Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:02

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

18 апрел 2014, 18:46

Шоми 18 апрел дар театри миллии драмавии ба номи Чингиз Айтматови Бишкек намоишномаи “Дон Жуан” дар коргардонии Барзу Абдураззоқов намоиш дода шуд.

Хабарнигори “Озодагон” дар Бишкек гуфт, театр аз тамошобин пур буд ва билетҳо барои ин намоишнома пурра фурӯхта шудаанд. “Тамошобин хеле зиёд аст. Тоҷикони муқими Қирғизистон, ки имрӯз барои харидани билет омаданд, пушти дар монданд. Ҳатто барои ду рӯзи оянда ҳам, ки намоишнома такрор мешавад, билет нест",-гуфт хабарнигори мо.

Ба иттилои манбаъ, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам тамошобини ин намоишнома будааст.

Барзу Абдураззоқов охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Охирҳои моҳи феврал дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов таъсис ёфта авохири моҳи сипаришуда Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов ҷоиза дод.


АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов

АКС: Навбат барои тамошои "Дон Жуан"-и Барзу Абдураззоқов


(АКСҲО АЗ САҲИФАИ ФЕЙСБУКИ СИЁВУШ ҶУНАЙДӢ, ШОИРИ ТОҶИКИ МУҚИМИ БИШКЕК)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 18 апрел 2014 20:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
guruhoi muxolifin dar bishkek ziyodand az on jumla pomirihoi gureza.raved tamosho kuned hamkoratonro.
Посух додан
  • камол

  • 19 апрел 2014 08:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОФАРИН!!!!!
ЧИЛОИ ХУНАРИ ТОЧИК МУБОРАК!!!!!
Посух додан
  • Мухаммад

  • 19 апрел 2014 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мешудаст ку! Худта гаранг када гаштй. Ба пеш Барзу! Ба фикрам дар президентй хам мони ончо мегузарй...
Посух додан
  • Сафар

  • 21 апрел 2014 07:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Барзуи азиз,вокеъан чор нафар Барзуи дигар бошад миллат аз Чамшуд ба Чамшед табдил хохад ёфт!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!