Бахшҳо

Моликияти хусусӣ дар Тоҷикистон ҳимоя мешавад?

Дар пайи баҳсҳои додгоҳӣ оид ба моликияти бархе аз соҳибкорони тоҷик “Озодагон” бо ин суол, ки “Оё моликияти хусусӣ дар Тоҷикистон ҳимоят мешавад?” ба чанд нафар аз коршиносон муроҷиат кард.


Абдулқаюм Юсуфов, ҳуқуқшинос:

Таври маълум ва ба навиштаи расонаҳои хабарӣ тайи чанд моҳи ахир моликияти Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки алъон дар зиндон аст, идома дорад. Ҳамчунин, додгоҳи шаҳри Турсунзода ба баррасии қазияи бозори марбут ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ шурӯъ кардааст. Албатта, Сарқонуни кишвар кафолати ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳимояи моликиятро медиҳад. Аммо ба далели ин ки аз моликият ин гуна шахсонро маҳрум мекунанд, аз нигоҳи ҳуқуқӣ хеле хандаовар аст. Зеро, қонун муаяйн кардааст, ки мӯҳлати даъво барои сармоя ва моликият чӣ қадар аст. Аммо мо мебинем, он моликияте, ки имрӯз ҳокимияти додгоҳӣ мехоҳад, мусодира кунад ё кардааст, он бештар аз 10 сол мебошад, ки фаъолият дорад. Яъне ҳама гуна даъво барои ин моликият ғайримантиқӣ ва ғайриҳуқуқӣ аст.

Бояд зикр кард, ки мусодираи моликияти соҳибкорон имиҷиТоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ поён мебарад ва ба дубора ба даст овардани он ба назари ман хеле мушкил аст.

Маҳмадшариф Нозимов, вакили МН:

Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон метавонам бигӯям, ки Сарқонуни мо кафолати ҳимояи сармоя ва соҳибкориро додааст. Дар сурати нақзи қавонин дар мавриди моликият ва кафолати он, шаҳрвандон метавонанд, ба додгоҳ муроҷиат намоянд. Ҳеч шахсе ҳаққи баҳогузорӣ кардан аз натиҷаи додгоҳро надорад. Ман кафили он шуда наметавонам, ки додгоҳҳои мо комилан ҳукми одилона ва воқеъӣ мебароранд. Дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи моликият шахси норизо аз ҳукми додгоҳ метавонад ба додгоҳи дигар шикоят бубарад. Ҳукми додгоҳро танҳо додгоҳ метавонад, бекор кунад. Мо шубҳа набояд кунем. Агар ҳар номутахассисе дар ин маврид назари худро гӯяд, дар ҷомеа бесарусомонӣ мешавад.

Константин Бондаренко, роҳбари маркази “Бозори озод”:

Расман ҳуқуқи ҳифзи моликиятро дар Тоҷикистон касе дода наметавонад. Ба хусус вақте ҳокимияти додгоҳӣ аз ҳокимияти иҷроия вобаста аст. Аснои ин мушкилӣ танҳо бояд ба додгоҳ шикоят бурд. Воқеъияти кишварро дидаву дониста сухане аз мавҷудияти ҳуқуқи соҳибмулк гуфтан, андешаи содалавҳона хоҳад буд. Шохисҳои аслие ҳастанд, ки тибқи он кафолати сармоя муаяйн карда мешавад. Барои мисол, дар бисёреаз кишварҳо чунин нест, ки бо боз шудани парвандаи ҷиноӣ моликияти шаҳрвандро комилан мусодира намоянд. Аммо дар қонугузорӣ ва дар низоми додгоҳии мо ин як падидаи маъмулӣ шудааст. Чунки агар парвандаи додгоҳӣ дар нисбати ду соҳибкор ва шаҳрвандӣ одӣ бошад, мо метавонем дар мавриди ҳукми одилонаи додгоҳ ҳадс бизанем. Вале агар парвандаи додгоҳӣ миёни соҳибкор ва нафари наздик ба ҳукумат бошад, 90 дарсад кафолат аст, ки додгоҳ бо чӣ натиҷа анҷом меёбад. Дар маҷмӯъ, бо нақзи қонуни ҳуқуқ ба моликият мақомот барои сармоягузорони хориҷӣ аз номусоид будани фазо дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Агар Шумо низ хонандаи азиз назар ё гуфтание дар ин бора доред, метавонед, ироа кунед.
Мӯҳр
Аслидин
Мавзуъи хеле чолибу айниро руйи чоп овардед.Рости гап ман як чизро намефахмам конун дар ЧТ вучуд дорад ё не? Ё танхо конун барои ашхоси камбагалу бе сарпанох(манзурам аз шохаи хукумат берунбуда) асту бас. Ин хама конуну фармонхое ки хаст танхо руйи когаз мемонаду халос ва он хам барои лоф задани хукуматдорони имрузи Точикистон бахона мешавад ки ха конунгузорию сарконун чунин гуфтааст.Аммо дар асл гирем ин як хок пошидан ба чашми мардум аст. Масалан казияи махкум ба зиндон андохтани сохибкори маъруфи точик бародари азизамон Зайд Сайидов ба хамаи точикону Точикистониён маълум аст. Руз то руз маълум шудаистодааст ,ки чаро вайро ба зиндон кашиданду чи тавр моликияташро ба кавле давлати карда истодаанд.Барои шахси каме бо аклу босавод маълум аст, ки пас аз мусодираи чунин амволи ашхоси сохибкор дубора он ба ашхоси дигар фурухта мешавад. Инро хама дарк мекунаду медонад.Мисоли дигар амволи Гафор МИрзоев...Дар бори ин рости маълумот додан намехохам чунки хама кариб медонанд чи шуд хулосаи мусодираи амволи Гафор Мирзоев..Хулоса ин ки то вакте дар сохаи хукумати надоштани тага ягон сохибкор кафолиати химояи амволи худро надорад.Ин ба хамагон маълум аст.Хохиш мекунам кормандони Озодагон навиштаи бандаро бе тагйир чоп кунед.Каблан сипосгузорам.....

Мухочири Овора
Моликияти хусуси шахсони наздик ба хукмат хох даромад меорад йо зарар барои хукумат хифз мешавад.Чунки асос барои хукимат акидаи онхо зарур аст на даромад. Базе аз намояндахои хукумат чи корхана бошад йо заминхои оби барои конуни будану набудани он йо самаранок истифода бурдану набурдани он касе пурсон намебошад. Аммо он шахсоне ки акидаи онхо ба хукумат як нест чи фоидаи зийод меорад йо чандин садхо нафарpо бо кори доими тамин мекунад. Хукукхои онхо поймол шуда моликияти хусусияшон хифз намешавад

мусалмон
манфикрмекунаминномардидодгохмебошадкиму
стакилкоркарданаметавонадхудовандодилиро

баркароркунад

Мансур халлоч
ХИЗ МЕШАВАД ФАКАТ БА МАНФИАТИ МАНСАБДОРОН ВА ХОЧАГОНИ ОНХО. ИНЧУИНИН БА ММАНФИАТИ ОИЛА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)