохояш худат медони!

Хулиган
Ба Фарух бародари чон гуфтаниям ки некем чони гапа гуфти сад дар сад

Гапхои хеле хуб. Вале ичозат дихед ки кудакон аз 7 сола намозхониро дар миёни чомеа сар кунанд то ки миёни онхо худро боз хам масъултар хисс кунад. БАЪДАН ХОХИШ МЕКУРДАМ КИ РОНАНДАХОИ "СТАРЕКС"-ХОРО БА НАМОЗХОНИ ДАЪВТ КУНЕД ТО КИ КАМТАР ХУДОТАРС ШАВАНД ВА ИНСОФ ПАЙДО КУНАНД,

чаноби Абдулкодирзода банохост шумо иштибох накардаед, ё нав вичдонатон ба кор омад.Ахсан.
Акнун ба он бехудоён ки Худои шуморо инкор(наузубиллох) мекунанд чавоби сазовор медодед.Ин карзи имонии шумост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)