Бахшҳо

Табаров ҷузъиёти мусодираи корхонаҳои Зайд Саидро ифшо кард

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъ, ки ҳимояи ҳуқуқҳои Зайд Саидов ва хонаводаашро дар парвандаҳои иқтисодӣ ба дӯш дорад, дар суҳбат бо Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” ҷузъиёти ин парвандаҳоро ифшо кард:

Озодагон: То имрӯз чанд парвандаи иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва бо чӣ анҷом ёфт?

И. Табаров: “Додгоҳи иқтисодии Душанбе чор парвандаи иқтисодии марбут ба зерҳимояи мо –Зайд Саидов ва хонаводаашро мавриди баррасӣ қарор дод. 7-уми март қарори додгоҳӣ нисбати дӯкони “Модная точка” баромад. Соҳибмулки нахустини ин фурӯшгоҳ хонаводаи Зайд Саидов набуд. Саидаҳмад Халифаев ин маконро харидорӣ намуда, сипас молики он Хуршед Саидов, яке аз писарони зерҳимояи мо шуд. Додгоҳ қарор баровард, ки аз ҳисоби Саидаҳмад Халифаев ба Хуршед Саидов, писари Зайд Саидов 60 ҳазор сомонӣ руёнида шавад ва ин макон дубора ба ҳисоби давлат баргардонида шавад. 27-уми март мурофиаи додгоҳӣ аз рӯйи корхонаи “Тоҷикмармар” буд. Додгоҳ бо даъвои оҷонсии мубориза бо фасод қарор баровард, ки ин корхонаи хусусӣ шудааст, ба ҳисоби давлат баргардонида шавад. Мо аз натиҷаи ҳукми додгоҳ ҳатман шикояти касатсионӣ хоҳем бурд, чунки зерҳимояи мо ин корхонаро ҳанӯз замони дар муҳоҷират қарор доштанаш харидорӣ ва хусусӣ кардааст. Гузашта аз ин, Зайд Саидов аввал танҳо 50 дарсади корхонаи мазкурро дар ихтиёр дошт, ки баъдан бо хоҳиши масъулин 50 дарсади дигари онро харидорӣ кардааст. Мурофиаи додгоҳии мазкур камтар аз ним соат давом ёфт. Мо аз раисикунандаи парванда дархост карда будем, то дар рафти мурофиа соҳибмулк –яъне Зайд Саидов шахсан пурсида шавад. Додгоҳ барои мо ваъда дод, аммо ин парванда бе ҳузури Зайд Саидов баррасӣ гардид. Мо аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастем. Танҳо барои харидорӣ намудани таҷҳизоти итолёвии муосир Зайд Саидов ҳудуди 2 милион доллар сарф кардааст. Ҳоло бояд ҳалномаи додгоҳиро бигирем. Ба мо гуфтанд, ки ҳалномаро баъди 5 рӯз дастрас хоҳем кард. 31-уми март додгоҳи Тоҷикистон бинои се ошёнаи воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералиро мусодира намуд. Ин биноро дар соли 2003 шаҳрванд Саидаҳмад Мирзоев бо маблағи 58 ҳазор сомонӣ дар рафти баргузории музояда харидорӣ ва хусусӣ мекунад. Баъд бинои мазкурро, ки аслан дару тиреза ҳам надошт, соли 2006 Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов гирифта, бозсозӣ мекунад ва онро аз бинои дуошёна ба сеошёна табдил медиҳаду ба сифати дафтари корӣ ба корхонаҳо иҷора медиҳад. Аммо додгоҳ қарор баровард, ки ин бино ба ҳисоби давлат баргардонида шавад. 01-уми апрел додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон бо даъвои Кумитаи андози кишвар дар нисбати ширкати “Тоҷсохтмон –Байналмиллал” қарор баровард ва барои пардохти наздики 16 милион сомонӣ муваззаф кард. Даъвои аслии Кумитаи андоз ҳам ин буд, ки гуиё ширкати мазкур андози худро насупоридааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар рафти ду санҷиши худ дар соли 2009 ва 2013 Кумитаи андоз ҳеч камбудиеро дар фаъолияти “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ошкор накарда буд.”

Додгоҳ ин ҳукмро мунсифона мебарорад?

Озодагон: Яъне, гуфтаниед, ки ҳукми додгоҳ ғайримунсифона буд, ба чӣ далел?

И. Табаров: Бубинед, он ширкату корхонаҳое, ки аз Зайд Саидов ва ё хонаводааш ҳастанд, дар рафти музояда харидорӣ нашудаанд. Ҳамаи ин корхонаҳо бо роҳи қонунӣ харидорӣ ва хусусӣ карда шудааст. Ин мурофиаҳои иқтисодии марбути Зайд Саидову хонаводааш ҷанбаи фармоишӣ доранд. Аҷаб нест, агар тақдири ин парвандаҳоро ҳатто пеш аз боздошти Зайд Саидов тарҳрезиву ҳал карда бошанд. Дар воқеъ баррасии ин парвандаҳову натиҷаи он бо ин низоми додгоҳии кишвар кам касеро дар ҳайрат мегузорад. Барои мисол, ҳукми додгоҳӣ дар нисбати корхонаи истеҳсолии “Лаъл”-ро меорам. Ин корхона ҳанӯз, соли 1992 бо риояи пурраи талаботи ҳамаи асноди қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии ҳамонвақта хусусӣ гардонида шуда, танҳо соли 1999 соҳибмулки он Зайд Саидов шудааст. Баъди 22 сол давлат дар симои оҷонсии мубориза бо фасод иддао дорад, ки соли 1992 маблағи хариди корхона гўё саривақт анҷом дода нашудааст. Ин ҷо ба замми мўҳлати тўлонии сипаришуда бояд бигўям, ки маблағи мазкур ҳатто пеш аз мўҳлат пардохта шуда буд ва ҳуҷҷатҳои лозима аз ин хусус мавҷуданд. Ваҷҳҳои дигари иддаои оҷонсии мазкур ҳамин гуна бепояанд ва хуб мебуд худи даъво бе ягон каму костагӣ тариқи расонаҳои хабарӣ ба маърази умум гузошта шавад, то мардум худ бибинаду бидонад, ки бо чӣ ноҳақиву бедодгарӣ рўбарўст. Мисоли дигари ғайримунсифона баровардани ҳукм дар парвандаҳои иқтисодӣ метавонад он бошад, ки мурофиаи додгоҳӣ на бештар аз 20 дақиқа давом меёбаду, ҳукмро якбора мебароранд ва бо ин ҳалномаро ба вакилон намедиҳанд. Додгоҳи иқтисодӣ, дар парвандаҳои мазкур тамоми даъвоҳои оҷонсии мубориза бо фасодро қонеъ намуд. Мурофиа бидуни ширкати соҳибмулк баргузор гардид, ҳарчанд мо талаб доштем. Тарзи баргузории он ҳам ба ҷуз аз риояи расмиёт, чизи дигаре нест. Ба ягон далели муқобили даъво заррае таваҷҷуҳ накарданд.”

Озодагон: Ишораҳо бар он мешавад, ки парвандаҳои иқтисодӣ берун аз доираи қонун ва воқеъият анҷом меёбанд. Барои баррасии мунсифонаи боқимонда парвандаҳо бовар доред?

И. Табаров: “Комилан дуруст ишора мекунанд, ки даъвоҳои Агентӣ ҳеч муносибат ба парвандаҳои ҷиноятии З. Саидов надоранд. Вобаста ба хусусиятҳои қонунгузории мурофиавӣ, албатта. Вале ҳам парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳам истеҳсолоти парвандаҳое, ки суди иқтисодӣ бо аризаҳои даъвогии Агентӣ оғоз намудааст, ҷузъи таркибии ҳамон як сиёсатест, ки ҳадафаш аслан бо ҳар роҳу восита саркўб кардани Зайд Саидов аст. Ва амали густурдаи мақомот низ, ки бо истифода аз ҳама гуна тарзу усул, бахусус расонаҳои хабарии давлатӣ пайваста талош доранд ин шахсро миёни мардум бадном созанд, аз ҳамин сиёсат маншаъ мегирад. Бори дигар мегўям, ки корхонаҳои истеҳсолии мазкур ангуштшумор корхонаҳое дар мамлакат ҳастанд, ки бо риояи тамоми талаботи қонунгузорӣ хусусӣ шудаанд, бо таљҳизоти навтарин муҷаҳҳазанд, боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ гаштаанд, маҳсулоте стандартӣ истеҳсол мекунанд. Ва ҳама гуна иддаову ҳама мурофиае, ки инҳоро нодида мегирад, дар асл мазҳакае беш нест, густохии нописандонаву таҳқиромезест нисбат ба Конститутсияву қонунҳои дигари Тоҷикистон.”

Озодагон: Дар умум чанд парвандаи иқтисодӣ доред, ки он ба Зайд Саидов ва хонаводааш марбут аст?

И. Табаров: “Айни замон дар додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 6 парвандаи иқтисодӣ, ки моҳияташон бевосита ва ё бавосита иртибот ба шахсияти Зайд Саидов ва хешу пайвандонаш дорад, мавҷуд аст. Чор мурофиа баргузор шуд. Тибқи қарор мурофиаи навбатӣ, 2 –юми апрел корхонаи дӯзандагии “Гулистон” ва 4-уми апрел тақдири корхонаи “Табаррук”, ки дар ҷои корхонаи “Электроника-М” сохта шуда, баррасӣ хоҳад шуд.”

Озодагон: Парвандаҳои мазкур дар асосӣ чӣ боз шудаву даъвогари аслӣ ҳам кӣ ҳаст?

И. Табаров:
“Даъвогар аз болои ҳамаи ин парвандаҳо Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аст ва сухан ҳатто аз хусуси корхонаҳое меравад, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ хусусӣ гардонида шуда, соҳибмулки асосиашон ширкат ва ё шаҳрвандони хориҷианд (аз ҷумла ҶСШК «Гулистон», ҶСК «Корхонаи муштараки Тоҷик Азот», «ЧДММ Табаррук»). Чизи аз ҳама ҷолиб он аст, ки амволи мазкур аслан солҳои 1992 -2008 ё хусусӣ гардонида шудааст ва ё пас аз хусусигардонӣ соҳибмулкашро иваз намудааст. Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов соли 1999 ба Тоҷикистон баргашт. Барои фаҳмотар шудани он, ки оҷонсӣ ва ҳатто суд истифода аз кадом тарзу воситаҳоро барояшон илоҷи кор донистаанд, ҳодисаи бо Фахриддин Зокиров шударо метавон мисол овард. Номбурда дар аксари парвандаҳои иқтисодӣ масъулият, яъне намояндагии Зайд Саидов ва хешу пайвандонашро бар ўҳда дошт. Баррасии нахустин парвандаи иқтисодӣ таърихи 7-уми март муаяйн гардида буд, вале шаби 6-уми март Фахриддин Зокиров аз чониби оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуд.

Боздошти вакили аслӣ дар парвандаҳои иқтисодии Зайд Саид


Озодагон:
Ба ибораи дигар, боздошти Фахриддин Зокиров “нақшавӣ” буду ба хотири зуд баррасӣ кардани парвандаҳои иқтисодӣ?

И. Табаров: “Албатта. Онҳо медонистанд, ки Фахриддин Зокиров дар ҳимояи Зайд Саидов бештар бо парвандаҳои иқтисодӣ машғул аст. Ҳеч мақомоте барои якбора боздошт ва маҳкам кардани вакили дифоъ ҳақ надошт. Тибқи қонун Оҷонсии мубориза бо фасод бояд моро огоҳ мекард, то мо як вакили дигарро барои парвандаҳои иқтисодӣ омода мекардем.”

Озодагон: Фахриддин Зокировро чӣ метавонад интизор бошад?

И. Табаров: “Намедонам. Чизе гуфтан мушкил аст.”

Озодагон: Додгоҳ ширкату корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва хонаводаашро ба далели ғайриқонунӣ хусусӣ кардан ва ё риоя накардани ҷузиёте аз қонун мусодира намуд. Метавон гуфт, ки воқеан ин корхонаву ширкатҳо хилофи меъёр фаъолият доштанд?

И. Табаров: “Вақте ин масъала пайдо шуд, мо вакилон ҳуҷҷату аснодеро, ки раванди хусусигардонӣ ва натиҷаҳои фаъолияти корхонаву иншооти дигари хусусигардонидашударо баёнгаранд, омўхтем. Бо роҳбарон ва мутахассисонашон ҳамсўҳбат шудем. Пӯшида нест, ки вақте сухан аз фаъолияти ин корхонаҳо меравад, онҳо дар кишвар ангуштшуморанд, ки тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифода аз техникаву технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба фаъолият пардохтаанд ва на танҳо самти корашонро тағйир надодаанд, балки ба истеҳсоли маҳсулоте машғул шудаанд, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир аст. Метавон гузоришу ҳисоботи зиёди мақомоти давлатиро ба унвони далел истифода кард, ки пешравии ин корхонаҳо аз зумраи беҳтарин дастоварди сиёсати иқтисодии ҳукумати кишвар ҳастанд. Далели дигар метавонад ҷоизаву ифтихорномаҳо ба ин корхонаҳо бошад.”

Парвандаҳои Зайд: Иқтисодӣ ё сиёсӣ?

Озодагон: Коршиносон ишора бар он мекунанд, ки парвандаҳои иқтисодӣ бо ангезаҳои сиёсӣ боз шудааст. Шумо чӣ мегуед?

И. Табаров: “Ман ҳам бар ин ақидаам ва чуноне қаблан изҳор намудам, ин корхонаҳо то қазияи боздошту зиндонӣ гардидани Зайд Саидов бойиси ифтихори мақомоти дахлдор буд. Аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорї идораи амвол ҳамеша ҳангоми ҳисобот аз натиҷаи дилхоҳи хусусигардонии амволи давлатӣ аз ин корхонаҳо ба унвони далел истифода мекард.”

Озодагон: Вале фарзияҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки гуиё парвандаи “сиёсӣ” бо баҳонаи аз худ кардани моликияти Зайд Саидов боз шудааст...

И. Табаров: “Албатта, ҳама ба таври худ шарҳ ва баҳо медиҳад. Мо вакилон дар асоси далелҳои зиёду гуногуни мавҷуд дар парвандаҳо ба ҳамин натиҷа расидем, ки сабаби аслии муносибати мақомот ба ин корхонаҳо ҷуз ҳисси хусумату интиқом аз Зайд Саидов дигар чизе нест. Чун Зайд Саидов иқдоми сиёсӣ даст зад, ҳамаи ин мушкилот пеш омаданд. Вагарна чӣ гуна ҳамаи он қонуншиканиҳо дар муносибат ба шахсияти Зайд Саидов, амволаш ва моликияти наздиконашро метавон маънидод кард? Агар парванда чунин баҳонаҳое надорад, чаро маҳз пас аз иқдоми сиёсии мавсуф хусусигардониву доду гирифти амволи ўву наздикону шиносонашро бо гузашти 10-15 солу ба ёд оварданд? Магар ғайримунсифона будани хулосаҳои додгоҳро он тақвият намекунад, ки натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои зикр шуда, лоиқи таҳсин буда ҳамин мақомоти давлатӣ то ин муддат онҳоро барои кишвар дастовард медонистанд? Ин корхонаҳо пайваста таҳти назорати мақомоти марбута, аз ҷумла худи ҳамон оҷонсиву Кумитаи андоз қарор доштанд, ҳуҷҷату асноди гуногуни санҷишиву таҳлилӣ далели ин гуфтаҳост. Ва ягон эроди ҷиддие, ки тавонад хусусигардониву хариду фурўши корхонаҳоро зери шубҳа бигирад, то ин дам ба назар намерасид. Аммо вақте Зайд Саидов хост вориди сиёсат бишавад, ба ин корхонаву ширкатҳо якбора таваҷҷўҳ карданд. Мо, вакилон барои он муносибати мақомот ба Зайд Саидовро қасосгириву ниқорҷўйӣ маънидод мекунем, ки дар ҳеч кадом аризаи даъвоӣ мушаххасан муқаррароти қонун, ки талаботи даъворо аоснок намояд, нишон дода нашудааст. Агар касеро меъёрҳои тахассусии дарки ин хулосаҳо мушкилӣ пеш орад, осонтарин тарзи баҳодиҳӣ қиёс аст ва метавонад аз худу дигарон суол диҳад: агар корхонаҳои фаъолияташон сармоягузоришудаву муваффақро чунин тарзи муносибати давлат насиб аст, аксари кулли корхонаҳои хусусигардонидашударо, ки вазъашон ҳузновар асту кам нестанд миёнашон ҳамонҳое, ки ҳатто ному нишонашон намондааст, кӣ ба ёд меорад? Таваҷҷўҳ кунед: бо истифода аз ҳамон мантиқи даъво, ки Агентӣ раво дидааст, бе муболиға ба тамоми сиёсати хусусигардонии Тоҷикистон бе ягон душворӣ метавон хати батлон кашид.”

Озодагон: Болотар ишора бар он кардед, ки додгоҳ ҳукми ғайримунсифона мебарорад. Агар чунин аст, пас тасмим ё андешаи даст кашидан аз идомаи баррасии ин парвандаҳоро надоред?

И. Табаров: “Эътимоди мо, ваиклон ва зерҳимояамон нисбати низоми додгоҳии Тоҷикистон баъди ҳукми додгоҳ коста гардид. Вақте бо вуҷуди пеш овардани далелҳо ва исбот кардани бегуноҳии зерҳимояамон, додгоҳи Тоҷикистон ҳукми сангин баровард, мо боварии худро аз даст додем. Барои мо маълум шуд, ки ҳама мурофиаҳои додгоҳӣ танҳо вонамуд кардани риояи расмиёти қонунгузорӣ буда, додситонҳову додрасҳо дар асл фармоиш иҷро мекунанд. Мантиқи мазкур ба парвандаҳои иқтисодӣ низ рабт дорад. Баррасии 4 парвандаи иқтисодӣ марбут ба ин хонавода далели ин гуфтаҳост. Ба ягон ваҷҳи муқобили даъво заррае ҳам таваҷҷўҳе нест, ҳатто намеандешанд, ки ин гуна хорузоркунии адолати судиву қонуну қонуният даҳшат аст, даҳшате, ки рўзе, боварӣ дорам, ҳатман пурсу пос дорад... Ширкати мо дар ин мурофиаҳои иқтисодӣ, аз ин рў, танҳо ва танҳо ба хотири эҳтиром ба қонун асту бас ва ҳаргиз далели эътимодамон ба низоми судӣ наметавонад бошад.”

Амволи Зайд Саидов давлатӣ шуд, акнун чӣ мешавад?

Озодагон: Баъзе коршиносон мегӯянд, ки эҳтимол ҳатто бо ҳабс ва анҷоми парвандаҳои иқтисодӣ фишор ба хонаводаи зерҳимояатон хотима намеёбад. Шумо ҳам болотар қайд кардед, ки баррасии парвандаҳо бештар маънои интиқомгириро дорад. Агар чунин бошад, ба назари шумо сабаби ин “душманӣ” дар чист?

И. Табаров:
“Ба назари ман сабаби фишору мушкилот ба Зайд Саидову хонаводааш ин ба сиёсат ворид шудан ё худ ба корҳои сиёсӣ даст задани Зайд Саидов мебошад.”

Озодагон: Ба назари шумо ба ҳисоби давлат гузаронидани корхонаҳои марбут ба Зайд Саидову хонаводааш бар нафъи давлат хоҳад буд?

И. Табаров:
“Бори дигар ба такрор мегӯям, ки корхонаҳое, ки дар нисбати он парвандаҳои иқтисодӣ боз шудаасту, ҳамакнун қисме аз он ба ҳисоби давлат баргардонида шуд, яке аз муваффақтарин корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон буданд. Фаъолияти ин корхонаву ширкатҳоро худи ҳамин мақомот то имрӯз тавсиф ва қадрдонӣ мекарданд. Ин корхонаҳо яке аз бузургтарин супорандагони андоз ба буҷаи давлат буданд ҳам бигӯем, иштибоҳ нахоҳад буд.”

Озодагон:
Кадом корхонаҳои марбут ба хонаводаи Зайд Саидов аз бузургтарин андоз супорандагон буд?

И. Табаров: “Ҳамин корхонаи “Тоҷик мармар” андози солонаи он тақрибан 500 ҳазор сомониро ташкил медод. Ширкати “Точсохтмон –Байналмиллал” низ ҳамасола дар ҳачми 8-9 милион сомони андоз ва бочи гумрукӣ пардохт мекард.”
Мӯҳр
Чавонмард
Аку аз давлати шудани ин корхонахо ин корхонахоро Худо гирифт бод сафи садхо мухочир зиёд шуд аз як чихат хуб аст сабри мардум лабрез мешавад...

САЛОМ БА ХАМАИ ОЗОДОН ВА ОЗОДАНДЕШОН ХУДОВАНД ХИДОЯТ КУНАД БИНЕД БОЗОРИ ИНОМРО ДОДАРАРУСИ ПРИЗДЕНТ А3 ХУД КАРДАНИ ДАЛЕЛАШ ТОЧИКИСТОН АЗ МОСТ

Бародар Зайд Сайд Худован дуневу охирататро обод кунад ОМИН! Ки ба фикри ман розист ОМИН гуяд дар коментар. Ва дуое бади намоз дар хаки ин абармард кунед!!!

Аз хондани ин гуфтаҳо одамро даҳшат фаро мегирад. Боз баъзеҳо мегӯянд, ки "РУССИЯ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ФЕОДАЛИЗМ БАРОВАРД!" Он чӣ дар мамлакат рӯй дода истодааст айнан муносибати феодалист. Аз феодализм як қадам ҳам дур нашудаем. Фақат ба ҷои қозиву амирони кӯҳнаву салладор, амирони костюму галстукдор пайдо шудаанд. Маҳаллу қабилабозӣ, ғасби молу мулки мардуми мусалмон, таҳдиду тарсу ваҳм, мурофиаи ғайриодилона. Ин аз чӣ далолат медиҳад? Ба мо рушди демократӣ намерасад. Демократияи модели кишварҳои Ғарб. Бибинед, дар кишвари Италия собиқ сарвазир Берлусконии 76соларо (шахси якӯми Италия) барои напардохтани андоз суд ба се сол корҳои ҷамъиятӣ маҳкум кардааст, мурофеъа ҳанӯз замони сарвазириаш оғоз ёфта буд. Оё ин чиз дар мамолики пасошӯравӣ имконпазир аст? Бештар ЕВРОНЮСро тамошо кунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)