Бахшҳо

Баҳси мухолифон ва тарафдорони Айнӣ дар пайи пешниҳоди Зоиров

Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои номгузорӣ шудани яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Агар бархе аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ ва ҳимоят карда бошанд, нафарони зидди он низ кам нестанд.

Асрор, як корбари “Озодагон”, бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ, аз ин пешниҳоди Нарзихон Зоиров, мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ибрози норозигӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “рафиқ Зоиров, ба устод Айнӣ аз будаш зиёд баҳо надиҳед. Дар ташкилшавии давлате бо номи Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд аз фарзонамардони тоҷик - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ном гирифт. Хидмати Айниро инчунин устод Лоҳутӣ низ дар адабиёт ба миллати тоҷик кардааст. Вақте Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи сиёсӣ ба Сталин ва ВЦИК-и СССР нома менавиштанд, ин нафарони номгирифтаи Шумо куҷо буданд? Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” баъд аз 2 соли ташкилшавии Тоҷикистон, яъне аниқтараш дар соли 1926 рӯи чоп омадааст. Албатта, агар соли 1923 нашр мешуд, гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст. Ба хидмати ҳар шахс бояд баҳои мунсифона ва воқеӣ дод."

Ин хонандаи мо дар идома навиштааст, "бовар дорам, агар Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз дигар минтақаҳо мебуданд, ҳайкалҳои тилоии онҳоро гузошта, аз онҳо на ҳамчун қаҳрамони 5 ва 6-уми Тоҷикистон, балки қаҳрамони рақами 1 ё 2 ном гирифта мешуд. Зеро онҳо тоҷики кӯҳистонианд ва дар ҷанги тоҷиккушӣ соли 1992 маҳз ҳамдиёрони ин барпокунандагони барҳаққи Тоҷикистон қатли ом гардиданд, аз ин рӯ қаҳрамондиҳии онҳо ба дарозо кашид. Ба назари ман, агар ин ду нафар барпокунандаи Тоҷикистон зинда мебуданд, ҳатман аз даҳшати ба мардуми диёр овардаи душманони миллат ба шигифт омада, аз кори кардаи худ сахт пушаймон мешуданд. Маҳз барои ташкили Тоҷикистон ва зарбаи сиёсӣ задан ба пантуркистон ин ду роҳбалади миллати тоҷик бо пешниҳоди пантуркистон соли 1937 кушта гардиданд.”

Дар ҳамин ҳол, корбари дигари “Озодагон” низ дар номаи фиристодаи худ ба мо аз пешниҳоди дипломати тоҷик ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “Айнӣ дар як гӯшаи дунё барои зинда мондани забони форсии дарӣ ё худ ҳамин забони тоҷикӣ хидмат кард ва бояд ба ин хидматаш арҷ гузошт. Ҳадди ақал набояд таҳқир кард ё аз ӯ ба бадӣ ном гирифт. Чун ҳарду кори хубе нестанду гуноҳи худро доранд. Чӣ тавре бародарони мусулмони мо огаҳӣ бештаре доранд, бояд аз кибру ғурур ҳангоми қиёс ва баҳо додан ба масъалае каме бояд поин фурудомад. Бо гузашти вақт довари замон худ, ки беҳтарин довар аст, баҳо хоҳад дод, ки кӣ буду чӣ коре анҷом дода буд! Устод Айнӣ дар адабиёт ва шиносондани мардуми тоҷик хидматҳои шоёну назаррасе кардааст. Албатта, инро ҳама медонаду мункири он ғалат кардааст. Магар имрӯз дар ҷомеаи мо ба мисли қаҳрамонҳои китобҳои ӯ, аз ҷумла Одинаву Дохунда ва Ғулому сӯдхӯрон кам дида мешавад?”
Мӯҳр
к
70 сол кахрамонхо аз шимол буданд. Холо бист сол шуд ки кахрамонхо аз дангараву кулобанд.

Айни бузург аст, вале иддаои гузоштани яке аз кучахои Эрон бо исми Айни бемантики ва беаклист. Чаро? худ андешед.

Бале... Айни бузург ва шоистаи тахсин аст, аммо барои иронихо хар як иронии одди аз Айни кахрамонтар аст. Чаро? Барои он ки иронихо на факат дар кишвари худ, хатто дар Амрико забон ва хуруфи форсиро то кунун хифз кардаанд!

Шохид
Шояд вакти он расидааст, ки руирост икрор шавем, ки чи тавр Фронти халки соли 1992 хайкали кабли ва бошукухи Кахрамони халки точик-Нусратулло Махсумро, ки дар даврони шурави сохта шуда буд, бо гранатамет несту нобуд карду буданд.

Бухорои
Ба Асрор. Айни аз Бухоро буд ва айбаш хам хамин аст, ки вай точики бухорист. Аз ин лихоз хар кас у нокас имруз ба маркади у санг мепартояд.Магар АЙнию хамдиёронаш набуданд. ки ба дохундахо хату савод оварданд? Магар онхо набуданд, ки забони точикиро хифз карданд ва собит намуданд. ки дар дунё адабиёти точик хам буду хаст? Курнамаки хам андоза дорад, чанобон! Айни ТОЧИК буд ва айб аст, ки шумо ба хизматхои у аз руи махал бахо медихед! Хайфи миллат, ки чунин намояндахое мисли Асрор дорад! Касам мехурам, ки ин миллат бо ин равияи махалгароияш сад соли дигар намепояд, ё туъмаи Аждахо(Чин) мешавад ё байни туркнажодон хапл мешаваду гумном.

Точик
Айри бузург аст, барои миллати точик хизматхои бузург кардааст. Агар Айни НАМУНАМ АДАБИЁТИ ТОЧИКРО НАМЕНАВИШТУ КАДИМТАРИН МИЛЛАТИ ОСИЁИ МИЁНАРО исбот намекард, Точикистон аз РАСС ба РСС табдил ёфтанаш гайри имкон буд. Дар масъалаи АЛИФБОИ ФОРСИ: Бародархо худ казоват кунед,ки шахрхо калимаи точикнишинро ба туркнажодхо доданду ба точикхо як кисми танги кухистонро. Агар гуем,ки мардуми мн минтакахо 90% бесавод буд хато намекунем. Дигар республикахо ва шахрхои саноати алифбои кирилоро кабул карда буданд. Точиконро лозим буд,ки алифбои кирилоро аз худ кунанд, то ки халкро босавод гардонанд. Дорулфунунъое,ки дар шахрхои Самарканду Тошканд ташкилшуда бо алифбои кирили дарс медоданд. ТАКРОР ШАВАД ХАМ, боз мегуям,ки агар АЛИФБОИ КИРИЛИРО кабул намекардем, халки мо саро-сар бесавод мемонд, аз чумла манотики КУХИСТОН. Бародарон шахсе нисбати УСТОД Айни як харфи хато мегуяд, дар гунох дар мемонад. Худи устод Айни алифбои кирилиро кабул накрда буданд. Инчо зарурияти милли ва тахкири устод аз тарафи нотавонбинони миллати точик устодро мачбур сохта Устодро чосуси Эрону Афгонистон дар осиёи Миёна эълон карда буданд. Ягон Эрони ба мисли устод айни барои адабиёти муосири форсу точик ин кадар хизмат накардааст. Домулло Айни бо адабиётшиноси машхури хамонвактаи Эрон бахси тулони намуда исбот кардад,ки адабиёти форсу точик аз мо точикон сарчашма гиритааст. Чопи "Намунаи адабиёти точик" ин як зарбаи калон ба пантуркистон ва душманони ин миллати кадим буд. ИЛТИМОС БАРОДАРОН, АГАР ТОЧИКИ ХАКИКИ БОШЕД, нисбати ин ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ гапхои хато нагуед. Арвохи ин бузургвор мезанад. Агар Айни ба мисли хоинони миллат Абдурауфи Фитрат, Абдулло Рахимбоев, Файзулло Хочаев, Хамза Хакимзода Ниёзи хоини мекард, ин миллатро ки сарбони мекард? Чавоб дихед! Душманони миллати мо чи кадар мубориза бурданд, то ки ин китоб руи чоп наояд, аммо бо кушишу гайрати Устод Айни ва саъйу талошхои Лохути ва Фадеев ин китоб руи чоп омад. Одаме,ки хуну нанги точики дораду худро мард мехисобаду заррае савод дорад ин гапро намегуяд.

AAA
Ман ба махалгароихои он касоне, ки шимолихо 70 сол хурду мо акнун сар кардем гуфтанхошон коил..... Бародар ба Шумо чунин хурданхо насиб кунад, вале ин гапхо хама дар замони хозира кухна шуданд ва боз бесаводии Шуморо нишон медихад.....

Абдуллох
Ба Точик! Арвох, х,еч, касро намезанад,ин гапро нагу ин гап хато аст Бародар!!!

Ахмадиён Хаким
Аслан талаб ё дархост намудан баро номгузории куча ё махал бо номи Айни дар Ирон аз руи одоб нест, инро худи миллат ва давлати Ирон бояд аз руи фахми худ бикунад. Асрор ва хамфикрхои шумо Самарканд ва Бухороихо хеч вакт махалчи набуданд ва нестанд, далели ин кахрамонхои романхои Айни аз Точикистон мебошанд. Шумоён миллатро ба шимолию чануби ва кухию водиги таксим накунед. Барои мо хамаи бузургон аз кадом махал ва минтака набошанд азизанд ва фахри моянд. Ин фахм ва менталитети махалчигиро канор гузоред, агар хохед,ки ба ягон пешрави ва ободи ноил шавад худро иваз кунед, набошад хамон шахшуда мемонед

Азизмурод
Эй бародарони бадбину бадхох кай аз дилу нияти пок сухан гуфтанро ед мегиред? Мондани номи Устод Айни ба яке аз кучахо е хиебоне дар Эрон магар фахри фарзандони точик нест? Шахсан барои ман Устод Айни он тараф истанд ба пастарин точик номи кучахои Амрикову Руссия, Эрону Туркие ва дигару дигараш монанд фахр мекунам , чунки ман точикам. Агар Устод Айни бузург намебуданд ба он кас унвони Кахрамони Точикистонро лоик медонистанд? Камтар шарму хаехам даркор. Бас будагист -кухистони- гуфтан. Касоне дар ин бора бахс мекунанд, ман фикр мекунам точик нестанд е каме бо дигар хунхои бегона олуда шудаанд.

Босмачи
лукмон,
гап додида лукмонча! иронихои гуфтагиат дар амрико форси гап мезанад, аммо навишта наметона! Намедони, аз хаво гап назада хап ке!

Асрор
Бухори устод Айниро касе таъна назадааст.У бархак кахрамони миллати мост.Сухан дар масъалаи ташкилшавии Точикистон дар соли 1924 меравад ва пеш аз хама хизмати раиси Кумитаи инкилобии Бухорои Шарки Нусратулло Махсум,ки аз Душанбе ба асп савор шуда ба Тошкент рафт. Даву тоз кард Точикистон чун чумхури ташкил ёфт.Он вакт аъзоёни зеркомиссия точик хатто зиди ташкил намудани чумхурии Точикистон ва тарафдори ташкилкунии вилояти мухтори Точикистон буданд!Сухан сари ин масъала меравад бародар.Вокеъан Нусратулло Махсумро падари миллат хам гуем хато намекунем!

Мо вакте калимаи душманро истифода мебарем ,барои бисёрихо маълум нест,ки бошад .Бояд руи рост донист узбок!

Ба фикри банда, дар тамоми давраи таърихи кухану навбунёди мо нест чунин шахс ба мисли Устод. Кореро у ба анчом расонид, ки дар фикру хаёлаш бехтарин фарзандони миллат чон супорида буданд. У бархак Устод ва Падари аслии миллати точик аст. Агар устод Рудаки огози сардафтари фархангии аст- устод Айни тачассумгари хастии мо. Пешниход шавад, ки мучассамаи Падари миллат -Устод Айни бо омехтаи тиллои Бухорои Шариф ва Юкути Бадахшон аз нав бунёд карда шавад. Афсус то хол баъзе фарзандони миллат дуруст дарк намекунанд, ки У чи кореро ба сомон расонид, дар холе ки хама хоб буд.У аз хоби гарони хазорсола бедор кард миллатро. Ба фикрам баъзе тангназарон хануз хам дар хоби гафлатанд. Бедор шав бо аклу дил, посдор номи арзандагон.

Хама донову дониманд. Вале мутаасифона то хол хатти нийогони мо баркарор нест. Суол ба хама довароне ки инчо харф мезананд : Чаро ин кахрамонони миллатдуст хатти нийогони моро аз даст доданд? Чаро забони миллати моро аз даст доданд? Чаро хувияти милли моро аз даст доданд? Чаро дину дийонати моро аз даст доданд? Ва сад суоли дигари бе посух? Вале мутаасифона то холо нест зийоие ки аз асли миллати мусулмони точик хифозат кунад хама то хол гуломи халкабаргуши ачнабийони рус гаштаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)