Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 11:38

109 716 нетбуки хитоӣ барои хонандаҳои синфи як

21 апрел 2014, 15:14

Туркманистон бо ҳадафи баланд бардоштани таълими компютерии хонандаҳои мактаб наздики 110 ҳазор нетбуки хитоӣ мехарад.

Бино ба иттилои расонаҳои ин кишвар, нетбукҳои мазкур ба хонандаҳои синфи якуми соли хониши 2014-2015 ҳамчун тӯҳфа дода мешавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар ҷаласаи ахири ҳукумат зери санаде имзо гузоштааст, ки ба роҳандозии ин иқдом равона шудааст.

Тибқи ин санад Вазорати савдо ва иртиботи иқтисоди берунии Туркманистон муваззаф шуда, ки барои харидории 109 716 нетбуки тамғаи “Lenovo E10-30” бо ширкати чиноӣ шартнома бубандад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Босмачи

  • 22 апрел 2014 11:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъд Фейсбуку Однокласснику Вконтакте кушода мешуда бошад? Интернети сусти камёфт баъд дар Туркманистон тезтар мешуда бошад?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!