Бахшҳо

“Душанберо бо вуҷуди кӯчаҳои пури лой, гаронӣ, “пробкааш” ва... дӯст медорам”

Абдулазизи ВОСЕЪ

Душанбе шаҳри ормонҳост. Шаҳрест, ки садҳо нафар дар он дурнамои рушдашонро мебинанд. Шаҳрест, ки ҳазорон нафарро аз рустоҳо берун мекашад ва сӯи худ мехонад. Душанбе оҳанрабо на, балки “одамрабо”-ст.

Душанбе бо ҳама каму бешаш зебо аст: бо вуҷуди “пробкаҳо”-и зиёд, ронандаҳои ҳамеша саросема, низоми даҳсолаҳо комилнашудаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва фарҳанги 20-сола шакл нагирифтаи шаҳрнишинӣ. Ҳатто баъзан вақте сари ҳар қадам гӯшат зери борони дашному ҳақорат мемонад – дар дохили нақлиёти мусофирбар ронанда дар ҳузури занону кӯдакон унвонии касе дашномҳои болохонадор мефиристад, зане сарашро аз тирезаи ошёнаи 12-ум берун кардаву бо тамоми овоз ҳафт пушти наврасеро, ки бо писараш дар поин ҷанг дорад, “навозиш” мекунад, дилат аз ин шаҳр намегирад.

Ногуфта намонад, ки “очата фалон”-у “апата фалон” ва ғайраву ҳоказо “салом”-и як гурўҳе аз ҷавонҳои Душанбе аст. Аммо “дилат намегирад” гуфтан ҳам нодуруст аст. Албатта, ҳар бор ки гўшат дашном мешунавад (сари ҳар қадам) дилмонда мешавӣ, аммо охир ин ҳама ҷурми пойтахт нест-ку? Душанбе гуноҳ надорад, ки фарҳанги гурўҳе аз ҷавону миёнасолу пиронсоли мо коста аст.

Душанберо бо вуҷуди кӯчаҳои пури лой, роҳҳои хароби мошингузар, чароғакҳои роҳнамои “хомӯш” дӯст медорӣ. Ин гуноҳи шаҳр нест, ки бархе масъулонаш бемасъулиятанд.

Душанбе бо вуҷуди иҷораи гарони манзилҳо, нархи осмонкафи хонаҳо дилкаш аст. Пайваста боло рафтани арзиши ғизову либос ҳам меҳрро нисбат ба ин шаҳр кам намекунад. Онҳое, ки Душанберо ба қасди кишварҳои хориҷ тарк кардаанд, аслан аз пойтахт дилмонда нестанд. Онҳо Душанберо дӯст медоранд, танҳо зиндагӣ маҷбурашон карда, то ин шаҳрро тарк бикунанд.

Душанбе барои намояндаи ҳама табақаҳо, ки мехоҳанд дар дохили кишвар бошанд, дурнамои рушд аст. Онҳо бар инанд, ки танҳо Душанбе барои бароварда сохтани орзуву омолашон мувофиқ аст. Кӯдакону наврасон аз рустоҳо Душанбе меоянд, то зиндагияшон беҳтар шавад. На ҳамаи онҳое ки мошин мешӯянду селофан мефурӯшанд ё испанд дуд меандозанд, зодаи пойтахтанд.

Ҷавонон барои хондан меоянд ва баъд аз хатм талош мекунанд, ин ҷо бимонанд. Насли миёнасол ё солманд ҳам аз деҳот барои пайдо кадани қути лоямут роҳи Душанберо пеш мегирад.

Душанбе шаҳри орзуҳост, аммо на ҳамаи орзуҳо инҷо бароварда мешаванд. Он шаҳри умедҳост, аммо бисёр умедҳо ба ноумедӣ мебаранд. Пойтахт шаҳри ормонҳост, вале аксар ин ормонҳоро ба гӯр мебаранд.

Душанбе баландтарин милаи парчам дар ҷаҳонро дорад. Сохтмонҳо дар авҷанд. Китобхонаву осорхонаву чойхонаи миллӣ бо харҷи маблағҳои зиёд дар дили ин шаҳр бунёд шудаанд. Боғҳои муосир ҳам дар ин шаҳр кам нестанд. Майдону фаввораҳои рангоранг низ дорад. Гаронтарин мошинҳо дар кӯчаҳои Душанбе мегарданд. Аммо ин ҳама боиси ифтихор нест.

Худи Душанбе, ҳамчун шаҳр ва пойтахт мояи ифтихор аст. Ва ҳамин шаҳр ид дорад! Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Рӯзат муборак, пойтахти ман!
Мӯҳр
Пойтахти ту, илтимос нахандон, ин пойтахт барвакт аз ту набуд, сохиб дорад. Ва сохибашро худат медони. Бехуда худата таскин надех, аз паи зиндаги бош, ё аниктараш китоб хон.

Воҳима накъ АбдулАзиз... Пойтахти тъ нест, пойтахти "бача бачаҳакояй". 14 сол боз дар ин шаҳр иҷора ба иҷора мегардӣ, аммо "бача бачаҳако" дар и 14 сол 41 бор хонаҳошона калону васеъ карданду фурухтанду зиёд намуданд

Салм
Бо як чумла "Душанбе- это большой кишлак".

dushavbe behtarin joy ast har4and dar davlat dar behtarin sharoit zindagi kuniham dilat baroi dushanbe tang meshavad. inro vakteki az vatan berun rafti bad bisyor xub mefahmi ammo 4i ilij majbur hastemki baroi zindagiro pesh burdan in shahreki bisyor dustash medorem tark kunem agar londonu pariju nuyork zindagikuniham boz dushanbero yod mekuni vatan digarast ba umedi bozgasht ba dushanbe (muhojiri xoruzor)

Бисер дуруст гуфти бародари азиз!!!

Dev
Dushanbei solhoi 90-um garchande in gun zamonavi nabud , vale nek bud, soda bud, odamonash bomadaniyat budand, javonhoyash bosharm budand...Mo bachahoi dehot soli avvali donishjui kushish mekardem chun shahriho libos pushem, chun shahriho bomadaniyatona suhan kunem, dar kuichaho bo ovozi baland harf nazanem, partobhoro dar partobgoh havola kunem, dar trolejbusu autobusho hama sargarmi hondani kitobu gazeta budand...Holo shahr namudi zohiriash digar shud , vale mardumash ham hislatu guftoru raftori digar dorad, guijo in mardumro az kadom jangal ovarda boshand...

Ушшоки Душанберо бинвишта пушаймонам,
Дируз ватангах буд имруз бизангох аст...
Лоик

Tojik
dar Dushanbe madaniyati mardum ruz az ruz past shudaistodaast. Va chihele shumo dar injo gufted. dili odam monda meshavad az in dashmonhoe ki javononi imruz mekunand. Boyat ba ba raisoni television va radio guft ki reklamahoe dar tv va radio bikunand ku ba mardum foidanok boshad, va az dashnomhoi kabeh dast bikashand. Hifsi milli past shuda raftaistodaast.

dushanbe dar hakikat zebovu zamonavi shudaast.lekin dar borai hakoratu dashnom durust gufti.

Аброр
Душанбе шахр нест.Дар кучо дидаед,ки шахр бе саноат бошад?

Салм, ман ба гуфтахои Шумо дар сад дар розиям.

Агар Душанбе вайронсароест, Ман ин вайронсароро дуст дорам. Офарин Абдулазиз! Матлаби ҷолибу хонданӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)