Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:00

Мақомҳои нави Ахметов ва Масимов

3 апрел 2014, 12:53

Серик Ахметов вазири дифои Қазоқистон таъйин гардид. Ӯ аз моҳи сентябри соли 2012 ба ин сӯ, симати сарвазирии кишварашо бардӯш дошт.

Ахметов 66 сол дошта, зодаи вилояти Қарағандии Қазоқистон мебошад. Ӯ дар гузашта дар симатҳои шаҳрдорӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, муовини сарвазирии Қазоқистон ифои вазифа кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, бо фармони Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон Карим Масимов сарвазири ин кишвар таъйин шудааст. Масимов аз соли 2007 то моҳи сентябри соли 2012 дар ин симат низ кор кардааст. Ӯ то кунун раҳбарии дастгоҳи раисиҷумҳури Қазоқистонро дар ихтиёр дошт.

Дар акс Ахметов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!