ВИДЕО: Хуруҷи дарди меъдаи Зайд Саидов ва шарти пешинаи Абдулхайров
Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, ба вакилони мудофеаш гуфтааст, рӯзҳои охир дарди меъда ӯро азият медиҳад. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, ин ҳарфҳоро рӯзи 15 апрел баён дошт.
Рӯзи сешанбе Додгоҳи олӣ дар пайи шикояти вакилони мудофеи Зайд Саидов барои бозбинии ҳукми ӯ мурофиа ташкил карда буд. Қудратов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташро дар он ҷо дода, сӯҳбат кардаанд. Вай афзуд, аммо ба далели он ки онҳо то ҳол матни ҳукми додгоҳ нисбат ба нафари таҳти ҳимояташонро дарёфт накардаанд, ин мурофиа то як ҳафтаи дигар ба мавқуф гузошта шудааст.
Ба қавли ин вакили мудофеъ, масъулони Додгоҳи олӣ то ҳол ин шартро пеш мегузоранд, ки танҳо дар сурати ифшо накардани ҷузъиёти ҳукм онро дастраси вакилони мудофеъ хоҳанд кард. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, онҳо то ҳол ба хулосае нарасидаанд, ки барои ифшо накардани ҷузъиёти ҳукми Зайд Саидов розӣ шаванд ва ё нашаванд. Зеро ба гуфтаи ӯ, агар аз як сӯ ризояти онҳо барои дарёфти ҳукм зарур бошад, аз сӯи дигар дар сурати ифшои ҷузъиёт онҳоро ҷазо интизор аст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал рӯзи 25 декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ – “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ”, “фасод ва ришвастионӣ” гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум карда буд. Бархе аз коршиносон ишора бар он мекунанд, ки ҳукми Зайд Саидов ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба тасмими ӯ дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав рабт дорад.
Аммо Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, аввали соли ҷорӣ дар нишасти хабарие ҳама гуфтугузорҳо дар бораи сиёсию фармоишӣ будани парванда ва ҳукм нисбати Зайд Саидовро беасос хонд. Оқои Абдулхайров баъд аз эълони ҳукми Зайд Саидов ҳалномаи додгоҳро ба вакилони мудофеи ӯ надода, ба онҳо шарт гузошта буд, танҳо дар сурати ошкор нашудани ҷузъиёташ, онро дастрас хоҳад кард.
Зайд Саидов моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, замоне ки ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳрӣ масунияти дахлнопазирӣ доштааст, боздошт гардид. Ин ҳодиса баъд аз тақрибан як моҳи азми ӯ барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ҳадафаш ислоҳот ва беҳбудии рӯзгори мардум гуфта мешуд, сурат гирифт. То кунун додгоҳҳои Тоҷикистон чанде аз корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва хонаводаи ӯро ба ихтиёри давлат дода, ширкати “Тоҷсохмтон- байналмилал”, ки ба писари бузурги ӯ тааллуқ дорад, 16 миллион сомонӣ ҷарима бастааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |