Бахшҳо

Эрон Муҷониро ҳамчун сафир ба Душанбе мефиристад?

Бархе аз манобеъ мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ, Сайид Алӣ Муҷонӣ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин хоҳад шуд. Муҷонӣ 45 сол дошта, фориғуттаҳсили Донишгоҳи озоди исломии Эрон мебошад.

Ӯ дар гузашта ба ҳайси намояндаи сафорати Эрон дар Фаронса ифои вазифа намуда, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва арабиро медонад. Муҷонӣ донишманди улуми сиёсӣ ва таърих буда, муаллифи чандин мақолаҳои илмию беш аз 15 китоб, аз ҷумла “Бозсозии таърихи фаромӯшшуда”, “Нахустин Қиблагоҳ”, “Суруди аҳли Бухоро”, “Паймони миллат” ва “Мероси исломии мо” низ ҳаст. Ба қавли манбаи мо, ӯ инчунин бо фазо ва вазъияти Тоҷикистон хуб ошно мебошад.

Эрон яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки нахустин шуда истиқлолияти Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри гузашта эътироф карду беш аз 20 сол аст, бо Душанбе равобити хуби дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар баробари Русия ва Чин яке аз шарикони стратегӣ ва сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо бо сари қудрати омадани Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури феълии Эрон тӯли беш аз 6 моҳ аст, Теҳрон дар Душанбе сафир надорад.

Масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон далели холӣ мондани курсии сафирии ин кишвар дар Душанберо ба ташкилшавии ҳукумати нави худ рабт медиҳанд. Аз соли 2007 ба ин сӯ, ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ифои вазифа мекард, ки бино бар сабаби тамом шудани ваколати дипломатияш дар ибтидои моҳи октябри соли 2013 аз ин симат канор рафт. Дар асл маъмурияти Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфт, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид карда буд.

Ҳоло сарпарастиии сафорати Эрон дар Душанберо Сайидмаҳмуди Садрӣ бар уҳда дорад.
Мӯҳр
тоҷ
агар турк боша сафир мешава чун сиёсати эрон тавре аст, ки дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳатман бояд сафиронаш турк бошанд

Это очень хорошо

Добрая весть
Мохаммад

Хонанда
Салом, Озодагон. МУЧОНИ хато аст. Агар аз вожаи МАЧЧОН - РОЙГОН бошад, бояд МАЧЧОНИ (бо ду "ч") навишта шавад. Вале агар аз вожаи МАВЧ бошад (ки эхтимолан хамин тавр аст), бояд МАВЧОНИ навишта шавад. Эронихо маъмулан хангоми талаффузи хама гуна харфи "вов"-и маскуна (сокиндор, бехаракат), кабл аз он харакати "замма" ("у") мегузоранд. Мисол: мууч (мавч), дуур(давр), фуур(фавр), суур(савр), шуук(шавк), зуук(завк)..... Пас ин чаноб хам бояд МАВЧОНИ бошад дар талаффузи точикона ва форсиёнаи дуруст, на лахчаи шикастаи техрони. Шуморо эхтимолан хамин тарзи шунидаатон аз расонахои эрони ба иштибох андохтааст. Мутаассифона сайти точикии " Би-Би-Си" аз ин гуна иштибоххо хангоми баргардон аз форси пур аст. Бечора Англия намедонад, фунтхояш бархадар мераванду точик максадхои истеъморгаронаашро нафахмида мемонад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)