Бахшҳо

Посух ба президент: Бояд аз тоҷикон дифоъ кард, на аз Карзай

Насибҷон Амонӣ, Алма-ато

Суханони сарвари давлатамон, Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтааст, "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд" -ро шунида, онҳое, ки аз сиёсати имрӯза дар Афғонистон то ҷое огоҳанд, комилан дар ҳайрат мемонанд, ки то чӣ андоза сиёсатмадорони мо, ба вижа, онҳое, ки дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунанд, аз рӯйдодҳои имрӯзии Афғонистон ва паёмадҳои он ноогоҳанд. Агар онҳо аз сиёсатҳои дирӯзаву имрӯзии ин кишвари ҳамсояамон огоҳ мебуданд ва бо чашми сар манфиатҳои тоҷикони ин кишвар ва рушди демократияро мехостанд, ба ҳеч ваҷҳ Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул чунин сухан намегуфт. Зеро ҳукумати Карзай бо тамоми нерӯ мехоҳад, ки дар интихоботи дарпешистода нозирони байналмилалӣ дар Комиссиюни марказии интихобот ва ҳавзаҳо ширкат накунанд ва натиҷаи интихоботро бо ёрии бародаронаш, ки бештарашон аз қавми паштун ҳастанду дастнишондаи Карзайанд, бо роҳи тақаллуб ба фоидаи худ ҳал кунанд.

Ҳукумати Карзай бисёр мехоҳад, ки дар интихобот дастаи Залмай Расул ва ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки ҳарду ҳам паштунанд, пирӯз гарданд.Онон бо тамоми неру муқобили дастаи доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки бештари тоҷикон гирди ӯ ҷамъ омадаанд ва шахсиятҳои калидии тоҷикон монанди волии Балх Атомуҳаммади Нур, муовини аввали раиси ҷумҳур Муҳаммадюнуси Қонунӣ, Салоҳиддин Раббонӣ писари устоди равоншод Бурҳониддини Раббонӣ ва даҳҳо тоҷики дигару бахше аз паштунҳо, ҳазораҳо, узбакҳо ва дигар ақвоми бедори кишвар ҳам аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, дар мубориза ҳастанд. Аз ин хотир ҳукумати Карзай мехоҳад, ки бо дору дастааш ва намояндагонаш дар Комиссиюни интихобот бидуни ҳузури хориҷиҳо, одами ба худ даркорӣ ( Залмай Расул ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро ба қудрат биёварад ва бо ҳамин давоми ҳукумати қавмгарои хешро ҳам таъмин кунад. Бояст пеш аз ин интихобот ва умуман ҳамеша ҳукумати мо бо шахсиятҳои калидии тоҷики Афғонистон ва онҳое, ки аз вазъи имрӯзии кишвар ва гузаштаи он огоҳ ҳастанд, дар робита мешуд ва ҳамеша маълумоти дақиқ ва беғаразонаро дар бораи ин кишвар дар даст медошт ва сиёсатҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати хешро бо назардошти дурнамои ин кишвар ва манфиатҳои тоҷикон дар Хуросон роҳандозӣ мекард.

Вале суханони Эмомалӣ Раҳмон баёнгари ин аст, ки аз чунин мақсадҳои ҳукумати Карзай, ки сиёсаташ муқобили тоҷикони Афғонистон аст, дар ҳукумати мо чандон огоҳ нестанд. Дар ҳоле ки дигар кишварҳо, аз ҷумла Узбакистону Туркия ошкору ниҳонӣ аз Абдурашид Дӯстуми узбак, Покистон аз намояндагони паштун ва ба вижа аз Гулбиддини Ҳикматёр ва ҳизби ӯву ҳизби Афғонмиллати паштунҳо дастгирӣ мекунанд. Вале ҳукумати мо ба ҷои ин, ки тоҷикони Афғонистонро пуштибонии ҳадди ақал маънавӣ кунад, ба осиёби Карзай-- бадхоҳи тоҷикони Афғонистон об мерезад.

Нуқтаи дигар ин аст, ки ҳукумати Карзай бисёр мехоҳад, ки дар соли равон сарбозони хориҷӣ аз кишвар берун шаванд. Ин плони дуюми Карзай аст, ки дар ҳолати нокомии тарафдоронаш дар интихобот "бародарон"-и дигараш Толибонро ба сари қудрат биёварад. Барои Карзай бисёр муҳим аст, ки барои иҷрои ин нақша дар Афғонистон неруҳои хориҷӣ ҳузур надошта бошанд ва Толибон бидуни мушкилот бо ёрии Покистон қудратро ба даст гиранд. Барои ҳамин ҳам Карзай, ҳарчанд Толибон ҷиноятҳои мудҳише алайҳи мардуми Афғонистон мекунанду даҳҳо ва садҳо бегуноҳро мекушанд, вале онҳоро бародар мехонад ва аз кушта шудани баъзе он мурдорон азо мегирад, вале парвои кушта шудани кӯдакони маъсуму сарбозони далери кишвар надорад. Ин раиси ҷумҳур то имрӯз боре ҳам ба ҷанозаи онҳое, ки аз дасти Толибон кушта шудаанд, нарафтааст ва ҳатто ба хонаводаи онон ҳамдардӣ ҳам накардааст. Карзай хеле хуб медонад, ки барои иҷрои нақшаҳои шумаш пеш аз ҳама ҷомиаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла неруҳои байналмилалӣ халал мерасонанд ва Толибон ҳастанд, ки бо ёрии онҳо метавонад, дар ҳолати шикаст ҳам боз аз об хушк барояд ва қудратро бо ёрии "бародаронаш" ба даст гирад.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи Афғонистон ва сиёсатҳои зиддимардумии Карзай яке аз сиёсатмадорони номдори тоҷики Афғонистон Амрулло Солеҳ, ки замоне раиси амнияти кишвар буд, чанд руз пеш гуфт, ки агар неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун шаванд, ҳукуматро Толибон ғасб хоҳанд кард. Агар Худо нахоста чунин шавад, ин боз оғози тоҷиккушӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолати асримиёнагӣ ва аз байн бурдани фарҳангу забони мо дар Афғонистон мегардад. Бояд бидонист, ки то имрӯз ҳам аз дасти Толибон даҳҳо бузургонамон монанди устод Бурҳониддини Раббонӣ, генералҳо Довуди Довуд, Мавлоно Саидхелӣ ба шаҳодат расиданд ва ин куштори занҷираӣ то ҳол идома дорад ва ба навиштаи баъзе нашрияҳои тоҷикони Афғонистон моршол Фаҳимхон ҳам аз дасти душманони тоҷикон заҳр хӯрда ба ҳалокат расидааст. Бояд аз ёдамон наравад, ки вақте Толибон бо ёрии Покистон 85 дарсади Афғонистонро забт карда буданд, танҳо шери Панҷшер Аҳмадшоҳ Масъуди бузург, ин тоҷики абармард буд, ки муқобили он ваҳшиён ҷангид ва дар охир бо ёрии неруҳои байналмилалӣ ва сарбозони Эътилофи Шимол Толиб ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Боз ёдамон наравад, ки Толибон он солҳо ба ҷуз тоҷиккушӣ ва қатли оми мардуми бегуноҳ ҳамчунин бузургтарин ёдгории ниёгонамон ду бути бузурги Бомиёнро ба хок яксон карданд...

Агар бори дигар Толибон ҳукуматро ба даст гиранд, ваҳшонияти бештар аз пештар хоҳанд кард ва дар Афғонистон на танҳо рӯзи тоҷикон, балки тақрибан ҳама мардуми ғайиафғон( ғайрипаштун) сиёҳ хоҳад шуд. Барои ҳамин ҳоло ҳам вақт аст, ки бояд то интихобот коре кард, ки ба суди тоҷикони Афғонистон ва дурнамои онон бошад. Яъне, бояд аз дастаи интихоботии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ пуштибонӣ кард, то як ҳукумати мардумӣ дар Афғонистон рӯи кор ояд, ки ин пеш аз ҳама, ба суди тоҷикон ҳам хоҳад буд. Сониян ҳукумати Тоҷикистон бикӯшад, ки то ором гардидани вазъ ва рӯи кор омадани ҳукумати мардумӣ ва неруманд гардидани ниҳодҳои амниятиву неруҳои мусаллаҳи кишвар дар Афғонистон неруҳои байналмилалӣ боқӣ бимонанд. Чунин бархурди воқеъбинона, яъне пуштибонӣ аз дастаи интихоботии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва дар Афғонистон то замоне боқӣ мондани неруҳои байналмилалӣ ба суди ҳама мардуми кишвар ва аз ҷумла, ба суди тоҷикон ҳам ҳаст ва ин омилҳо имкон хоҳанд дод, то фардо тоҷикон дар ин кишвар ҷойгоҳи хубе дошта бошанд ва Афғонистон низ бо роҳи демократӣ пеш равад, на дар ин ҷо боз ҳукумати қабиласолорон ҳукмронӣ намояд. Тоҷикони одӣ ҳамеша пуштибони дастаи доктор Абдуллоҳ ҳастем ва хоҳем буд ва дар интихобот пирӯзии ӯро мехоҳем ва орзу дорем, ки ҳукуматамон ҳам чунин мавқеи тоҷикона дошта бошад.
Мӯҳр
azamat
Afsona, afsona. Mavqei Rahmon oqilonatar ast, hamchun davlatdor. On chize, ki dar in Jo navishtaand, bardoshti omiyonavu kuchagiast

Хукуматхои чахон барои манофеи милли хамзабононашон миллионхо сарф мекунанд. Ба фикри мо барои Абдуло Абдуллои точик меарзад, ки чониби Точикистон чунин икдом намояд.

Насибҷон Амонӣ, Алма-ато.
Як мегуфти ки ки ин насихатро ба ту кардааст ягон Узбак е ки Казок.
Бародар аз он тарафи пардаи сиесат бархурдор бош.

Точикварз
Сиёсати кишвари Точикистон вокеъан хеч-гох-сиёсати-манфиатхои-точикон-дар-минт
ака-ва-худи-точикони-дохил-нест-набуд
ааст-ва-нахохад-шуд!Сиёсатро-аз-узбакони-ха

Durud bar Shumo Nasibjoni aziz. Komilan hak ba jonibi Shumost. Karzay va Ahmadzay bozichae dar dasti khadamoti josusii Pokistonand. Navishtai banda rojeæ ba in mavzu dar shumorai ojandai "Millat" AZIZ

Abdulloh
Voy bar shumo ! Namebined ki quvvahoi xoriji dar doxili Afgoniston ba chi kor mashguland? Inqadar qatlu kushtore ki hukumati shuravi va amriko kard kuri ki namebini? O ana hamin al- qoidae ki meguyi zamone az jonibi amriko tashkil shuda mablag guzori meshud! Tu injo ba gushi mardum afsona mexoni?

Сорбон
Бисер маколаи бемантику кудакона!!!!

хамаи талошхо бефоида аст.. Кабилаи пуштунхо чи дар афгонистон ва чи дар покистон кушиш ба харч додаистодаанд ки давлате бо номи пуштунистон бисозанд бо ёрии толибон
гумон мекунам абдуло абдуло маглуб мешавад ...

Рустам
Ба сари кудрат овардани точикон ё худ форсзабононро Эрон карда метавонад. Аз дасти ин точик чизе намеояд. На дипломати хирфайи дораду на сиёсатмадори варзида... Онхо хастанд, вале бечорахо дар паскучахо гаштиян.

Абумухаммад
"Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд"... хайрон мешавӣ, ки муаллифи мақоларо дар ин ҷумла чи нигарон карда бошад... Мардуми афғон, дар воқеъ, билохира, бояд тақдири худро ба дасти худ бигирад. На он хеле, ки алҳол иттифоқ афтодааст, яъне ҳузуру таъмини амният аз ҷониби нерӯҳои байналмилаӣ, таҳвили ғояву ақидаҳо аз берун (хоҳ аз Амрико, хоҳ аз Аврупо, хоҳ аз Покистон). Ба фикрам, манзур ҳамин аст аз суханони Президент. Баъд аз хотир набояд баровард, ки Афғонистон на танҳо ватан барои тоҷикҳои он кишвар аст, балки дигар қавмҳо низ он ҷо зиндагӣ мекунанд. Тоҷикони Афғонистон аз дастгирии Тоҷикистон бархӯрдоранд, лекин муносибатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон низ аз манфиат холӣ нестанд, баръакс, ҳар ду кишвар аз ин ҳамкориҳо суд ба даст меоранд. Фикр мекунам, муаллиф каме фарохтар бояд назар мекард ба мавзӯъ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)