Бахшҳо
16 апр 2014 10:03Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баҳси 'таъсири забони арабӣ ба забони тоҷикӣ' дар Қоҳира

Сайидраҳмон Сулаймонӣ, арабшиноси тоҷик ва муаллифи “Фарҳанги шомили забони арабӣ” дар Конфронси байналмилалии “Арабикунонии илму техника дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар Миср Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Ин донишманди шинохтаи тоҷик дар рафти конфронси мазкур, ки бо ташаббуси Академияи забони арабии шаҳри Қоҳира аз 24 март то 7 апрел баргузор шуд, суханронӣ кардааст. Ӯ дар мавзӯи “Таъсири забони арабӣ ба забони тоҷикӣ” роҷеъ ба масъалаи таъсири мутақобили забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар тӯли таърихи зиёда аз 1300 сол ва саҳми донишмандони тоҷику форс дар пешбурди фарҳанги исломӣ ва ҷаҳонӣ суҳбат кардааст. Сулаймонӣ, инчунин, дар робита ба соҳаи арабишиносӣ дар Тоҷикистон ва чашмандоз ба ояндаи он дар кишвар ибрози назар намудааст.

Сайидраҳмон Сулаймонӣ 67 сол дошта, доктори илмҳои филология, мебошад. Ӯ муаллифи “Фарҳанги шомили забони арабӣ” буда, дар тарҷумаи асарҳои бархе аз мутафаккирони форсу тоҷик, аз ҷумла Ибни Сино аз забони арабӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ саҳм дорад. Сулаймонӣ аз соли 2013 ба ин сӯ, узви вобастаи Академияи забони арабии Қоҳира мебошад.

Дар ҳоли ҳозир Сайидраҳмон Сулаймонӣ яке аз тарҷумонҳои фаъол ва ташвиқгарони осори фалсафии Ибни Сино ба шумор рафта, ба тарҷумаи осори ҳанӯз тарҷуманашудаи Сино машғул аст. То ҳол 5 ҷилди осори ин мутафаккир ба тоҷикию русӣ аз сӯи ӯ баргардон шудаанд.


Дар акс: Сайидраҳмон Сулаймонӣ (нафари дувум аз тарафи чап)
Мӯҳр
Куруш мухаммади
Офарин барои устод Сулаймони шахси содик бовичдон ва мехнатдусту самимист Худо умрашро дароз кунад, у аз чумлаи шахсиятхои арзанда дар точикистон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)