Бахшҳо
19 апр 2014 10:05Тоҷикистон / Видео

Эълони ҳукми бозори Кабирӣ боз ба таъхир уфтодааст (ВИДЕО)

Масъулони Додгоҳи ноҳияи Турсунзода гуфтаанд, ҳукми бозори “Саховат”, мутааллиқ ба хонаводаи Муҳидидн Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, рӯзи 21 апрел эълон хоҳад шуд. Дар ҳоле ки қаблан додрас Муҳаббат Пардаева пешниҳоди оқои Кабирӣ дар бораи рӯзи душанбе хондани ҳукми бозорашро напазируфта, гуфта буд, онро 19 апрел эълон мекунад.

Вай афзуда буд, агар Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбе имкони ба додгоҳ омаданро надорад, баъд аз панҷ рӯз метавонад, ҳалномаро дастрас намояд. Ин гуфтугузор 18 апрел, дар рӯзи охирини баррасии қазияи бозори “Саховат”, дар додгоҳи ноҳияи Турсунзода сурат гирифт. Дар ин мурофиа додрас ҳарфҳои охирини намояндаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ, ки даъвогари асосист, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Муҳиддин Кабириву вакили мудофеи ӯро шунид.

Раиси Ҳизби наҳзатии исломӣ дар ин мурофиа бори дигар се пешниҳоди қаблии худро барои ҳифзи бозор ироа кард, ки якеи он бунёди варзишгоҳ аз ҳисоби онҳо дар сурати ҷудо гардидани замин аз сӯи ҳукумат аст. Аммо Солеҳҷон Носиров, намояндаи Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, барои дар ихтиёри давлат гузарондани бозори “Саховат” пофишорӣ намуд. Ӯ гуфт, қаламрави бозори “Саховат” дар ихтиёри ҳукумати ноҳияи Турсунзода набуд ва онҳо ҳақ надоштанд, онро ба касе бидиҳанд ва бинобар ин бояд дубора ба ҳисоби давлат гузаронда шавад. Носиров аз додраси парванда талаб кард, то даъвои онҳо алайҳи соҳибмулкони феълии бозори “Саховат”-ро қонеъ кунад.



Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи соҳибони кунунии бозори “Саховат”, гуфт, ҳадаф аз ин ҳама гирудорҳо аз ихтиёри нафарони таҳти ҳимояти ӯ гирифтани бозор асту бас. “Як бор мегӯянд, намехоҳанд тоҷирони бозор бекор монанд ва фақат мехоҳанд ба баланси давлат гузаронда шавад. Як вақти дигар иддао доранд, ки дар ин маҳалла варзишгоҳ несту бояд дар ҷои бозор варзишгоҳ созанд. Талаб як чиз аст. Соҳибмулки бозор иваз карда шавад. Инҳо умуман маблағе надоранд, ки варзишгоҳ созанд, фақат як валангореро дар ин ҷо боқӣ мемонанд”,-афзуд ӯ.

Парвандаи бозори “Саховат”, ки ба қавли соҳибмулконаш дар он ҷо ҳудуи 700 нафар машғули коранд, дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ - бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Оҷонсӣ мегӯяд, бозори “Саховат” ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Яке дигар аз далели мақомот ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд.
Мӯҳр
суд собик
Дар макомоти суди рузи шанбе истирохатис, пас чи хел.....???

Тахлилгар
Мухтарам Судя о чаро ту нисбати огои Кабири пофишори мекуни, дар рузи истирохат хукми суд баровардан ин накзи конун мебошад, ба фикрам баъди пешниходи Устод ки аввал саркаши кардию баъдан кабул карда онро ба рузи душанбе гузошти?!
Дидед ки хар амали ночо дер ё зуд пушаймони дорад ва рузи душанбе хам ин фурсатро аз даст надода як хукми одилона бароред то инки баъди 15 ё 20 сол хам бошад пушаймон нагардед!

суд собик,
ие 48 соат да як сутка кор менан, истирохат да кучоай.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)