Бахшҳо

Кабирӣ парванда алайҳи хонаводаашро “сирф сиёсию супоришӣ” хонд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи бознамудаи Оҷонсии зидди фасодро нисбати бозори “Саховат”-и шаҳри Турсунзода, ки ба хонаводаи ӯ тааллуқ дорад, “сирф сиёсӣ” хонд.

Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, бозори “Саховат”, ки ба хонаводаи Кабирӣ тааллуқ дорад, ба далели камбудӣ дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад.

Аммо Кабирӣ дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 2-юми апрел дар шаҳри Турсунзода баромад карда, парвандаро “супоришӣ, сиёсӣ ва ноодилона” хонда, таъкид кардааст, ки он ба ягон мантиқ рост намеояд: “Як чиз барои ман ва хонаводаамон ошкор аст, ки агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони дифоъу ин додгоҳ, ҳатто сарқонун дигар кумак намекунад.”

Кабирӣ гуфт, қаблан тасодуфан ба дасташ санади имзокардаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба мақомоти андоз ва Агентии зиддикорупсионӣ расидааст, ки дар он номи чанд корхонаи тиҷоративу истеҳсолиро овардааст, ки бояд санҷида шаванд: “Ҳамаи ин корхонаҳо ба аъзои хонавода ва хешу табори ман тааллуқ доранд. Пас маълум мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ин корхонаҳои мавҷуда дар ноҳияҳои гуногун ва мутааллиқ ба афроди гуногун танҳо ба хотири наздикии соҳибонашон ба ман мебошанд. Ба ибораи дигар, ман сабаб гаштаам, ки хешовандони ман мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар аз ҳаққи тиҷорат ва соҳибкорӣ маҳрум шаванд. Яъне, онҳо наметавонанд соҳиби молу мулке ва шароити беҳтари зиндагӣ бошанд ва бояд барои наздикӣ бо ман ҷазо бикашанд.”

Кабирӣ аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки маҳз бо хоҳиши ӯ хешовандонаш тиҷораташонро аз Русия ба Тоҷикистон кӯчондаанд. Мушаххасан дар бораи бозори “Саховат”-и Турсунзода Кабирӣ афзудааст, ки он ба писари аммааш тааллуқ дорад, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҷалб шудааст: “Барои осон шудани кор ва боварии ҳамагон, бозорро дар номи ҳамсари ман, Раҳматуллоева Мастура сабт кардем ва директори бозор яке аз писарони аммаам таъйин шуд. Имрӯз онҳо ҳақ доранд аз ман бипурсанд, ки чи шуд он замонатҳои додашуда, ки тоҷикон ҳамдигарро бахшидаанд ва дигар барои андешаҳои сиёсӣ инсонҳо таъқиб намешаванд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳеч кадоми онҳо ба сиёсат сару кор надоранд ва танҳо аз пайи зиндагии хеш мебошанд.”

Кабирӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ дар хитоб ба раисикунандаи парванда гуфтааст, “ин бозор 15 сол боз кор мекунад ва агар камбудие дар санадгузории он бошад, пас тибқи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати даъво аз тарафи мақомот ё шаҳрвандон кайҳо гузаштааст ва инро ҳар як ҳуқуқшинос медонад. Муҳлати ҳадди аксари даъвои иқтисодиро қонунгузор се сол муайян кардааст. Ҳол он, ки дар байн чандин санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афви молу мулк аз соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи моддаи 7, амволи то лаҳзаи қабули қонун мавриди хариду фуруш ва соҳибмулк қарор гирифта, дар сурати набудани даъвои судӣ то қабули қонун мавриди афв қарор мегирад.”

Кабирӣ илова кардааст, ки “агар қарори суд Худое накарда ба гирифтани моликияти мо содир карда шавад, на як шаҳрванд, балки садҳо шаҳрвандон бо айби мақомоти давлатӣ зарари молӣ ва маьнавӣ мебинанд, ки барои давлати иҷтимоӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ муносиб нест, зеро дар ин бозор бештар аз 700 соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом чандин нафари дигарро мехуронанд.”

Дар муроҷиат ба суд Кабирӣ илова намудааст, ки “агар ҳукми гирифтани моликияти моро ҳам содир кунед, аз шумо ва низоми судии кишвар гиламанд нахоҳам буд. Чун мушаххас аст, ки қарор дар он сурат сиёсӣ хоҳад буд, на ҳуқуқӣ. Ҳукми гирифтани моликияти мо танҳо дар як сурат метавонад содир шавад ки агар супориши қатъии мақомоти баланди давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин сурат шумо илоҷе дигаре надоред. Дигар ягон далел вуҷуд надорад. Ин ҳамаро аз фаъолияти сиёсӣ ва мавқеъи шаҳрвандии худ медонам. Эътиқод дорам, ки ризқро Худованд медиҳад ва бо гирифтани моликияти мо касе таъсир болои мавқеъҳои шахсии мо расонида наметавонад. Ҳеч тағйире дар мавқеъҳои мо нахоҳад буд.”

Раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “агар ҳадафи мо моликият мебуд, мисли дигарон хушомадгуйӣ мекардем, вале тули фаъолияти соҳибкориам танҳо ба хотири истиқлолияти иқтисодии хеш ва наздиконам фаъолият доштаам. Бо доштани имконият, ҳанӯз ҳам бо ҳафт фарзанд дар хонаи сеутоқа зиндагӣ мекунем, вале даҳҳо варзишгару адибу донишҷуёнро, шукри Худованди карим тавонистем кумаки молӣ намоем.”

Дар ҳамин ҳол мурофиаи навбатии парванда нисбати бозори «Саховат»-и Турсунзода, 10-уми апрели 2014 таъин шудааст.
Мӯҳр
Ё Аллох чи гуна бандаи солех дори Бо 7 фарзанд дар хонаи сеутока зиндаги доштаст....зик нашавен Аллох Бо мост устод

Joni
Зайд Саид буд шид аку навбати Кабири омад чи бало ? Худо дасти золимонро нотавон гардонад.

Точик
Ба Чаноби Кабири мегуям ки замони хичрат фаро расидааст. Ва у бояд тарки Точикистон кунад. ва аз берун ба ин ноадолатихо мубориза барем. Дигар маълум ки инхо кишваро ба тамом хонаводаги мекунанд.

бандаи худо
инналлоха маа собирин.устод гамгин мабошед Худо бо мост!

Abdulloh
shumo chi jinoyate kaden siyosish meshumoren khutonaa az konun bolo medonen ika korkhonavu bozor az kujo janobi kabiri inash malumast hamai on korkhonaho molikiyati shumost banomi kheshu tabor sabt shudagi ...biznesmen dar niqobi siyosatmadori islomi ajabooooo

Иброхим
Устоди азиз Кабири Худованд ба Шумо сабру токат ато кунад.

МУСАЛМОН
Ака хаму бозор аз сарашон бесохиб мона бтеша бугу иншам моли мегардит хута гамдода ин миллат ба акадри андешахои истиклолхохи шумо намерасад бумоншона бра хорича бху бгард ин кавм бо ин рохаброшон мутахаманд дар ин дунёву охират....

Хайрулло
Abdulloh, Ин шерои нар ранги хочагони шумо дузди накардиян бародар причом инча ислому тичорат кош хаминхели мусалмони мисли Кабири акалан дахто медоштем. О бозор доштан чи чои чиноят аст?Зайда гуфтен ки замони Вазириаш аз мансаб суистифода кардааст о и мрдак як соатхам вазифаи давлати надошт. Аз кучое ки ёфтааст сарват чам кардааст кандаша занад мухим миллат ва мардуми точикро горат накардааст....

Ин ҳукуматдорони мо мехоҳанд фақат фарзандонашон бозорҳои Тоҷикистонро соҳибӣ кунанд. Бинед Зайд Саидовро чи кор карданд? Умаралӣ Қувватовро чӣ? Акнун навбати Кабирӣ. Бовар кунед дар ин Тоҷикистон ба ҷуз фарзандонашон касе наметавонад кор кунад. Инҳо ба номи ободии кишвар барои худашон қаср сохтаистодаанд халос.

Овора
Точик,
хадди акал оматро иваз кун!!!
ин чи миллати шарманда, мазлум ва гулом аст, ки камтар зураш омад бояд хичрат кунад???? то кая хичрат??? 22 сол шуд баргард ако!!!
ин миллати тарсу

ТАК ЧТО УСТОД САГИ ГУРУСНА НАМЛА КАРД ТО ЯК ПОРА ГУШУТУ ПУСТ НАТУКОНИ МЕГАЗАД..
ХУДОВАНД БАР ШУМО САБРИ ЧАМИЛ ДИХАД УСТОД КАБИРИ

in kabirivu zaid hamai tojikistona xaridanku.ana gap dar kujo.

Не представляю что будет после того как Кабири тоже уберут, останется только Зойиров и все, а все остальные тааак марионетки, конкуренция 100% спадет, нас будут гнать как феодалы фермеров как 8 веке...хех. за державу обидно

rustam
bovar knen ya kabiri kati zayd ika molikiyat doshtiyan mardumi bechora fand kada gashtiyan siyosat bozishon fakat baroi biznesoshonay yagom kas dar fikri khalk nest ya fikr knen daa barodaroo

Кабири мардум бо туст.))))))))) . Гузашт он даврае ки мардумро аз чанг метарсондед. Холо насли нав талаботу имкониятхои куллан дигарро дорад. ЭХТИЁТ шавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)