Бахшҳо

Барқи аз меъёр зиёд дар Суғд ва ваъдаи “Барқи тоҷик” барои лағви лимит

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, интиқоли барқро ба мардум то 13 соат дар як шабонарӯз зиёд карда, масъалаи лағви пурраи маҳдудият баъди 10-уми апрел мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар ин бора ба “Озодагон” Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” имрӯз, 7-уми апрел, хабар дода, афзуд, ки лағви пурраи лимит, вобаста ба вазъи бодуҳаво сурат мегирад: “Лағви лимит аз ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст. Ҳозир мо ҳамин қадар имконият дорем, ки интиқоли барқро ба мардум зиёд кардаем. Субҳ аз соати 5 то 11 ва бегоҳ аз соати 17 то 24:00 барқ дода мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки аксари сокинони навоҳии тобеи марказ ба “Озодагон” тамос гирифта, хабар доданд, ки ҳамоно ҳашт соат ва дар баъзе мавридҳо аз ин ҳам камтар барқ мегиранд. Ёдгорӣ дар шарҳи ин шикоятҳо гуфт, баъзан он ба корҳои профилактикӣ дар шабакаҳо рабт дорад.
Дар ҳамин ҳол мониторинги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, ки ҳамарӯза ҳаҷми интиқоли барқро дар навоҳӣ пайгирӣ мекунад, нишон медиҳад, ки меъёрҳои нави ҷорикардаи “Барқи тоҷик” дар навоҳӣ риоя намешаванд. Ба иттилои манбаъ танҳо дар вилояти Суғд рӯзҳои охир мардум аз меъёр зиёд аз барқ мегиранд. Барои мисол рӯзи 5-уми апрел сокинони навоҳии Суғд аз 17 то 22 соат барқ гирифтаанд.

Таъмини аз меъёр зиёди барқ дар Суғд дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор дошт.
Мӯҳр
уууууууууууурррррррррррраааааааааааа ууурррааа

ууууууууууууррррррррраааааааа ууууууууууурраа

Хаммаи гапхоятон дуруг, безор шудем аз хамин ваъдахои дуругатон. Шумо набудед,ки дар аввали лимит ба мардум ваъда дода будед,ки барк то охир аз 10 соат боло дода мешвад, ба фикрам 14 соат гуфта будед. Шумо ва масъулинатон манфиатхои як ду нафарро аз манфиати мардум боло медонед. Агар ягон сарватманд ба истилох "буржуаз"дар ягон деха корхонаи хусуси созад, шумо даравакак корхонаи уро бо барк таъмин менамойд, ХАМИНТАВР НЕ!? ПУЛЧОН ШИРИНАСТ!!! вале барои камбагал барк нест. Баркро ку мувофики мъёр ба ахоли намедихед. Акалан мардумро фиреб накунед. Хе, хатто кудаки 4-5 сола медонад,ки шумо ваъдахиолфенд.

Кадом руз об зада гесора нашкана шарманде шем! Дуруг гуфтанам гунох аст охир!

Зулмдида
Э агар лимит аз дарёи ВЫахш вобаста бошад, пас дар Истаравшану Исфара он чи дахл дорад? Наход Вес Точикистона Вахш таъмин кунад?
Э акалан аз Худои болои сар шарм доред!!!

Рахмдил
ЧО намеомад ин света да хоб медиди.ЧО рафт свет хам рафт

койил
офарин ба чаноби оли, омаданд света доданд, ЧО рафтанд барк катъ карда шуд, ин аст кахрамони!

Хуррам
Ёдгори муаллифи як дуруге мебошад. ки дорои чил дуруг аст.

Haminqadar muhtaram prezident meguyad, ki halolkori kuned; charo "Barqi tojik" yak gapi aniq nadorad? Charo inho darturhoi hukumatro ijro namekunand?!

Бехруз
Бародарон имруз Барки точик имкони таъмини ахолиро бо барк надорад. Агар бошад бовари дорам хамаро таъмин мекунад. Ба пеш Барки точик мо бо Шумоем.

То он даме, ки дар Афгонистон интихобот хаст свет дар онхо постоянно бояд дода шавад, ба ман фарк надорад гуфт афанди ба хараш ва бирафт.

Мухотаб
Акаи кувваи баркро дар он тарафи марз, дар давлати исломии Афгонистон дидам, гуфт: - братан, точикора ай номи ма салом бгу. Ба умеди ман нашаванду шамъхоро захира кунанд!

Барки точика сардораш яке аз хешовандони ба гуфтаи яхело мебошад барои хамин хечкас пишакша пишт гуфта наметавонад. Куваи барка барои пушондани карзи ширкат ба хорича мефурушан

Ваъда!!!Ваъда!!!Ваъда!!!Ваъда!!!Ваъда!!!Ваъда!!!В
аъда!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
!!!

charo dar hamai shahru nohiya in mahdudiyad 100% ijro namegardad ?????????????

рости гапро гуфтед инхо баркро тичорат мекунанду парвои милати худ надоранд .агентии мубориза бо корупсия бошад мумкин манфият дор бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)