Бахшҳо

Қаҳрамонони ГКЧП

Қаҳҳор Маҳкамов ва дигар раҳбарони вақти тоҷикро барои пуштибонӣ аз ГКЧП бояд қадрдонӣ кард, ё барои мухолифаташон ба истиқлоли миллӣ?


Қаҳрамонони ГКЧП20 сол қабл аз ин дар шаҳри Маскав кудатои низомӣ, ки бештар бо номи ГКЧП ёд мешавад, барои се рӯз сари қудрат омад. Бо вуҷуди умри кӯтоҳи худ ин ниҳод тақдири бисёре аз нафарони сатҳи баланди Иттиҳоди Шӯравиро дигар кард. Дар Тоҷикистон низ он ба ҳаёти сиёсии мансабдорон бетаъсир набуд. Аммо чизе, ки ахиран мавзӯи сӯҳбати бархе коршиносони тоҷик гардид, аз сӯи райисҷумҳури Тоҷикистон барои саҳми намоён дар "таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон" дар қатори 230 нафари дигар медал гирифтани собиқ роҳбари ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов буд. Ба иддаои онҳо Маҳкамов яке аз ҷонибдорони ГКЧП буд, ки ҳадафаш барқарор сохтани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сохти диктатурии ҳокимият буд, на тавсеаи демократия ва расидан ба истиқлоли миллии Тоҷикистон
Хуб, ГКЧП яъне чӣ? Ва се рӯзи ин кудато дар Тоҷикистон чӣ гуна пушти сар шуд, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ авзои СССР-и собиқ ба чӣ шева буд? Меравем ба сайри кӯтоҳи таърихӣ:  


ГКЧП 20 сол дар ёдҳо


Баъди ду рӯз аз замони талоши табаддулоти давлатӣ дар СССР 20 сол пур мешавад. 19 августи соли 1991 дар Маскав Кумитаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Иттиҳоди Шӯравӣ (ГКЧП) таъсис шуд. Шаби 19 августи соли 1991 намояндагони раҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз сиёсати ислоҳоти Михаил Горбачёв ва лоиҳаи шартномаи ҷадиди иттиҳод норозӣ буданд, КДҲФ (ГКЧП)-ро таъсис доданд. Геннадий Янаев, ноибпрезиденти СССР, Валентин Павлов, нахуствазири Иттиҳоди Шӯравӣ, Борис Пуго, вазири умури дохилии СССР, Дмитрий Язов, вазири дифои СССР, Владимир Крючков, раҳбари Кумитаи амнияти давлатии СССР, Олег Бакланов, муовини аввали Шӯрои мудофиаи СССР, Василий Стародубсев, раиси Иттиҳоди масеҳии СССР ва Александр Тизяков, президенти Ассосиатсияи корхонаҳои давлатӣ ва иншооти саноатӣ, сохтмон, нақлиёт ва алоқаи СССР шомили ГКЧП буданд.

Соати шаши субҳи 19 август аз тариқи радио ва телевизион "Изҳороти раҳбарияти шӯравӣ" садо дод. Дар ин изҳорот гуфта мешуд, ки Михаил Горбачёв бо иллати бад будани вазъи саломатӣ имкони идораи давлатро надорад ва мутобиқи моддаи 127.7-и Конститутсияи СССР вазифаҳои президент ба дӯши Геннадий Янаев, ноибпрезидент мегузарад. Ҳамчунин ба мӯҳлати шаш моҳ дар мавзеъҳои ҷудогонаи кишвар ҳолати фавқуллода эълон шуда, барои идораи давлат ГКЧП-и СССР таъсис дода мешавад.

Ҷорӣ намудани ҳолатҳои изтирорӣ дар мавзеъҳои алоҳида ва таъсиси КДҲФ чунин шарҳ дода мешуд: "бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таъсири амиқи бӯҳрон, ташдиди ихтилофоти сиёсӣ, байниқавмӣ, гражданӣ ва анархия, ки ба ҳиёти шаҳрвандони СССР таҳдид мекунад ва ба хотири истиқлолият, комилияти ҳудудӣ, озодӣ ва мустақилияти ватани азизамон".
Бо амри ГКЧП фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ манъ шуда, баргузории гирдиҳамоӣ ва намоишҳои кӯчагӣ иҷоза дода намешуданд. Ҳамчунин нашри тамоми рӯзномаҳо бо истиснои нашрияҳои "Труд", "Рабочая трибуна", "Известия", "Правда", "Красная звезда", "Советская Россия", "Московская правда", "Ленинское знамя", "Сельская жизнь" манъ карда шуд.
Қариб тамоми барномаҳои телевизионӣ аз намоиш бозмонданд. Ба шаҳрҳои бузург нерӯҳои низомӣ эъзом шуд. Михаил Горбачев, президенти СССР, ки он замон дар Қрим истироҳат дошт, дар бӯстонсарои давлатӣ дар Фарос дар инзивоъ қарор гирифта, аз кулли васоити алоқа маҳрум гардид.  

То нимарӯзи 19 август нерӯҳо ва техникаи ҳарбӣ дар роҳҳое, ки ба маркази Маскав мебурд, мустақар шуданд. Даҳо танк ба бинои Кохи Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Федератсияи Русия наздик шуданд.

Дар ҷавоб дар якчанд шаҳрҳои Русия гиридиҳамоиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайваст. Мухолифони ГКЧП дар муроҷиатномае "Ба шаҳрвандони Русия" ҳодисаҳои баамаломадаро "талоши табадулоти давлатии зиди конститутсионӣ" номиданд.  Ин муроҷиатнома ба идораҳои рӯзномаҳо, оҷонсиҳои иттилооти тамоми қаламрави СССР паҳн гардид.
Мухолифони ГКЧП-ро Борис Елсин, президенти РСФСР раҳбарӣ мекард. Елсин дар болои зиреҳпӯш истода "Муроҷиатнома ба шаҳрвандони Русия" -ро қироат намуда, амали ГКЧП-ро Ғайриқонунӣ хонд ва аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ба онҳо "ҷавоби сазовор дода, раванди қонунии ҳокимиятро талаб намоянд".

Шоми он рӯз аз тариқи телевизион нишасти хабарии аъзои ГКЧП намоиш дода шуд. Нафароне, ки ин барномаро тамошо кардаанд, мегӯянд, ларзидани дастҳои Геннадий Янаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти СССР баръало намоён буд.
Дар Русия мухолифони ГКЧП афзоиш меёфтанд.

20 август аз ҷорӣ намудани қуюди шабгардӣ дар Маскав эълон шуд.
Атрофи Қасри шӯроҳои РСФСР отрядҳои ихтиёриён гирди ҳам омаданд, то биноро аз ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҳифз намоянд.

Шаби 20 ба 21 август тақрибан соати яки шаб корвони мошинҳои ҳарбии десантӣ  ба наздикии Қасри сафед омаданд. Аммо задухӯрди ҷиддие сурат нагирифт.
Субҳи 21 август  хурӯҷи нерӯҳо аз Маскав оҒоз гардид. Наздикии нисфирӯз сессияи изтирории Шӯрои олии РСФСР баргузор шуд. Елсин бори дигар аз амали Ғайриконститутсионии ҷонибдорони ГКЧП ва мухолифи демократия будани он изҳор намуд. Баъди талоши нокоми табаддулоти давлатӣ 21 августи соли 1991 ҳамаи аъзои ГКЧП бо истиснои Борис Пуго, ки худкушӣ кард, пушти панҷара кашида шуданд.

22 август Михаил Горбачев ба Маскав омад. Зимни як баромати телевизионӣ  ӯ гуфт, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ ноком шуд. Ҷонибдорони ин идея дарк накарданд, ки мардум озодиро мехоҳанд ва касе акнун сади роҳи онҳо шуда наметавонад.
23 август бо фармони Борис Елсин фаъолияти Ҳизби коммунист дар қаламрави Русия манъ карда шуд.

24 август Михаил Горбачев изҳор дошт, ки аз мақоми дабири кулли КМ ҲКИШ истеъфо медиҳад.   
Бӯҳрони августӣ боиси барҳам хӯрдани СССР шуд. 8 декабри соли 1991 намояндагони Русия, Украина ва Белоруссия эъломияи таъсиси ИДМ (СНГ)-ро имзо карданд. Баъдан 11 кишвари дигар низ ба ин иттиҳод шомил гардиданд.
Таъсисдиҳандагони ГКЧП мехостанд, СССР-ро дигарбора эҳё намоянд аммо баръакс ин талоши онҳо Иттиҳоди Шӯравии абарқудратро ба коми нестӣ кашид ва пас аз гузашти 4 моҳ СССР ҷойи худро ба ИДМ дод.  


Аммо дар Тоҷикистон чӣ гап буд?


Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, маҳз ҳамин кудатои ноком боис шуд, ки Тоҷикистон ҳам ба мустаъқилият бирасад. Расо баъди 21 рӯзи таъсиси ГКЧП -9 сентябр эъломияи истиқлоли  Тоҷикистон имзо гардид.

То ҳол миёни таърихнигорону коршиносони тоҷик дар бастагӣ ба ҳукумати муваққатии се рӯза дар Маскав андешаҳои якранг нест. Қисме мегӯянд, ки дар он се рӯз мақомоти Тоҷикистон аслан тасмими ҷиддие нагирифтаанд, ки муайян намояд, то аз ГКЧП ҷонибдорӣ мекунанд, ё баръакс. Мухолифин ин хомӯширо пӯштибонӣ аз табаддулоти давлатии Маскав таъриф карданд, мақомот бошанд гуфтанд, ки беҳаракатии онҳо маънии бетарафиро дошт. Чунин андешаҳо низ ҳаст, ки ҳукумати вақти Тоҷикистон аз ГКЧП иттилое надошт. Аммо дар ҳоле, ки тибқи амри ГКЧП чопи бештари нашрияҳо дар Русия манъ шуд, аз 19 то 21 август дар Тоҷикистон низ дастури нашр нагардидани рӯзномаҳои мустақил дода шудааст.

Бо вуҷуди таҳдидҳои мақомоти интизомиву амниятӣ дар мавриди ихтиёр кардани хомӯшӣ садорати ҳизби демократ изҳороте пахш намуда, талоши табаддулоти давлатиро маҳкум кардааст.
Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон мухолифини ГКЧП зиёд будаанд. Аъзои Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияти расмӣ надоштааст ва пайравони ҳаракати мардумии "Растохез".

Рӯзи 26 август Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳавлии театри опера ва балети ба номи Айнӣ гирдиҳамоӣ намуд ва алайҳи талоши табаддулоти давлатии Маскав эътироз кард.
Баъди се рӯзи дигар майдони Ленин, назди бинои парлумон макони таҷаммуи ҳазорон нафар шуд. Гап сари ин ки 29 август иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон даъват шуда буд. Гуфта мешавад, мардуми гирдиҳамомада 17 талаб дошт, ки асоситаринаш эъломи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин эътирозгарон талаб доштанд, ки  Қаҳҳор Маҳкамов, президенти вақти Тоҷикистон, Иззатулло Ҳаёев, сарвазир ва Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олӣ истеъфо бидиҳанд. Ба қайди расмӣ гирифтани ҲНИТ ва манъи фаъолияти Ҳизби коммунист барои пуштибонияш аз ГКЧП аз дигар хостаҳои онҳо буд. Дар Шӯрои Олӣ истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов аз мақоми президентӣ ба миён гузошта шуд, аммо ӯ эълон дошт, ки ҳоло ҷавон аст ва кор карда метавонаду аз  вазифааш ба ҳеч ваҷҳ даст намекашад. Баъдан Маҳкамов аз тасмими худ ҷиҳати ихроҷ шудан аз Ҳизби коммунист эълон дошт ва ба қавли коршиносон маҳз ҳамин нукта фаъолияти президентияшро ба суқут овард. Акнун ҷонибдоронаш аз Ҳизби коммунист ҳам дигар ба ӯ эътимод надоштанд ва Маҳкамов 30-юми август истеъфо дода, толори Шӯрои Олиро тарк намуд.

Соҳибназарон мегӯянд, Каҳҳор Маҳкамов, ки дар 9 моҳи ахир президенти Тоҷикистон бо пуштибонӣ аз ГКЧП роҳи райисҷумҳурияшро кӯтоҳ намуд. Қадриддин Аслонов, раиси Шӯрои Олӣ муваққатан вазифаҳои Маҳкамовро бар дӯш гирифт. ӯ се ҳафта ба сифати райисҷумҳури Тоҷикистон фаъолият намуд, аммо дар таърих номаш ҳамчун имзокунандаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сабт шудааст. 9 сентябри соли 1991 ӯ зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт (дар ин миён коршиносон аз хизматҳои Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари ҳаракати миллии "Растохез" дар солҳои 1991 ҷиҳати истиқлолияти давлатӣ зикр мекунанд. Ба қавли онҳо аввалин матни эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро Тоҳири Абдуҷаббор навишта, муаллифи асосии он санади таърихи ҳам ҳуди ӯст. Аммо заҳматҳои вай то имрӯз аз ҷониби мақомоти кишвар қадр нашудааст).   

Аммо касби Истиқлолият низ натавонист Тоҷикистонро аз домани ҷанги шаҳрвандӣ раҳонад. Майдоншиниҳои ду ҷониб дар Душанбе билохира ба ҷанг оварда расонд. Танҳо дар санаи 27-уми июни соли 1997 ду ҷониби даргир дар шаҳри Маскави Русия созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ба имзо расонданд.

Абдулазизи Восеъ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)