Бахшҳо

“Парвоз”-и нархи картошка ва ҳисоботи “осмонӣ”-и Қосими Раҳбар

Нилуфари КАРИМ

Нархи як кило картошка дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон аз 2,5 сомонии як ҳафтаи қабл то ба 4,5 сомонӣ боло рафтааст. Бархе аз тоҷирони бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе сабаби гарон шудани нархи картошкаро ба коҳиши воридот аз Покистон рабт доданд.

Ба қавли онҳо, ба далели интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон воридоти картошка аз Покистон кам шудааст. Аммо тоҷирони бозори “Шоҳмансур” дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодагон” болоравии нархи картошкаро мавсимӣ гуфтанд. Як савдогари ин бозор гуфт, “картошка кам мондааст. Картошкаро барои тухмӣ зиёд мехаранд ва як сабаби гарон шуданаш ҳам ҳамин ҳаст. Ҳамасола дар ҳамин мавсим нархи картошка боло меравад. Ба наздикӣ боз арзон хоҳад шуд.”

Картошка баъд аз ғалладонагӣ, дувумин маҳсулоти серистеъмол дар Тоҷикистон мебошад ва онро “нони дувум” ҳам меноманд. Гароншавии нархи ин навъи маҳсулот дар ҳолест, ки Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд.

Ӯ аввали соли равон таъкид карда буд, супориши президенти кишвар барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. “Дар соли 2013 як миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд”,-таъкид дошта буд Қосими Раҳбар.

Бар асоси иттилои расмӣ, талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
хисом
як бародаре ки ронанда аст ва хорич картошка меорад гуфта аст ки аз мар бо афгонистон манъ кар дананд

Исфараги
Нишондоди захирахои картошка аз тарафи касымов ХЕЛЕ бардуруг буда камаш 10 маротиба зиёд карда нишон дода мешавад.Барои хамин дар ними сол картошка тамом мешавад.Падари ман дар яке аз хочагихои дехкони кор мекард ва аз руи суханхои у доиммо раис барои хисобот шуда аз ХАВО ба номи аъзоёни хочаги ВЕДОМОСТЬ мекард,ки гуиё онхо 2-3 тоннаги картошка барои худ ва фуруш хосил гирифтаанд.Дар асл бошад 1 кг хам нагирифтаанд.Аъзоёнги хочаги 300 нафар..акнун зарб занед 300Х3000КГ=9млн тонна..Ин танхо дар як хочагии дехкони...Дар ЧТ даххо хазор чунин хочагихои дехкониву фермери вучуд доранд.Тамоми хисоботи хуцкумати Рахмон аз хамин хел цифрахои БАРЗИЁДИ дуругин иборат аст.

kosimuf kani kartoshkahoi vatan guftagihat???

Фирдавс
Хама вазирон президентро дуруг мегуянд. Афсус, ки ягон дилсуз нест, то ки дар гуши раисичумхур бигуяд, ки "дуругт меган, э бача"

Расул
дар ватан дуруггуйи авч мегирад ..Фаттох Саидов кучоро нигох мекарда бошад.. Анна чои кор , мархамат тафтиш кунед.Ин омори бардуруги Косими Рохбар аз тачовузи Зайд Саидов дида вазнинтар аст ..

Шумо бародари исфараги аз Косим Рахбар хам дуруггутар будаи Дуругхам як хаду меъер доштагист бо ин дуругхоят Хукумати дуруггуйро хам дар хайрат гузошти Мактаби дуругини шумо боиси омузиши хамачонибааст

омор
круговая порука. хама мансабдорон 100 фоиз дуруг мегуянд. ва президент инро хуб медонад. хай дигар чи кор кунанд. 23 сол ягон натича нест. бо дуруг хукмрони доранд

картошкачон
Косим дар хиллаву найранг ва дасисаву хушомадгуи устухон надорад, дониши казои надорад, сектори кишоварзиро чазир кард.

Вақте иҷборан ҳамаи мардҳоро, ва як идда занҳоро низ, ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристанд, ки вазъи кишвар аз бекории мардум муташаннуҷ нашавад, пас касе намондааст, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор кунад. Ин шармандагӣ аст, ки тоҷикон маҳсулоти кишоварзиро аз хориҷ ворид бикунанд. Ҳамин ҳозир як хасро ба замин партоед, як ҳафта пас месабзад. Бо ин офтобу обу ҳаво аз камбуди маҳсулот нолидан, мардумфиребие беш нест.
Модоме Тоҷикистон давлати саноатӣ набошад (ҳеҷ буда гоҳ наметавонад), аграрӣ набошад, ҷорводорӣ набошад, пас чӣ гуна давлат аст? Пас, Тоҷикистон аз кишвари Тибет, ки дар баландии монанди кӯҳҳои Помир ҷойгир аст, чӣ фарқ дорад? Ҳама чизро одам месозад. Як ба мардуми Япония нигаред. Дар умқи заминашон заррае канданиҳои фоиданок нест. На нафту газ, на тиллову нуқра, на сангҳои арзишманд. Ҳеч чиз! Чандон обу ҳавои мусоид ҳам надоранд. Вале бо заҳмати шабу рӯз ва интизоми сангинашон кишвари хешро ба дуввумин давлати мутараққии дунё табдил додаанд. Мо бошем, ҳар як чизу ночизро баҳона оварда, менолем, дурӯғ мегӯем, фиреб мекунем, медуздем, ғасб мекунем ва ғайра, ва ҳоказо. То ба кай? Шарм намедоред, ай мардум?

Исфараги
[b]Кардинал[Кардинали сиёх дурусташ 900 тона,ман факат ба чои 900 млн кг, 900 млн тона гуфтам.Дигар ХАМА СУХАНХОЯМ хаканд,Аллох шохид.лекин шумо ба фикрам яке аз курмушхои хукуматиед.ё ягон шестеркаи косимов.

[b]Кардинал[/b],
мактаби косалесии ту низ боиси омузиши хамачониба аст.косалесиву ба дарачаи олиаш расонди.

Омор меген? Омораш ин статистика нест? Русские говорят: Есть лож потом наглая ложь а потом статистика...... так что бародаро омор ин худаш дуруги холихай.

Хой исфараги туро Худо не, 2Х2 занад ки математикаро хор карди бо калаи пусидаад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)