Ҳисоби бонкии Шаҳбол, сарбози маъюби нерӯҳои марзбонӣ
Дар пайи муроҷиати батакрори шаҳрвандон ба номи Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда ва маъюби Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон, ҳисоби бонкӣ боз шудааст. Акнун онҳое, ки имкони кумак барои табобати ин сарбози тоҷикро доранд, метавонанд, ба ҳисоби худи ӯ маблағро фиристанд.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, нишони ҳисоби бонкии писарашро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт ва пешакӣ аз онҳое, ки барояшон ёрӣ мерасонанд, изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, бар хилофи мақомот, ки то ҳол барои табобати фарзандаш аз пардохти маблағи зарурӣ худдорӣ кардаанд, шаҳрвнадон борҳо тавассути телефон аз ҳолашон пурсида, изҳори омодагӣ барои кумак намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |