Бахшҳо
10 апр 2014 11:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Тадқиқот: Фелдшер писари кист?

Усмоналӣ Ғайратов, ки ба латукӯби Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик муттаҳам мешавад, пайвандиаш бо яке аз мақомҳои додситонии кулли Тоҷикистон маълум гардидааст.

Радиои “Имрӯз” дар робита ба ин ҳодиса тадқиқоти журналистӣ анҷом дода, маълум кардааст, ки Усмоналӣ Ғайратов писари Муҳаммадшариф Ғайратов, корманди бахши конселярии Додситонии кулли кишвар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадшариф Ғайратов сокини ҷамоати Сари кишти ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар гузашта аз фанни ҷуғрофия дар мактаб ба донишомӯзон дарс мегуфтааст ва давоми чанд соли охир то корманди бахши консерялии додситонӣ расидааст.

Шаҳбол Мирзоеви 23 сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, мегӯяд, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадии кишвар дар ин қазияро рад кард. Инчунин ин ниҳод писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро рад карда, таъкид намуда буд, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбоз Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад.

Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштингирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.



Аммо худи сарбоз ин ҳамаро рад карда, мегӯяд, фелдшер ӯро беасос мавриди латтукӯби шадид қарор дода, ҳангоми ба ин ҳолат гирифтор шуданаш ҳам, барои интиқол ба беморхона иҷоза надодааст: “Гуфтам, ба аком занг зада гӯед, маро ба беморхона барад, вале гуфтанд, дар сурате занг мезнем, ки гӯи худат баъд аз кашидани нос аз болои стулча ғалтидаӣ. Ман розӣ шудам, то зуд ба беморхона интиқол ёбам, аммо бо вуҷуди ин занг назаданд.
Мӯҳр
Сохиб
Ин чи давлатдорист, ки фарзандони худи мансабдорон чинояткоронанд? Бояд аз он чо рахти сафар баст.

Агар Писари додситон бошад, на кумак мекунад ва на чазо мегирад.

дар шуьбаи канцелярия кор мекардаст. хаткашон гуед. баъзе расонахо вохима мекунан дя . саволи мантики агар писари прокурор мешуд магар дар армия хизмат мекард? ? ? фарзандони манспбдорхоро аз армия начуедд тем более прокурор.

Точик
Воооо бачаи додситонам хизмат мекадаст ё вай барои одамкуши ба хизмат рафтааст....

1212
ачаб дунё. конунхои чангал. зур нозура мезанад, горат мекунад

Фелдшер писари Хаму аст. Ёбу гир. Ира илми гайб меган.

ИН ЧИ ВАХШОНИЯТ АСТ КИ НИСБАТИ ФАРЗАНДОНИ МО РАВО МЕБИНАНД. ИН ВАХШОНИЯТ БЕРАХМИ БЕАДОЛАТИ КАЙ ТАМОМ МЕШУДА БОШАД.

Somon
аз Худованд Дуо мекунем ки ин бародаро харчи тезтар бошад шифои комил тияд, ин бечора ба мисли дигарон агар ки каме хам сумдор мешуд алай дар давлатхои берун аз СНГ илочаш мекарданд лекин афсус ки малум мешавад ки на хешу табори вазбине дораду на касе, Худованд нигохдори хамаи хизмачиёни давлати бошад.

охир муалим хукукшинос кор кунад аз кучо адолат мешавад корам дар корхои дохили сино 2 хамчун чабрдида афтодааст калобон гаштаанду ман сарсону саргардон муфатиш бошад маро фишор овард фахмидам ки ун бадбахи ноадолат пора гирифтааст худо ба як балое гирифтор шави ей муфатиш ки танхо худованд мададгорат шавад омин

Хонанда
Дар гузаштаи наздик низ вазорати дохила нисбати марде,ки худро дар назди қасри призидент оташ зад,гузориш дода буд,ки танҳо дастҳояш сухтаанд,вале дере нагузашта табибон 50% аз сухтани баданаш хабар дода ва ниҳоятан ҳалок шуд.
Нисбати Шаҳбол Мирзоев низ дар як фурсати кутоҳ чунин изҳоротеро``қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадии кишвар дар ин қазияро рад кард. Инчунин ин ниҳод писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро рад карда, таъкид намуда буд, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбоз Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад`` интшор карда буд .

Солона чиқадар шаҳрвандон муттаҳам ба ину он ҷиноятҳо аз ҷониби ин ниҳод пушти панҷара мераванд,то куҷо ҳақиқат доштану воқиан муттаҳам будани онҳоро чунин рафтори ин ниҳод зери суол мебарад .

Чунин рафтори вазорати умри дохила аз худ қаҳрамони нишон додан аст ё пешгири аз ҷиноятҳои писарону наздикони мансабдорон ?

Холис
Ба чугрофия: падари Гайратов дар Додситони кул кор мекунад, лекин на хамчун шахси мансабдор, балки хамчун коргари оддии техники ба монанди фарош, посбон, богбон ва гайрахо. У ягон аризаро барраси намекунад, ягон парвандаи чиноятиро тафтиш намекунад ва ягон масалахои хукукиро дида намебарояд, ки барои он маълумоти хукукшиноси лозим бошад. Ба мусохиб, посбон, богбон, фарош, коргари техники ки дар Додситони кул кор мекунад маълумоти хукукшиноси доштан лозим нест ва намешавад.

dar боло хам кайд карда будам. агар падари гайратов прокурор мебуд хеч вакт намегузошт ки писараш хизмат равад. дар армия факат халки камбагал. лату куб шудани сарбозхо аз бемасьулиятии афсархост. сабаби бемасьулиятии офицерхо боз хамон маоши пасту бечорахолии онхост.

dar боло хам кайд карда будам. агар падари гайратов прокурор мебуд хеч вакт намегузошт ки писараш хизмат равад. дар армия факат халки камбагал. лату куб шудани сарбозхо аз бемасьулиятии афсархост. сабаби бемасьулиятии офицерхо боз хамон маоши пасту бечорахолии онхост.

Blin urodi konechno teper budut govorit , chto on sam sebe pozvonochnik polomal I sam sebe nogi otrezal, blin kakie u nas sudi I issledovateli korrumpirovani, kak sovest im pozvolyaet etix opravdat, bedniu malchik. Kak oni mogut po noham potom spat, I ego soslujovci a, a takge takie urodi issledovateli, im mesto v ADU!

Агар фелдшер ба ин дараҷа ваҳшӣ бошад, пас дигар кӯҳнасарбозон бо сарбозони нав чӣ гуна бархурд мекарда бошанд? Охир, фелдшер духтур ҳисоб мешавад! Суд бояд ин ҷиҳати қазияро ҳам ба назар бигирад. Вазифаи духтур ба бемор кӯмак кардан, ӯро табобат кардан аст, на бараъкс. Духтуре ки бо бемор муносибати ваҳшиёнаро раво мебинад, бояд лойиқи сахттарин ҷазо бошад. Судяҳо (қозиҳо) набояд кӣ будани падари ӯро ба назар бигиранд. Коргари канселярия, як коргари хурди қаторӣ аст. Бараъкс, падари ин садист низ мутобиқи Қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд" ба ҷавобгарӣ кашида шавад! Писари ӯ Усмон Ғайратов дар як рӯзу ду рӯз ба ин дараҷа ваҳшӣ нашудагист? Шояд ӯ аз кӯдакӣ ҳамин хел тарбия ёфтааст. Бояд ба раиси маҳаллаашон махфиёна супориш дода шавад, пурсуҷӯ бикунад, ки Усмон дар маҳалла чӣ хел рафтор мекард. Чун қисми ҳарбӣ тобеъи Кумитаи амнияти миллӣ аст, ин корро беҳтар аз дигарон худи амният анҷом медиҳад. Ба мактабаш рафтан даркор. Ба омӯзишгоҳи тиббӣ инчунин. Маълум шавад, ки Ғайратов ҳамеша авбошу ҷангҷӯ буд, падарашро низ ба ҷавобгарӣ кашидан даркор. Барои тарбияи нодурусти ин хели. Акнун, ки ҳаёти як ҷавон сӯхт, ба ин кӣ ҷавоб медиҳад? Бо сутунмӯҳра шӯхӣ карда намешавад. Агар вай шиканад, дигарбора дуруст карда намешавад. Одам як умр бистарӣ мемонаду тамоми оила аз паси ӯ саргардон. Як кӯдакро то 23 сол расондан осон нест, ки кадом як ваҳшӣ рӯзе бигираду ӯро маъюби якумра бикунад. ИН ЧӢ БЕДОДИСТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)