Бахшҳо

“Тасмими Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба нафъи ҳукумат нест”

Гуфтугӯ бо Тоҳирхон Ғозиев, раиси “Тоҷиказот”, ки қисми зиёди саҳмияҳои онро Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ, дар ихтиёр дорад.


Қисмати аввали сӯҳбат инҷост

-Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон иддао дорад, ки ҳукумат корхонаро миллӣ кунад, дар ин сурат ҳукумат бурд мекунад. Назари Шумо чист?
Ғозиев: “Бохт мекунад. Ин бохти беназир дар иқтисодиёт мешавад. Иқтисодиёте, ки бе ин ҳам фалаҷ аст. Бояд зикр кард, ки мусодираи моликияти соҳибкорон имиҷи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поён мебарад ва дубора ба даст овардани он ба назари манн хеле мушкил аст. Фирташ соли 2001 ба корхона 9 миллион доллар сармоягузорӣ кард. Биёед, як ҳисоби одии арифметикӣ мекунем. Соли 2001 нархи як хонаи сеҳуҷрадор дар Душанбе 2-3 ҳазор доллар буд, яъне бо ин 9 миллион доллар, 3 ҳазор хонаи сеҳуҷрадор харидан мумкин буд. Имрӯз агар як хонаи сеҳуҷрагиро тахмин 50 ҳазор доллар ҳисоб кунем ва ба се ҳазор зарб занем, 150 миллион мешавад. Ана фарқияти қурби пули соли 2001 ва соли 2014 то куҷост. Марҳамат, 150 не, 100 миллион ба соҳибаш диҳанду заводро бозпас гиранд. Дар боло ишора карда будам, ки барои барқарор кардани заводи Марӣ 300 – 350 миллион доллар зарур аст. Агар Фирташ корхонаро намегирифт, ҳоло мо ҳам чунин мушкилотро доштем. Вақте дар ин бора сухан меравад, як суол зеҳнамро ранҷ медиҳад, одамонро куҷо мебарем? Ҳазорон нафар чашми умед ба ин корхона дӯхтаанд, ҳазорон нафар аз ҳисоби ин корхона нон мехӯрданд, муҳоҷирати меҳнатии ҳазорон нафарро мо нигоҳ доштем. Ҳазор – ҳазор тифлакон дар оғӯши гарми падар ҳастанд. Умуман, вақте бо инвестор кор мекунем, гап дар бораи пул ҳам намеравад, сухан дар бораи обрӯи давлат меравад. Сухан дар бораи сиёсати дарҳои кушод, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷойҳои корӣ, омода намудани мутахассисон, маҳсулоти дохилӣ ва ғайра меравад. Ёд дорам, соли 2007 чун корхона фаъолияти дуруст надошт, аз дирексияи марказ омада, гуфтанд, ки омода бошед, корхонаро ба ауксион монда, мефурӯшем. Он вақт 1100 нафар кор мекард. Ба онҳо гуфтам, бо ин амалатон на фақат мутахассисонро аз даст медиҳед, балки дар завод ҳам чизе намемонад, ҳамаашро канда мебаранд. Барои тайёр кардани як мутахассис чӣ қадар маблағ ва кӯшиш сарф шуда буд, агар инҳоро аз даст диҳем дигар мутахассис намеёбем. Дар соҳаи кимиё ҳар кас мутахассис шуда наметавонад, махсусан дар шароити Тоҷикистон, ки соҳаи мошинсозиямон то ҳанӯз фалаҷ аст. Аз Субҳон Юлдошев (директори собиқи корхона) ёдовар шудам, ки чунин мутахассис дар Тоҷикистон ангуштшумор аст. Вақте корхонаро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардондем, зиёда аз 60 нафар мутахассисони рус омада, коргарони моро ба омӯзиш фаро гирифтанд, солҳои 2007 – 2008 мутахассисони мо аз як хел мутахассисони аз Русия омадагӣ пеш гузаштанд. Сад афсӯс, ки мутахассисони худро бой медиҳем. Аммо ман бовар дорам, агар корро сар кунем, ҳамаашон бармегарданд, ду бор фарёдашон карда будем, соли 2011 омаданд, интизор шудем, кор шурӯъ нашуд, боз рафтанд, ҳар баҳор меоянд, мепурсанд, ки кор мешавад ё на. Аксарашон дар заводҳои Русия аз рӯи ихтисос кор мекунанд. Барои он ки корхона дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад, аз 230 то 260 нафарро ҷавоб надодаем. Соли панҷум аст, ки завод кор намекунад, аммо сармоягузор 8,5 миллион сомонӣ маошамон дод, ки мутахассисонро аз даст надиҳем. Завод дар ҳолати хуби техникӣ қарор дорад. Амалан, агар проблемаи газ ҳал шавад, мо мутахассисонро ҷамъ карда 10 – 15 рӯз омӯзиш мегузаронем, шояд дар панҷ сол бисёр чизҳоро фаромӯш карда бошанд ва ба фаъолият шурӯъ мекунем. Иқтидори солонаи завод 180 ҳазор тонна карбамит аст, аммо мо то 200 ҳазор тонна бароварда метавонем.”

“Тасмими Оҷонсии зидди фасоди молӣ ба нафъи ҳукумат нест”-Дар ин муддат, ки корхона фаъолият надорад, масъалаи пардохти андоз чӣ гуна аст?
Ғозиев: “Аз замони корхонаи муштарак шудан 45 миллион сомонӣ андоз ба давлат супоридаем. Агар газ бошаду 50 ё 60 ҳазор тонна маҳсулот ҳам барорем, фақат НДС 27 миллион сомонӣ мешавад. Дар шароити Тоҷикистон магар ин пули кам аст?”

-Ҳоло нуриҳои азотӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ аз дигар кишварҳо ворид мешаванд. Оё имкон надорад, ки ба ғайр аз карбамит дигар навъҳои нуриҳои маъданиро ҳам истеҳсол кунед?
Ғозиев: “Бале, имкон дорем, чаро бояд селитраи аммиакиро аз дигар ҷо харем, агар худ истеҳсоли онро ба роҳ монда тавонем. Агар корхона ба фаъолият шурӯъ кунад, маслиҳат карда будем, ки истеҳсоли селитраро дар завод ба роҳ монем. Бартарии кор он мешавад, ки барои хоҷагии қишлоқ селитра лозим шавад, онро медиҳем, кадом вақт карбамит даркор шавад, карбамит медиҳем. Умуман, аз ҳамин намакоб сионистий калий баровардан мумкин аст, ки он дар соҳаи истеҳсоли тило васеъ ба кор меравад. Албатта, ин ба саломатии коргарон каме хатар дорад, аммо магар ин мардум дар дигар ҷо бо хатар рӯ ба рӯ нестанд. Дигар ин ки ин аз худи коргар вобастагӣ дорад, худаш бояд бехатарии худро риоя карда тавонад. Агар бехатарии худро риоя карда тавонист, бехатарии заводро ҳам риоя карда метавонад.”

-Барои Тоҷикистон харида овардан арзонтар меафтад, ё истеҳсол кардан?
Ғозиев: “Агар истеҳсолкунандаи ватаниро ҳимоя накунем, сармоягузоронро гурезонем, маҳсулотамон рақобатпазир набошад, ба ояндаи саноат умед баста наметавонем. Борҳо таклиф кардем, мутахассисони вазоратҳои саноат, иқтисод ва дигар сохторҳои марбут ба саноату иқтисод биёянд, якҷоя шинем, таҳлил кунем ва вазифаҳои мушаххас гирем, ки мо бояд чӣ кунем ва онҳо чӣ кунанд. Магар бо 3 фоизи даромаднокӣ корхона фаъолияти бонизом карда метавонад? Чаро масъулини мо имрӯз фикр намекунанд, ки фаъолият кардани корхона ба нафъи тамоми ҷомеа аст, вайрон кардан осон, обод кардан хеле мушкил аст. Фирташ боре дар сӯҳбат ба яке аз коргарони собиқадори мо гуфтааст, «ин корхона ба ман даромаде оварда наметавонад, аммо он чун фарзандам ба ман азиз аст, вақте сарватманд шудам, нахустин корхонае, ки харидам, “Тоҷиказот” буд”. Дар воқеъ, ӯ имрӯз корхонаҳое дорад, ки аз ин корхона садҳо бор зиёдтар даромад медиҳанд, лек як чизро қавли мардӣ мегӯянд… Фарқ надорад, ки соҳибмулки корхона кӣ аст, муҳим фаъолият ва бо ҷойи кор таъмин будани коргарон ва хуб намудани шароити иҷтимоии онҳо аст. Замоне корхона кор кунаду мо аз ҳисоби даромади он боғчаву мактаб ва маркази тиббӣ созем, он на ба фоидаи соҳибмулк, балки ба фоидаи мардуми ин кишвар аст.”


Дар акси аввал: Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ
Мӯҳр
Dev
Janobi Goziyuf, inon na dar fikri korhona hastandu na dar fikri joi kor, ba inho fakat bori tajora dihed onho ba furush monand, kissa pur kunand digar hej.

99
Ана, яке аз сабабҳои асосии рушт накардани иқтисод, ана ҳамин хел мутахассисонро гӯш накардани давлат аст!!!
Акнун, худатон қазоват кунед! Оё ин ҷиноят нест? Масалан, худи ҳамин агентии зидди коррупсия. оё кори ҳаминҳо аз фоидааш дида зарараш ба мардум зиёд нест?
Хулоса, гап бисёр!

Tojik
Aknun in kadar Andozi baland ba jaibi kadom rishva hur mezada boshad ? Va boyat dar fikr zad ki in korhonai ziddi fasodro baroi chi boz kardand ? va maksad chi boshad az boz kardani in agenciya? Chihele mebinem dar davomi kutohi boz shudani agenciya chandin korhonaho basta shudaand va basta shudaistodaand. Oyo nakshai inho odamoni bodavlatro az bain burdan ast ?

Мухтарам Гозиев бисер дуруст гуфтед!!! Инхо Як чиро медонанд; чихел роххоро истифода намуда донишмандону равшанфикронро аз байн баранд!! Бо хар тухмату бухтон сохибкорону равшанфикронро мусодираи молу анвол карда, онхоро равонаи зиндон карда истодаанд!!! Хол он ки садхо оилахо аз хисоби ин сохибкорон сохиби кору ризку рузи мешуданд!!! Мардуми бечораву бесаводро бо хисоботхои дуругу бесамар бовар мекунонанд, ки мо ру ба бехбудиву тараккиет нихода истодаем!! Охир инхо аз Офаридгори хеш метарсида бошанд?!

yo davlati kunand yo ba milionerhoi tojik tiyand behtar ast.

Шери нара хамика гапуш басай барои хукумати Точикистон: «ин корхона ба ман даромаде оварда наметавонад, аммо он чун фарзандам ба ман азиз аст, вақте сарватманд шудам, нахустин корхонае, ки харидам, “Тоҷиказот” буд”. Дар воқеъ, ӯ имрӯз корхонаҳое дорад, ки аз ин корхона садҳо бор зиёдтар даромад медиҳанд, лек як чизро қавли мардӣ мегӯянд… Фарқ надорад, ки соҳибмулки корхона кӣ аст, муҳим фаъолият ва бо ҷойи кор таъмин будани коргарон ва хуб намудани шароити иҷтимоии онҳо аст. Замоне корхона кор кунаду мо аз ҳисоби даромади он боғчаву мактаб ва маркази тиббӣ созем, он на ба фоидаи соҳибмулк, балки ба фоидаи мардуми ин кишвар аст.”

Гозиев "хоини миллат"барои норизои ба сохти имруза ба чавобгари кашида шавад

2
гапи дуруст инвесторонро хафа кардан длзим нест.

Чон
Салом ба мардуми шарифи точик,

Як чизро гуфтани хастам, ки Точикистони мо дар ягон сол пеш намераванд. Хамин гапро аз гушатон набароред мардуми шариф.

Вакте, ки президент ба кумитаи андоз мегуяд, ки мо шуморо гуфта будем ки кодекси навро барои сароягузорон сабуктар кунед. Ваё чикор кардан гирифта дар даруни кодекс чизе ки сари рохи сармоягузорро мегирад ворид кардан. Пас ин аз он шаходат медихам ки гапи рохбари давлатро нагирифта чи коре ки хохан мекунан. Бо бади баромадани кодекси нав рохбари давлат гуфт ки мо шуморо гуфтем ки кодексро сабуктар кунед шумо гирифта чазираш кардед тагиру иловахо дароред дар кодекс ваё гирифта боз як бора вазнинтараш кардан ки дигар одамхо бояд карзу кавола кунан сумро ба кумитаи андоз супоран. Ман як чиз мехохам, ки хамаи бизнесменхо кормандони хукумати шаван хамаи кормандони хукумати бизнесмен шаван баъд бинамшон ки чи кор мекарда бошан ба ин кори кардаагиашон.

Пас бояд мардум аз хукумат ягон чизро интизор нашавад.. Хама ба суи росия рафтан дар кор аст дар ончо шахрвандиро гирем осон тар мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)