Бахшҳо

Ҳукумати Исфара: Оби нӯшокии сокинони Оқсойро касе қатъ накардааст

Мақомоти ноҳияи Исфара мегӯянд, тақсимоти об миёни минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти назорат қарор дошта, хабарҳо дар мавриди бе оби нӯшокӣ мондани бархе аз деҳаҳои ҳамсоякишвар асоси воқеӣ надоранд.

Манбаи “Озодагон” дар ҳукумати Исфара рӯзи 10 апрел гуфт, тамоми масъалаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла тақсимоти об ҳалли худро ёфтаанду ин гуна хабарҳо ҳангомае беш нестанд.

Ӯ мегӯяд, “бар асоси қарордоди байниҳукуматии ду кишвар об ба мисли пешин тақсим шуда истодааст ва дар фасли зимистон азбаски сокинони кишвар ба об кам ниёз доранд, ҳатто ҳаққи худро низ ба ҳамсоякишвар медиҳанд. Аммо бояд, гуфт, табиист, ки бо фарорасидани фасли баҳор ва оғоз шудани кишту кор дубора ҳаққи худро мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳои қирғизӣ аз қавли Эркин Жолчиев, раҳбари деҳаи Оқсой Қирғизистон хабар додаанд, ки гӯиё оби нӯшокии онҳоро сокинони Ворух қатъ кардаанду ба гуфтаи ӯ, ҳоло деҳаҳои Оқсой, Ҷанӣбек ва Самарқандаки ноҳияи Бодканд бе об мебошанд.

Аммо манбаи мо афзуд, ки ингуна хабарҳо баъзан барои дубора ба сарди гароидани муносибати Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи гуруҳҳои манфиатдор пахш мешаванд: “Ба ин гуна хабарҳо набояд бовар кард, ин ҳама ҳангома мебошад, ки мехоҳанд, муносибати ду кишварро дубора бад созанд.
Мӯҳр
Худохохад ба наздики махкам мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)