Бахшҳо
14 апр 2014 15:45Тоҷикистон / Сиёсат

"Сюрприз"-и интихоботи 2015: Аввал - имтиҳони забони тоҷикӣ, баъд - курсӣ

Ҳумайрои БАХТИЁР

Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯянд, довталабони курсии Маҷлиси Намояндагон аввал имтиҳони забони тоҷикӣ супорида, сипас вориди рақобат хоҳанд шуд. Меъёре, ки аз сӯи коршиносони мустақил, “монеаи сунъӣ барои роҳ ёфтани мухолифин ба парлумон” арзёбӣ мешавад.

Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ, мегӯяд, то замони баргузории интихоботи парлумонии соли 2015 камтар аз даҳ моҳи дигар боқӣ мондааст ва онҳо корро аз таҳияи 9 санад -- 7 дастурамал, 1 китобча ва 1 тавсиянома оғоз бахшидаанд. “Тасмим дорем, ин маълумотномаҳоро ба таври ройгон (бепул) дастраси мардум кунем”,-гуфт ӯ.

Ба қавли Додоев, ин навбат, қарор аст, ҳангоми ба рӯйхатгирии номзадҳо довталабон ба курсии парлумон нахуст имтиҳони забони давлатӣ супоранд: “Барои имтиҳон гирифтан аз номзадҳо кумисюни махсусе таъсис дода мешавад.” Оқои Додоев илова кард, “муаяйн кардани дараҷаи забондонии ҳар як вакили оянда барои мо муҳим аст. Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ҳанӯз соли 2009 қабул шуда буд. Ҳар як мансабдор вазифадор аст, забони давлатиро хуб донад.”

Ин меъёри КМИРТ вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Раъно Охунова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Зан ва интихобот” мегӯяд, беҳтар мебуд, мақомот ба дониш ва ҷаҳонбинии номзадҳо таваҷҷӯҳ мекарданд, на забондонии онҳо. “Комилан зидди ба роҳ мондани имтиҳон барои номзадҳо ба курсии парлумон ҳастам. Ҳоло кишвари мо мушкилоти иҷтимоиву иҷтисодии аз ин ҷиддитар дорад. Беҳтар аст, онро бартараф кунанду баъдан КМИР ба муаяйн кардани сатҳи забондонии вакилони мардумӣ машғул шавад”,-таъкид дошт Охунова.

Раъно Охунова гуфт, муаяйн кардани сатҳи забондонӣ ва гузаштани номзадҳо аз ин имтиҳони КМИР боз ҳам вобаста аз ҳайати кумисюн хоҳад буд, ки ба шаффофу мустақил будани онҳо шубҳаҳо зиёд аст. “Пӯшида нест, ки агар кумисюни махсус таъсис дода шавад, он бар нафъи кӣ кор хоҳад кард. Барои мисол, шояд сатҳи забондонии ман хуб аст, вале бо сабабҳои маълуму номаълум ин кумисюн метавонад номзадии маро ба қайд нагирад”,-гуфт ӯ.

Охунова афзуд, таъсиси кумисюн барои санҷиши забондонии номзадҳо ба курсии парлумонӣ дар интихоботи 2015 барои номзадҳои мустақилу мухолиф метавонад монеаи сунъӣ бошад. Исмоил Талбаков, вакили парлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, таҳияи дастурамалҳо аз тарафи КМИР барои номзадҳо ба курсии парлумонӣ хилофи қонунҳои амалкунанда аст. “Зеро дар санадҳои расмӣ имтиҳон кардани номзад ва муаяйн кардани сатҳи забондонии ӯ дарҷ нашудааст”,-таъкид кард ӯ.

Бо вуҷуди мухолифатҳо, Абдуманнон Додоев мегӯяд, ҳар касе мехоҳад вакил бошад, бояд забони тоҷикиро аз худ бикунад. Илова бар ин, номбурда ишора кард, ки мутобиқи қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, то забони давлатиро балад бошад.
Мӯҳр
Шахиди
Акнун номзадхоро мебояд барои супоридани имтихон аз фанни "Забони модари" аз пайи дарёфти маблагу тага шаванд. Чунки дар урфият гуфтаанд "Бе пул суханат асар надорад холе, ки ту дори хар надорад" ва коррупсия дар Точикистон ба сатхи аъло расидааст бо пул хама корат буд мешавад. Ба Абдуманон гуфтаниям, ки "ту магар дигар кор надори , ки депутатро имтихон мегири ту рафта ягон донишчу, талабаи мактабро имтихон гир"! То ин дарача паст задани миллатро бовари надоштам!!! Акнун бо ин кудакбози дар арсаи байнанлмиллал точиконро чи гуна эхтиром мекунанд.

антидепутат
хамин парлумони киссаги чи лозим?! хайфи пули халк. аз хисоби мо кайфу сафо даранд. бо пули мо ба сафархои хоричи мераванд ва г. х. лекин ба нафъи халк кореро анчом надодаанд.

Ман хамин хел фахмидам, ки ин Раис мегуяд, ки узбекон, киргизхо, русхо ва г. хукуки номзад будан надоранд. Ин поймолкунии хукуки инсон аст. Лекин аз дигар тараф бародарони точики намедонистаги хафа нашавед, чунки аз будан ва набудани Парлумон чизе тагйир намеёбад. Спектакль бо номи демократия бо харчи гарон...

саримсок
ин хел бошад ними парлумони хозира ба точики факат гапи бозори медонанду халос

Dev
Ikdomi hub, tarafdoram! Zaboni adabii tojikiro donistani namoyandai halk shartu zarur ast. Alon az suhanronii barhe namoyandaho giryai kas meoyad...

Озод,
Ончӣ дар дигар давлатҳо хомӯшона амалӣ мегардад ё табиӣ аст, дар Тоҷикистон овозаву дарвоза карда, ба худ душман зиёд мекунанд.
Тасаввур мекунӣ, ки дар парлумони Ӯзбакистон касе ба забони ғайр аз ӯзбакӣ, масалан, тоҷикӣ (самарқанд ва бухорогиҳо), сухан бикунад? Ёки дар парлумони Русия касе хезаду ба забони украинӣ сухан гӯяд? Ҳамон замон шифти толор ба замин мезанад!
Ҳоло ҳам Тоҷикистон дар фазои озодии хеле хуби забон аст. Аз ин, ӯзбакҳову русҳо наноланд ҳам мешавад. Ман ҳарвақт радиоро рушан мекунам элону рекламаҳои русӣ мешунавам. Депутатии рустаборҳои Тоҷикистон хандаовар хоҳад буд. Онҳо забони давлатиро намедонанд. Дар минбар касе чӣ мегӯяд намефаҳманд. Бояд бо худ тарҷумон баранд? 20 сол боз русҳо забони давлатии Тоҷикистонро қабул надоранд, баъзе аз худиҳо инчунин. Аз ин хотир, новобаста аз миллату маҳал ва дигар фарқи этникӣ, ҳамаи шаҳрвандони як давлат забони умумие, ки расмӣ (давлатӣ) эълон шудааст, бояд ба сатҳи баланд донанд. Ин дар қонуни давлатдорӣ чизи нав нест. Вакилони парлумон бошанд, бояд истилоҳоти қонунгузориро низ бахубӣ балад бошанд! Зеро қонун дар кадом шакл қабул мешавад, аз сатҳи забондонии онҳо низ вобастагӣ дорад. Аз ин хотир набояд ҳар як чӯпону челонгар, бофандаву пахтакору кадукор ва амсоли онҳо вакили мардум шаванд. Парлумон ҷойи олимон ва сиёсатмадорони барҷаста аст. Пас, чи тавре, ки дар шарҳҳо дида мешавад, он парлумон мавриди ханда ва масхара қарор нахоҳад гирифт.

ислом
Бародарони азиз пеш аз имтихон грифтани забондони аввал худи забонро муайян кунед.Имруз фахмиши забонро бо чи мукоиса мекунед ва аз руи кадом мехер бахо мемонед? 98% рохбарони давлат забони точикии адабиро намедонанд дигар шахрвандонро хисоб накунед.Вакте ки тахкурсии забон набошад аз кучо одам забондон мешавад?

99
Албатта, донистани забон талаботи хуб аст. Вале имтиҳони забонро бояд дар берун аз Тоҷикистон ба комиссияи махсус супоранд. Ман боварӣ дорам, ки аксарияти вакилони аз ҲХДТ пешбарӣ шуда наметавонанд супоранд.

Нек
На ин ки забони точики, бояд барои вакил шудан махсус имтихон ташкил кардан лозим то ки хар бесавод ба парлумон рох наебад. Имтихон ба таври оммави ба тарики шабакахои телевизиони пахш карда шавад

Хаааааа э ин мардум дигар кор надоранд!!! Бисер хандаовар АСТ!!! Дуне чи гапу ин масьулини мо аз вакилон имтихони забони модари мегиранд !!! Дигар кор надоштед ?! Охир мардум ба вакиле, ки донишу саводи кофи дорад овоз медиханд на ба савдогари бозор е подабон!!! Ин натичаи тагабозиву махалгароист, ки раисони мо на ин ки бо забони адаби харф зада наметавонанд, балки бо хамон забони лахчавию кучагии дагалашон хам харф зада наметавонанд !! Хуб мешуд дар корхонахои давлати, махсусан ба органхои боло дарси одобнома мегузаштанду ба онхо одоби мурширатро ед медоданд бисер хуб мешуд!!! Бовар кунед, худое нокарда коратон ба боло афтад, баьд мебинед муносибати дагалу вохимаи масьулини давлатии мора !!!

Забони точикиро донистан бисер хуб... мехостам он чиновникхое, ки дар сари вазифа хастанд одоби гапзаниро ед гиранд ва бо забони адаби гап зананд. аз мо бошад медонед чи хел гап мезананд.( УРА Бигир БУБАР Чо кеестай да чеи ай че омади уора бугу) ва гайра. Мо хама аз хар нохяхо хастем лекин бояд дар корхона ва чойхо чамъияти бо забони АДАБИ гап занем)))))

магар мо парлумон дорем ??? э э монеде.наход???

тестхо барои имтихон аз Фанни забони модари синфи 6

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)