Бахшҳо

15 ҳазор сомонии шаҳрдорӣ ба беҳтарин нозири минтақавӣ

Шаҳрдории Душанбе дар пайи як озмуни худ нозирони минтақавии беҳтарини сол дар пойтахтро муайян карда, ба онҳо аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин озмун Муродмад Калонов - подполковники милиса, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26-и шуъбаи Вазорати умури дохилӣ-2-и ноҳияи Синои пойтахт ҷойи аввалро соҳиб шудааст.

Мақоми дуюм насиби Ҳокималӣ Маҳмудов - майори милиса сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷойи сеюмро Саидмуҳаммад Акобиров - лейтенанти калони милиса сарнозири минтақаи маъмурии милиса №15-и шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати умури дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ишғол кардааст.

Инчунин, ба ғолибони озмун шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаи "Беҳтарин нозири минтақавии сол" бо имзои Раиси шаҳри Душанбе супорида шудааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳадаф аз баргузории чунин озмун, “баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ошкор ва пешгирии ҳуқуқвайронкунию мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими робитаи онҳо бо ҷомеа дар пойтахт мебошад.”
Мӯҳр
Босмачи
Ин нозирон нонашон аз кучахои бекамера ёфтестанд. Ба бехтарин кучаруб кумак кунед! ба бехтарин мухочир грамота дихед

Хайрулло
Э! бояд чор чой мешуд, ки барои нохияи Исмоили Сомони хам мерасид! дилмонда шуд

Тарчумон
О ба чои калимаи навозишии кудаконаи шуъбача ибораи зебою чиддии зершуъба гуед намешавад.Маънои отделения хамонро ифода мекунад.Хамчунин подотдел низ.Шумо ба тарчумаи тахдулафзи чанобони ВКД машгул нашавед.Тарчума хусусиятхои худро дорад.Агар ин тарчумаи зершуъбаи шуморо бо руси тарчума кунем на отделения ва на подотедел намешавад.балки чунин мешавад-мальенкий шуъба.Забонамонро хор накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)