Бахшҳо
16 апр 2014 16:31Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар робита ба дастгир шудани Адолатов

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) боздошти Саодатшо Адолатов, раҳбари дафтари ин ҳизб дар вилояти Бадахшонро, маҳкум карда, “амали тарҳрезишуда” номидааст. Ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ баъд аз зӯҳри 16 апрел баргузор шуд.

Саодатшо Адолатов, раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон, ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ рӯзи 14 апрели соли ҷорӣ боздошт шудааст. Оҷонсии иттилоотии миллӣ – “Ховар” навишт, Адолатов ба он гумонбар аст, ки гӯиё дар деҳаҳои Мотравн ва Вравзи ҷамоати Язгулом чандин бор ба таври оммавӣ ба таҳқири сокинони маҳаллӣ даст зада, фазои носолими якдигарбадбиниро ба вуҷуд овардааст.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, “мақомот бо истифода аз ҳамдеҳагон ва хешу ақрабо аз ӯ борҳо талаб доштанд, ки кори ҳизбиро канор бигузорад, дар ғайри сурат, болои ӯву наздиконаш мусибатеро хоҳанд овард. Вале имони росих ва иродаи қавӣ Адолатовро барои собиту устувор дар роҳи фаъолияти ҳизбӣ мондан, водошт, ки номбурда онро аз талаби ҳамдеҳаву хешу ақрабо болотар донист.”

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар идома аз боздошти раиси ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар деҳаи Сурхи Исфара Абдуманнон Содиқов низ изҳори ташвиш кардаанд. Оқои Содиқов рӯзи 15 апрел ба гуомни пешниҳоди “пора” боздошт шудааст. Мақомоти ҲНИТ чунин амалҳоро “таҳдид ба амнияту субот, афзоиш ёфтани нобоварии мардум ва аз байни рафтани эътимод ба мақомоти давлатӣ” дониста, аз роҳбарияти кишвар тақозо кардаанд, то “пеши роҳи чунин як қонуншиканиҳо ва ноадолатиҳо” гирифта шавад.

Дар идомаи изҳороти Шӯрои сиёсӣ аз аъзо ва тарафдорони ҲНИТ даъват шудааст, “барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ талоши бештар ба харҷ диҳанд ва фаъолияти худро дар чорчӯби қонунҳои амалкунандаи кившар беҳтар ба роҳ бимонанд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ЧАСУР
Саодат Адолатовро бинобар сабаби ангехтани кинаву адовати дини ва бо аризаи кариби 30 нафар шахрвандони одди дастгир намудаанд “амали тарҳрезишуда”. Ойнихол Бобоназароваро мардум дастгири накарду акалан 210000 овозро ба даст оварда натавонист “амали тарҳрезишуда”. Бозори Мухиддин Кабириро, бинобар сабаби чавобгу набудан ба талаботхои санитари ва гасб наумдани майдони варзишии шахрвандони одии ш. Турсунзода мебнаданд “амали тарҳрезишуда”. Рахматило Зоирро барои дуруггуиаш ба суд додаанд “амали тарҳрезишуда”. Фахриддин Зокировро барои калобиаш дастгир намуданд “амали тарҳрезишуда”. Содиковро барои пора доданаш ба маьмури пулис дастгир намудаанд “амали тарҳрезишуда”. Аьзохои ХНИТ-ро бо гуноххо нобахшиданиашон дастгир мекунанд “амали тарҳрезишуда”.....ва монанди инхо. ТО БА КАЙ ШУМО МУХОЛИФОНИ ДАВЛАТ ИН ИБОРАИ ОБЗАДАИ КУХНАШУДАРО ИСТИФОДА МЕБАРЕД, БАС БУДАГИСТ ШАРМАНДАГИ. ФИКР НАМУДЕД КИ ШУМО ГУНОХО НАДОРЕДУ БО ВАРДАНИ ИБОРАИ “амали тарҳрезишуда” ГУНОХАТОНРО БА САРИ ДИГАРОН БОР МЕКНЕД. ТО БА КАЙ ИН МАРДУМИ МО ЯКДИГАРРО ГАЙБАТ МЕКУНАДУ АЗ ПАИ ИСЛОХИ КАМБУДИХОИ ХУДАШОН НАМЕШАВАД. УМУМАН ХОНАНДАИ БО ЗАКОВАТ ХАНГОМИ ХОНАДАНИ ЧУНИН МАКОЛАХОИ ТАКРОР АНДАР ТАКРОР ХАМ БА ХОЛИ ИН ХАБАРНИГОР МЕХАНДАДУ ХАМ БА ХОЛИ АНА ХАМОН МАСЬУЛОНИ ХНИТ. ЧИ МЕШАВАД КИ КАМБУДИХОЯТОНРО ИСЛОХ КУНЕДУ АЗ “амали тарҳрезишуда” ХАЛОС ШАВЕД. Ё МЕХОХЕД КИ ТО ОХИРИ УМРАТОН ХАМИН ИБОРАРО ИСТИФОДА БАРЕД....Озодагон суханоне ки ба манфиати мухолифон набошад барои чи чоп намекунед. Ман намефахмам Шумо ошнои манед ё ошнои хирс ё хамон хирс......

е
Изхорот додан гиред. Аз дастатон дигар чизе намеояд. Тахаммул, тахаммул....

Инхо хамааш имтихони худованд аст! Барои муъминон ин дунё азоб аст! Барои дохили бихишт гаштан аввал хорро зер мекунед хуншор мешавед баъд бихишт медароед! Атрофи бихишт хорзор атрофи дузах лолазор!

Хай шинед нигох карда як амали тахрезишудааст гуфта. хайфи хамон озодандешоне, ки шомили чунин як хизби масъулиятгумкарда бе пешво мешаванд.

Собир
Амният бесабаб як касро намешинонад. Аз болои Адолатов 30 нафар шикоят кардааст. Сабри чамил!

АМИН
ИНТИХОБОТ ОМАДУ МАНСАБДОРОН АЗ ИНТИХОБОТИ ОВОЗНАГИРИФТАИ СОЛИ 2010 САХТ ДАР ТАРСУ ХАРОСАНД БАРОДАРОН!БО ФИРЕБУ НАГМАВУ НАВО НАМЕШАВАД ОЛАМГИР ШУД!

Хайдулло
ХУШБАХТ,
ту мехохи, ки ХНИТ шуриш намояд, ин фикрат хатост. Амали ХНИТ мантикист!

Адаб
Хайдулло, дуруст гуфти. Бе хамин хам вазъи минтака руз то руз хасостар гардида истодааст. Ман хам фикр мекунам, ки максади хамаи пешвоeни сиеси суботи мардум мебошад.

Изҳороти инҳо масхарабозие беш нест, инҳо дар фикри мардyм ва азоёни мyхлиси хyд нестанд ва фақат талош доранд ҳизби инҳо мансаби инҳо аз даст наравад то роҳи пулҷамкyниро аз кишварҳои дигар аз даст диҳанд. Агар кадом фишоре болои манофеи раҳбарони аввали Наҳзат гардад чyнон ба нолишy далел овариҳо мепардозанд ки гyё фардо дар Тоҷикистон кадом инқилобе рух хоҳад дод вале агар ба ҷони раҳбарони мухлиси поёни таҳдид бошад ба як изҳори фиребдиҳанда қазияро фаромуш мекyнанд. Базан фикр мекyнам дасти базе раҳбарони Наҳзат дар нишондиҳии ҷавонон ба амниятиҳо ҳаст ва инҳо мехоҳанд ба амният кишвар нишон диҳанд ки мо бо шyмоем вале ба манфиати иқтисоди ва мансабии мо кордор нашавед ва мо ҳар чизе шyмо мехоҳед анҷом медиҳем. Инҳо пyлy молро аз кишварҳои исломи барои таблиғи ислом ба даст меоранд вале ин пулро дар хyдy авлоди хyд ва бо ришва додан ба раҳбарони давлати ва амнияти роҳашонро ба пеш мебаранд. Барои инҳо зарyр инаст ки дар мансаб бошанд, ва бо ҳар кас ё созмонy давлат ин муомиларо мекyнанд. Локин ҳаргиз намехоҳанд хyд ва фарзандони хyдро барои расидан дар ба даст овардани кyрсиҳо истофода баранд. Ин ҳам як сиёсат мебошад ва инҳо чyн таҷриба доранд ин сиёсати хабис ва ғайри инсони ва мусалмониро ба пеш мебаранд. Кош ҳамаи ҳизбҳо давлатҳо аз ин нав инсонҳои мунофиқ паст ва бадбахт пок шавад то миллати мyсалмон ва инсоният дар як фазои адлy инсоф ва баробари тавонанд зиндагии худро ба роҳ монанд. Саодатшо ҳам қурбони сиёсати ҳаминхел сиёсатмадорони дуруя ва мунофиқ шyдаст чyн инхел инсонҳои мухлис ҳамеш озод зистанд ва озод хоҳанд зист ва латy кyбy зиндонҳо инҳоро аз роҳи пешгирифтаашон ман намекyнад.

САЙДО
БАРОДАРОНИ АЗИЗ-.ИН-КОРРО АЗ-БЕРУН-БАРОИ-НОТЕНЧ-КАРДАНИ-МИЛЛАТИ-МО-КА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)