Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 апрел 2019, 01:32

Бо амри президент ба ноҳияи беҳтарин миллион доллар медиҳанд

7 апрел 2014, 15:01

Дар Туркманистон озмуни ноҳияи беҳтарин эълон шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи ахири ҳукуматаш зери амре имзо гузоштааст, ки дар асоси он ба ғолиби озмун дар ҳаҷми як миллион доллар ҷоиза супурда мешавад.

Озмунро комиссияи вижае, ки аз ҳисоби намояндаҳои вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташил ёфтааст, натиҷагирӣ хоҳад кард.

Ин барои бори дуюм аст, ки дар Туркманистон чунин озмун гузаронда мешавад. Соли сипаришуда ноҳияи Оқ бугдайи вилояти Ахалск дар он дастболо шудаву як миллион дарёфт карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • донишчу

  • 7 апрел 2014 22:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар баробари хондани сарлавхаи хабар фикр кардам чаноби Эмомалӣ Рахмон бошад аммо афсус аз Туркменистан будааст!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!