Бахшҳо
18 апр 2014 09:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳошим Гадо аз шаҳрдорӣ хост, кумисюни вижа ташкил кунад

Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи тоҷик, аз тӯл кашидани таъмири манзилаш, ки бо кумаки шаҳрдории Душанбе анҷом мегирифт, изҳори ташвиш кардааст. Ӯ бо ирсорли номае ба шаҳрдорӣ гуфтааст, барои назорат аз ҷараёни таъмири манзилаш як кумисюн ташкил диҳанд.

“Вақте таъмир шурӯъ шуд, Шумо шахсан бо телефон бо ман сӯҳбат кардед. Ташаккур! Аммо ин таъмир кай ба анҷом мерасад, касе намедонад. Аз ин лиҳоз, аз Шумо мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш менамоям, як кумисюн барои қабули кори баъди таъмир фиристед”,-навиштааст Ҳошим Гадо дар номааш.

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе дар пайи дарёфти дархости Ҳошим Гадо дар бораи таъмири хонааш ба шаҳрдорӣ дастур дода буд, дархости ин ҳунарманди шинохтаро иҷро кунад. Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ хабар дода буд, раиси шаҳр ба Аъзам Табаров, мудири Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе супориш дод, хатти гармидиҳии манзили Ҳошим Гадо, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Тоҷикистонро барқарор намуда, дар бозсозӣ ва таъмири манзилаш ба ӯ кумак намоянд.

9 январи соли равон таъмири манзили вай аз тарафи шаҳрдории Душанбе оғоз ёфта буд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои таъмири куллии хонаи ҳунарманд 6 усто машғул хоҳад буд. Ҳошим Гадо яке аз ҳунармандони шинохта ва барандаи ҷоизаи Рудакӣ буда, дар беш аз 50 филм нақш офаридааст ва муаллифи 11 китоб мебошад.
Мӯҳр
Шахрванд
Хонаи як актерро дар маркази пойтахт инхо ин гуна "обод" карда истодаанд, пас хонаи 8 миллион точикро чи гуна ва кай обод мекарда бошанд инхо?

Озодй ай Убайдуллоев метарсй чи ки суратша бо гуфтаи бозори Корвон бровардиву "блкировка" недоступно шид?

хаккерои Убайдуллоев ва Бек Сабурович зур кор менан. вале намедунан, ки офтобро бо доман пушида намешава. конунхои хдиву байналмилалй меган ки озодии сухан, доступно бдан ба тамоми сайтхо чзи хуб ай.

Яздоншох
Лаурети муофоти оли-Мукофоти давлатии СССР буданашро фаромуш накунед?Ифтихори халки точик аз ин мкофот аст на мукофоти чумхуриявии ба номи устод Рудаки!

Шахрдориву Махмадсаид Убайдуллоев дигар кор надоранд боз комиссия ташкил карда хонаи Хошим Гадо раванд. Ба додаш расиданд, худи мири шахр телефонаш кардаст, хонашба Оби гарм гузаронданд, устохоро равон кардаанд, харчро шахрдори дода истодааст, хай ремонт дер давом карда истода бошад инро сабабашро бояд фахмид, шояд Хошим Гадо кадом усторо задаст :)))) ... синну соли Хошим Гадо рафтааст ва бисёр нозук шудааст инро хамаи шумо медонед... имруз унвон обруи миллат шуда наметавонад. Имруз хамон унвони СССР -и Хошим Гадо ба хеч кас лозим хам нест, хатто барои худи Хошим Гадо ба кор намеравад. Вакте ки Рогун сохта мешавад - ин обруи миллат аст, вакте ки точик дар Россия байни халки рус ва дигар халкхо эхтиром пайдо мекунад- ин обруи миллат аст, вакте ки дар Точикистон корхонахои калон ба кор шуруъ мекунанд - ин обруи миллат аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)