Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 01:39

Мусодираи "Электроника М", корхонаи дигари Зайд Саид

3 апрел 2014, 12:43

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе, субҳи имрӯз, 3-юми апрел дар як мурофиаи нимсоатӣ бинои ҶСК “Электроника М”, воқеъ дар кӯчаи Айнии Душанберо, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик марбут аст, мусодира намудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки қарори додгоҳ бо даъвои Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон бароварда шуд: “Даъвои оҷонсӣ ин буд, ки гуиё замони хусусӣ кардани ин бино, қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2003 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба номгуйи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки саҳмияҳояшон дар тендерҳои инвеститсионӣ пешниҳод мегарданд, риоя нашудааст. Аз ин хотир додгоҳ қарор баровард, ки санади харидуфуруши ҶСК “Электроника М” бекор дониста шавад.”

Ба иттилои Исҳоқ Табаров дар бинои мазкур корхонаи муштараки Эрону Тоҷикистон оиди истеҳсоли нушокиҳо - “Табаррук” ҷойгир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи “Табаррук” ба Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва боқимонда 50 фисади саҳмияҳо ба Алиризои Бустонӣ, cоҳибкори эронӣ тааллуқ доштааст.

Маврид ба зикр аст, ки давоми 1 моҳи охир додгоҳҳои Тоҷикистон нисбати 6 корхонаи марбут ба Зайд Саидов ва хонаводааш - фурӯшгоҳи “Модная точка”, “Тоҷикмармар”, бинои воқеъ дар хиёбони Лоиқ Шералӣ, “Тоҷсохтмон-байналмиллал”, “Гулистон” ҳукм бароварда, ҳамаи ин корхонаҳоро ба ҳисоби давлат мусодира кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хукукшинос

  • 3 апрел 2014 13:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуне чархи фалак аст. Рузе боз чизхои дигарон хам мусодира мешаванд.
Посух додан
  • хамон

  • 3 апрел 2014 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамингуна талаву торочи сохибкорон дар Шахритус аз чониби шахсони №1.
Халк барк надораду инхо бошанд дар фикри лукмаи тайёр.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дарёб диле, ки неъматат х,аст ба даст,
Ин давлату мулк меравад даст ба даст!
Посух додан
  • Пурсанда

  • 3 апрел 2014 15:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хисоби давлат ё каси дигар?Баъд аз чанд вакт мебинед ин корхонахо хатман сохиби нав пайдо мекунанд
Посух додан
  • Darvesh

  • 3 апрел 2014 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
vobshe guzarondi!!! Skora solhoi 92 takror meshavad.
Посух додан
  • Nomus

  • 3 апрел 2014 16:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
az rui adolat, pesh az baho dodani in amali hukumati, boyad avval donist, ki hamai in mukli yakh shakhs, bo kadom vosita khususi gardonda shudaast? ba hamagon malum ast ki, khususigardonie ki dar tojikiston amali meshavand, 99% biduni qoidahoi jori tashkil shudaand. daromadi in andoza ham dar tojikiston az rui tijorati odilona amri mahol ast!!!!! agar bo deg shined, chi khel shumo safed memoned? ba in savol javob dihed, khonandagonu jurnalistoni giromi. siposguzoram!
Посух додан
  • П

  • 3 апрел 2014 19:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин мардака фарзандашам мусодира кунед !!!!!!!! кай сер мешуда бошанд!!!!!!
Посух додан
  • самад

  • 3 апрел 2014 21:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шармандаги халки бесорара мондасти бгире ...
Посух додан
  • адолатпарвар

  • 4 апрел 2014 00:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ГИРЕТОН!ГИРИФТАН ГИРЕТОН! ИН РЕЖИМ ШАРМАНДА МЕШАВАД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Саидов туям як ними Точикистона харидику. Аз кадом хисоб? Боз худата мисли мусичаи бегунох мегири? Занакхо мегуянд, ки Зайд Саидов нав чояшро ёфт.
Посух додан
  • Sino

  • 4 апрел 2014 06:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Nomus,
Номус беномуси накун!!! Охир он чи ки аен АСТ, хочат ба баен нест! Як бор андеша кун !!!! Е хаму бозори Шахритуса ба ту доданиян!!! Кушиш мекуники сафед куни !!! Чи лозим лагандбардори!!! Хакиката ту намебини Худованд дида истодааст ку!!!!!
Посух додан
  • ба Точик

  • 4 апрел 2014 09:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
точик,
мегум хохар худут то инхад одама беинсофаша надида будам. худо кунад 1 руз азоби Зайда каши то фахми чихо мегуи!
Посух додан
  • Пирмахмад

  • 4 апрел 2014 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукумат кадом ///// Зайдро далати эълон мекунад, чун аз поруяш истифода бурда мешавад!
Посух додан
  • tojik

  • 5 апрел 2014 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародаро ман якчиза нафахмидам, охир ин акаи Зайдам неки якчи кор карда будаст да рузе надаром ба хамин сайт як чизша гирифтан о ин чизо аз кучо бошад? Мехнати халол кати мардум хона харида наметавонад ин акам дар хар як кучаи Душанбе як биноро гирифтаст, бе шамол дарахт намечунбидаст мегуянд рост будаст

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!