Бахшҳо
18 апр 2014 16:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ваъдаи "дурӯғин"-и имомхатиб барои ҷалби ҷавонон ба артиш?

Имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз сокинони минтақа хостааст, фарзандони худро барои хидмат дар Артиш фиристанд ва дар иваз барояшон замини наздиҳавлигӣ дода хоҳад шуд. Ин ҳарфҳоро Маҳмадсаид Акрамов дар намози ҷумъаи 18 апрели соли ҷорӣ баён доштааст.

Ин бори аввал нест, ки имомхатибон ва мақомоти расмӣ дар ноҳияҳои кишвар ба сокинон чунин ваъда медиҳанд. Аммо Муҳаммадризо Қурбонов, ёвари раиси ноҳияи Восеъ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дар бораи ҷудо кардани замин ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, қароре мавҷуд нест.”

Вай афзуд, “намедонам, имомхатиб ин тасмимро аз куҷо гирифта бошад. Мумкин барои ҷалби ҷавонон барои хизмат гуфта бошад. Ҳукумат ба нафарони ниёзманде, ки чанд сол мешавад ариза супоридаанд замин ҷудо карда наметавонад, ба ҷавонон аз куҷо замин медиҳад?”

Маҳмадсаид Акрамов, ки аз ӯ ба унвони писарамаки раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода ном бурда мешавад, дар пайи барканории Убайдуллоҳ Ҳасанов имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Восеъ таъин гардид. Оқои Ҳасанов тобистони соли гузашта, танҳо баъд аз он ки дар мулоқоти рӯҳониён бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Восеъ масҷиди ҷомеи марказӣ мавҷуд нест, аз мақомаш барканор гардид. Вале мақомот гуфтанд, ӯ дар корҳояш камбуди зиёд дошт ва ин тасмим ба ҳамин хотир гирифта шудааст.
Мӯҳр
АЗ Худо битарс чаро дуруг мугуед хол онки ин гуна конун вучуд надорад ! Лаганд бардори бас будагист!!!!

намозгузор
худи хамин руз имом хатиби н Восеъ гуфт ки касе ихтиёри ба хизмати аскари равад аз кучаи Вализода ба у учаскаи назди хавли медихад агар имом хатиб аз сухани гуфтагиаш эътироз кунад ё гуяд ки ин дуруг аст дар назди Худо гунахгор шуда метавонад аз руи гуфтаи Худо ва Қуръон имоматиро бас кунад..(шарманда)али,
али,

ханафи
Куръон*
"ЛАЪНАТ КАРДА ШУД ДУРУFГУЁНРО" (аз-Зориёт, ояти 10).

Хаааааа ана ин АСТ кори имомхатибони дарбори!!!!! Дигар даьвати чавонон ба души имомхатибон гузошта шуд!!! Ба иомхатибони дарбори Як маслихат; Шумо метавонед чавонони 18 солара даьвати ба масчид кунед, ана баьд хама кора Як тараф монда дар даруни масчид "ОБлава" кунед! Як хамин кори Шумо монда буд!!!

Восеъ
Имоми кабли бисёр шахси поквичдон буд афсус, ки пешаш карданд. Барои хукумат ана хамин хел дуруггуйхо лозим аст. Хатто забонам намегардад, ки М.Акрамовро имом гуям.

мухочир аз русия
Оё дар минбар нишаста бадаи друг додан ёо гапи дунёои задан дурустаст агар худро домуло мехисоб ойат ёо хадис биёор акаланд барои гапи дунйоизаданат далел биёор илтимос озодагон ба нашр расонед

ozodagon charo az moro shop nakardi

сино кулоб
Ин вакто ки минбари паембарро мачбури гирифтаанд кадом сухани инхо рост аст ??? аз минбари суннатии паембари Ислом ки масъулити калон назди муслимин дорад чунин суханхои дуругу беасосро гуянд. Вакто чунин ашхос аз минбар истода дуруг мегуяд хама не кисми намозхонон гумрох мешаванд хатман уро барои фиребаш аз минбар барканор кард

minbari payombar (s) baroi durug guftan va baroi rohi ki oqibati xub nadorad davat kardan nest badan agar in haqiqat doshtaboshad ki az har xonaeki yak javon ba ixtiyori xidash xidmati harbi ravad va ba u zamin dodameshavad az tarafi hukumat pas charo farzandoni xudatro ba xidmat ravon namekuni chashm narasad serfarzandi agar har yak kadomash zamin girand nimi tjk azoni shumo xohad shud

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)