Бахшҳо

Номаи хонандаи маъюби "Озодагон" барои дарёфти кумак

Яке аз хонандагони “Озодагон” бо номи Абдурашид Сафаров бо ирсоли номае ба унвонии хабаргузорӣ аз маъюб будани худу ба табобати ҳамешагӣ шадидан ниёз доштанаш хабар дода, аз афроди саховатпеша дархости кумак кардааст. Ин номаи корбари “Озодагон” аст:

“Сокини ноҳияи Фархор мебошаму 23 сол дорам. Маъюби дараҷаи якум ҳастам ва гирифтори бемории устухоншикан - “несовершенный остеогенез” мебошам. Дар оилаи муаллим модарзод гирифтори ин беморӣ ба дунё омадаам, ки падарам низ ҳоло маъюби дараҷаи 2-юм аст. Азбаски дар оила ду маъюбему бо маоши ночизи муаллимии падарам зиндагӣ дорем, шароити оилавиамон он қадар хуб нест. Бо мушкили иқтисодӣ сахт рӯбарӯ ҳастем. Ин дар ҳолест, ки банда ҳамеша таҳти табобати доимӣ қарор дорам ва барои пешгирӣ аз шикастани устухонҳоям бояд доруҳоро дар вақташ истеъмол кунам.

Чи тавре мегӯянд, ноумед шайтон аст, банда ҳанӯз бовариамро дар мавриди вуҷуд доштани шахсиятҳои саховатманду дастгири миллати тоҷик зинда мебошанд ва ҳамеша дастёри афроди маъюби ба мисли ман ҳастанд. Аз замони ба дунё омаданам то ба имрӯз беш аз 40 бор устухони узвҳои гуногуни баданам шикастааст.

Албатта, ин беморӣ ба қавли табибон табобат дораду ин гуна табобатҳо дар Исроил ё Олмон сурат мегирад, ки ба онҷо рафтаву табобат гирифтан, аз имконоти мо берун аст. Аммо барои гирифтани табобати бардавом барои пешгирӣ аз шикастани устухонҳоям ҳар моҳ ба 200 сомонӣ ниёз дорам. Шукри Худо аз соли 2011 ба ин сӯ, аввалан раҳмати Худованду баъдан аз сабаби истеъмоли бардавоми доруҳо боре устухонам нашикастааст. Қаблан аз ҳамаи Шумо азизон, ки зиндагӣ бо дӯстону атрофиёни накукор хуш аст, миннатдор ва сипосгузорам.

Абдурашид Сафаров,
Фархор”


Номаи хонандаи маъюби "Озодагон" барои дарёфти кумак

Номаи хонандаи маъюби "Озодагон" барои дарёфти кумак
Мӯҳр
Abdulloh
Ташакур ба хабарнигорони озодагон барои пахши ич хабаратон, Худованд аз шумо рози бошад, дастгирии чунин шахсчо кори савоб аст, ман агар донишчухам бошам, новобаста аз донишчу буданам, ба ин бародар 100 долар вадаи кумак мекунам, ва аз дигар бародарон хохиш мекунам ки дар кумаки чунин шахсиятхо шитоб кунанд то аз рахмати Худованд кафо намонанд, ман бовари дорам ки халки азизи мо бисер хаирхох аст, кушиш кунен ба микдори зураст маблаг чудо кунем ин бародаррамонро табобат кунем.

Али
Мадад бояд кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)