Бахшҳо

Ҳимояти рустаборони Тоҷикистон аз пайвастшавии Қрим ба Русия

Рустаборони вилояти Хатлони Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз пайвастшавии Қрим ва шаҳри Севастопол ба Русия ҳимоят кардаанд.

Рустаборони вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки гурӯҳи экстремистӣ дар Украина талоши ҳал кардани тақдири бародарону хоҳарони русро дорад. Рустаборони Хатлон гуфтаанд, ки шаҳри Севастопол рамзи баҳрии ҷасорати мардуми Русия буда, сокинони ин шаҳр қарори дигар ҳам бароварда наметавонистанд.

Рустаборони Хатлон дар муроҷиат ба Игор Семенович, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтаанд, “муҳтарам Игор Семенович, мо гурӯҳи рустаборони Тоҷикистон аз сиёсати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар мавриди қабули Қрим ва шаҳри Севастопол ба ҳайати Русия дастгирӣ карда, ин қарорро саривақтӣ ва дуруст мешуморем. Мо қабл аз ҳама аз ҳаёти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки муқими Украина ҳастанд, хеле нигаронем. Мо зидди низоъ дар Украина ҳастем. Зеро пайомади он метавонад бадбинӣ, харобкорӣ ва бесарсумонӣ бошад.”

Рустаборони Хатлон бо зикри ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи сафири Русия аз Кремл ва дипломатҳои дигар хостаанд, барои муътадилсозии вазъ дар Украина тамоми талошро сарф кунанд.

Рустаборони вилояти Хатлон дар ҳоле изҳорот пахш мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон то имруз дар робита ба ҳаводиси Украина ва ҳамапурсӣ дар Қрим барои ворид шудан ба ҳайати Русия мавқеи расмии худро баён накардааст.
Мӯҳр
Интересно. Дар Хатлон чанд рустабор бошад? 2, ё 3 нафар? Ё 1 то? Шавковар де

123
мавкеъи рустаборон мавкеъи тамоми халки Точикистон нест, шукри аллох. Рустаборон боз хамун гарнизони 201 шахри Кургонтеппа да.... Хуб кардааст Точикистон, ки дар ин маврид чониби ягон каса нагирифтааст. Умуман Русия дар ин кор нохак аст. Хамчунон, ки дар чанги соли 2008 дар Гурчистон. Пагох Худо нишон надихад ними Точикистона бурад ин рустаборон бошанд дуруст гуфта овоз баланд карданашон аз эхтимол дур нест...

Фирдавс
Ба диққати рустаборони Хатлон гапи зиёди назанед, хапу дам шишта забон тоҷикӣ ва таърихи Тоҷикистонро аз худ кунед. Маъқул нест, марҳамат карда ба ватани аҷдодӣ роҳсипор шавед. Мо касеро ҳурмат мекунем, ки моро ҳурмат мекунад.

Урус
Дар сартосари Точикистон холо аз 1% кам хастанд ин рустаборон, шояд дар Хатлон 15-20 кас бошанд. Хахаха

99
Ин рустаборон имрӯз аз Қрим ҳимоят карда бошанд, фардо даъво мекунанд, ки Тоҷикистон як қишлоқи русия аст!

Бекорак
Гитлер бо "ҳимояи" немистаборон дар Аврупо ҷанги дувуми ҷаҳониро оғоз бахшид, Путин бошад, бо "ҳимояи" рустаборон ҷаҳонро ба сӯи ҷаеги севум бурда истодааст. Тоҷикистон набояд ба чунин шарлатанстваи ҷамъияти рустаборон роҳ диҳад. Маълум аст, ки ин ҷо дасти хадамоти ҷосусии руссия пай гузоштааст.

Мухочир
Бародарон!Агар дигаронро дуст надоред,дигарон хам шуморо дуст намедоранд!Каме дилхоро аз захму сиехихо тоза кунед,агар лутфи (барои баъзехо "лутфи") хаммиллати хамин рустаборон набошад,аник,ки баъзеятон аз бекорй якдигарро мехуред!......
Хар як халку миллат барои андешаронй ва ибрози андеша хак дорад!.......

3654
Мухочир,
Рост гуфтед, Бародар. агар лутфи (барои баъзехо "лутфи") хаммиллати хамин рустаборон набошад,аник,ки баъзеятон аз бекорй якдигарро мехуред!
Бонки марказии Русия ҳаҷми маблағеро, ки дар соли 2013 аз ин кишвар ба Тоҷикистон фиристода шудааст, 4 миллиарду 173 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб кардааст, ки дар муқоиса бо соли пешӣ 14,3 дарсад зиёд мебошад.
мархамат, хулоса бароред. мардумони гайрируси чумхурихои мухтори РФ худро хеле рохат хис мекунанд. дар масъалахои милли, динни, ичтимои ва г. Татарстан, Башкирия, Чумхурихои Кавказ ва дигархо.

Аз 70 000 то 100 000 рустабор дорад Хатлон. Ахоли пурааш 2,5 милион нафар.

Аз 70 000 то 100 000 рустабор дорад Хатлон. Ахоли пурааш 2,5 милион нафар. 500 000 ахолиаш дар Русия хаст!

Хатлон G 03 дуруг нагу. Дар Кулоб ба гайр аз аскарони 201 двизия 4-5 донаи дигаш мондаст. Хамувохам русиро гум карда кулобй гап мезанан

Валичони токикач
Дар марди хамрохшавии Крим бояд чизеро нагуем.Лозим нест,бо Украина тамоми сохтмонхои баркии мо вобаста хастанд.Масалан корхонахои Харков,Запороже ва Днепропетровск.Сухани зиёди лозим нест.Дар Крым 57 фоизи ахоли рус буд,чи пагох дар нову Бешкент низ райъпурси гузаронида ба дигар кишвар гузаранд?Аз ин ру рустаборони Кургонтеппа 4-5 нафарак даматиона гирифта шинед.Зеро сухани шумо на сухани русхо-балки сухани гражданини Точикистон хисоб карда мешавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)