Медали тилои Гулрӯ ва нуқраи Парвиз дар сабқати Непал
Гулрӯ Ҳоҷиева, варзишгари тоҷик дар рӯзи аввали чемпионати Осиё оид ба “Таэквондо ИТФ”, ки дар шаҳри Катмандуи Непал ҷараён дорад, тавонистааст, соҳиби медали тилло шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ин мусобиқ аз 18 то 23 апрел идома ёфта, дар он 50 варзишгари тоҷик иштирок хоҳанд кард. Манбаъ мегӯяд, дар ин мусобиқа инчунин Парвиз Муродзода, варзишгари дигари тоҷик медали нуқра ба даст овардааст: “Ҳоло варзишгарони тоҷик аз рӯи ҳисоби даставӣ ҳам миёни бонувон ва ҳам писарон дар мақоми аввал қарор доранд.”
Баргузории чунин як мусобиқа дар сатҳи байналмилалӣ низ дар рӯзҳои 6 ва 7 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |