Бахшҳо
08 апр 2014 10:10Тоҷикистон / Сиёсат

Нашри наворҳои нав алайҳи ҲНИТ дар Ютуб (ВИДЕО)

Дар шабакаи Ютуб ду навори нави видеоӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шудаанд, ки гӯиё аз ҷониби студияи “Нури наҳзат” ва хадамоти амнияти дохилии худи ҳизб таҳия гардидаанд.

Ин навор дар зовияе таҳия гардидааст, ки гӯиё худи ҲНИТ барои ифшои бадахлоқиҳои аъзоёнаш хадамоти махсуси амнияти дохилӣ созмон додааст. Дар ду наворе, ки аз номи хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ паҳн шудааст, қаҳрамонҳо узви ҳизб муаррифӣ шудаанд.

Дар яке аз наворҳо Холов Иброҳим, имомхатиби масҷиди деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппа ва узви ҲНИТ муаррифӣ шудааст, ки гӯиё ба баҳонаи табобат бо як зан муносибати маҳрамона мекардааст. Дар навори дуюм қаҳрамон Ризоев Маҳмадраҷаб, ноиби раиси ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода муаррифӣ шуда, ҳамҷинсгароии ӯ намоиш дода шудааст. Навори дуюмро Ютуб ба далели риоя нашудани талабот ва муҳтавои бадахлоқона лағв кардааст.

ҲНИТ то ҳол мавқеяшро ба наворҳои нав дар ютуб баён накардааст. Ин наворҳо алайҳи ҲНИТ якумин набуда, се ҳафта қабл низ як навори дигар зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” дар Ютуб нашр шуда буд:



Дар робита Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 4-уми апрел, зимни мулоқот бо ҷавонони тоҷик аз нашри матлабҳои сиёҳкунанда бо имзои мустаор ва бад нишон додани як қисми ҷомеа барои дигар изҳори нигаронӣ кард. Кабирӣ зимни ин мулоқот, ки дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе идома дорад, ин равандро нодуруст хонда, пайомади чунин таблиғотро манфӣ арзёбӣ кард: “Ман аз ҷавонон даъват мекунам, ки додаи ин гуна иғво нашаванд.”

Кабирӣ аз афроди алайҳи ҲНИТ даъват кард, ки дар матбуоту шабакаҳо ғайбат накунанду биёянд бо онҳо суҳбат кунанд: “Мо омода ҳастем, ки бо уламо, ҳуқуқшиносону дигар коршиносон нишасти илмию фикрӣ баргузор кунем.”

Кабирӣ сахттарин ҷавоб ба навору матлабҳои омодакарда алайҳи ҲНИТ-ро сабр ва таҳаммул хонд: “Баъзан сабр ва таҳаммул сахттарин ҷавоб аст. Ба тундӣ нагӯед. Шумо бояд бо ин исбот кунед, ки Шумо ватандуст ҳастед, на оне, ки байрақи баландтарро мебардорад....”
Мӯҳр
Салим
Озодагон дог догмон мекуни намебони бинем навора? Бонш бинемш

Мехмон
Ё Аллох худат чазои чунин мунофиконро хам дар дунёву хам дар охират раво гардон Омин. Маълум ки хамаи ин наворхо сохтаю бофта хастанд. Дигар чи гуям .Точикистон ру ба харомхорию харомгарди ниходааст.Худовандо милату давлати мора аз харомхорию харомгарди дур гардон....

Ё тавба, эй Худои бокарам! То ин вакт бовар мекардам, ки хамаш дасти макомот асту барои сиёх кардани ХНИТ равона шудааст. Вале имруз...Ин пастие, ки хамон Ризоев нишон дода истодааст, ба ягон акли солим чой намешавад. Ва ин сохта хам нест. Ман худам мутахасиси сохаи наворбардориам, махсус чузъхои ин филма гирифта ташхис кардам, воллох, ки сунъи нет. Ё тавба, шояд охирзамонаш хамин бошад. Террористиую одамкушию нашъакашию нашъафурушию бевабозию бачабозии нахзатихора дидем, аммо п......ша нав дида истодаем. Баъди ин навор шумо-бардарои, ба мусалмон гуфтан хам забон намегардад,боз чи бахона меёфта бошед. Хаму Мехмон, ки дар ин ча ба Аллох мурочиат карда менависад, ки чазои мунофиконро хам дар ин дунёву хам дар охират раво гардон, шояд аз хамин кабихо бошад? Шарманда кардед хамара, боз забон як вачаб дод мезанед, ки ХНИТ-а сиёх карда истан. Ё тавба.....э........

Чамшед8808 н.Восеъ
Мехмон, Сохта нестанд ростан хамааш. Ай дастаи и мулохора замона якбор чазир шуд хама. Кафо мондем бас аст, нав хила ба пой рост шудем. Монед шумо нахзатихое!. Мо хама медонем,ки бояд инсон 5 вакт намозашро дар вакташ адо намояд. Арак ё ин ки чизхои мадхушкунанда нанушад. Ба зино наздик нашавад. Корхои бад накунад. Дили ягон муъминро наранчонад ва гайра чи даркор ба мо чунин хизби Мулохо. Дар Миср дидем ин хизби исломира ки 1-солам давлата идора карда натавонист чи тавр шармандавор рондаанд.Раиси ХНИТ даъво карда буд ки ун хизба аз руйхати хизбхои терористи хорич намоед. Шумо бо он аъзохои хизбатон ки хаммашон пиру худойхур мебошанд 2+2 ро намедонанд чи тавр давлата идора карда метавонед? Фикр мекунед давлатро идора кардан осон аст?Рости ман боварии комил дорам ки ХН давлатрони карда наметавонад. Шумо фикр накунед ки ман аз фабрикаи Чавобам. Ин фикрхои шахсии ман аст. Касе ки фикри худашро ба мукобили хизби Шумо гуяд даррав фабрикаи чавобаш меномед. Ман хамчун як шахрванди Точикистони Азиз фикрхои худамро ба Шумо гуфтам. Сарбаланду хонаобод бошед.

Нахзати
аку гумон карден ки зик шудем ё ба мо таъсир кард!хамин сага охири зиндагиш омаду пир шуд мечакад бад харчи!

1212
Хазорон корвон рафтанду дав-дав
Ханузам ин сагон доранд ав- ав

Саид
Ман пешниход мекунам, ки касе чи видиёву сурате дорад, ки мансабдорони ХУКУМАТИ ХАРИГАРИ анчом медиханд дар сахифахои интернет партоян! Чун ки ХУКУМАТИХО хамаш аъзои ХХДТанд!!!!

Шахрванд
Озодагон филми Нури нахзат-ро парто дар сайт ин филм кухан ку ..

Ризо
Салом, балле хакикат хастанд. Неки аввал бояд кунам ки ман аъзои ХНИТ нестам ва ин хамааш сохтакори мебошад. корхои кардаги ин хакикат хастанд неки аъхои ХНИТ нестанд. Имрузхо Кабири хакикатро ба сиёсатмадорони болои равшан карда истодааст ва онхои через амният бадном карда истодаанд Кабириро. Инхо хамааш ангезахои сиёси дорад. О агар касал шуди ё мурди хами мулло тура чаноза мекунад ва ба гур мемонад. Кабири Худованд кувват ва сабрро ато кунад, Омин!
Цитата: Салим
Салом, балле хакикат хастанд. Неки аввал бояд кунам ки ман аъзои ХНИТ нестам ва ин хамааш сохтакори мебошад. корхои кардаги ин хакикат хастанд неки аъхои ХНИТ нестанд. Имрузхо Кабири хакикатро ба сиёсатмадорони болои равшан карда истодааст ва онхои через амният бадном карда истодаанд Кабириро. Инхо хамааш ангезахои сиёси дорад. О агар касал шуди ё мурди хами мулло тура чаноза мекунад ва ба гур мемонад. Кабири Худованд кувват ва сабрро ато кунад, Омин!

Шомурод
Ин навори худи ХНИТ бояд бошад, зеро он чо одамони ботачриба ба мисли акаи Махмадалии Хаит хастанд. Аник ин кори акаи Махмадалиай вай воин интеренатсионлалистай

Ман дар ин расм дархакикат акаи Рачаба шинохтум. У дар мачлисхои хукумати шахр аз номи ХНИТ инштирок мекард, инро кариб 100 кас шаходат дода метавонад.

Маро шармам меояд, ки Ризоев Маҳмадраҷаб барин махлукхо аъзои хизб хастанд. Мутаассифона шахсан ман чандин бор дар бари у истода дар Маркзи ХНИТ намоз ходаам. Хайф..

карим
Худое ин чи беадолатист.

Вахдат
Бо камоли эхтиром ба дархости шифоиятон навори муставои "Нури нахзат 1" ва "Нури нахзат 2" ба унвони Шумо ирсол гардид!

https://video.yandex.ru/users/abdulloi-mahsum/view/1/

https://video.yandex.ru/users/abdulloi-mahsum/view/2/

zanja_23
имруз рузи ачиб буд фабрикаи чавоб бо ин видеохаш рохбарияташро шарманда кард ташакур ба фабрикаи чавоб умедворам аз ин стратегияи хирадмандонаатон бештар истифода мебаред!!!!

хонанда
дар инчо хизб гунох надорад мутаасифона одамони касиф номро догдор мекунанд. инхел одамхо дар хамаи хизб хастанд. дар тахти никоби ислом тераристхо кор мебаранд чи дар ин ислом гунахкораст? бароихамин акло кор фармонед.боз як чизи дигар бисёрихо гумон мекунанд агар ХНИТ ба сари кудрат биёяд хама мулохои чаласавод дар вазифахои рохбарикунанда менишинанд не хато мекунед дар давлати демократи бояд дар вазифахои рохбарикунанда бояд одамони босавод ва кордон нишинад новобаста аз узвияти хизбиаш

комрон
хамара шарманда кардед беномусхо.Аслан номи поки исломро гирифта бачояш хизби хамчинсгарохо мондан даркор. Садкаи номи ислом садкаи номи ин миллат шавед. КАБИРРРРРИИ ГИР АКНУН ИН ХИЗБАТА КАТИ ХИЗББАЧАХОТ ТОЧИКИСТОНА КАМТАР ОБРУШ БУД ХАМУНАМ РЕЗОНДИ ...............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)