Бахшҳо

ВИДЕО: Изҳороти Шукурҷон Зуҳуров зидди Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи 24 апрел ҳангоми баҳсҳо дар бораи тарҳи пешниҳодии ҲНИТ гуфт, “ба умеди ОБСЕ (САҲА) нашавед”. Оқои Зуҳуров ин ҳарфҳоро вақте ба забон овард, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, изҳор дошт, ҳангоми таҳияи тарҳи пешниҳодиашон эроду тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ)-ро низ ба назар гирифтаанд.

Раиси Маҷлиси Намояндагон дар идома афзуд, “як камтар таҳлил кунед, дар куҷое, ки дасти онҳо то охир буд, дар он ҷо ҳеч вақт на тинҷӣ буд, на оромӣ буд ва на демократия буд. Ин як. Дувум ҳамин аст, ки ҳар як минтақа, мардум ва миллат менталитет, шароит ва таърихи худашонро доранд.” Шукурҷон Зуҳуров гуфт, бовар дорад, ҳарфҳои ӯ дар дохили парлумон намемонанд, вале бо ин ҳол таъкид кард, ки ин нуқтаи назари ӯст.



Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ахиран интихоботи моҳи ноябри соли гузаштаи Тоҷикистонро назорат ва чанде пештар хулосаву тавсияҳояшонро пешниҳод карданд. Онҳо интихоботи президентиеро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, интихоботи бидуни рақобат дониста, барои шаффофу озодтар гузаштани чунин маъракаи муҳим ба ҳукумат беш аз 30 тавсия доданд.
Мӯҳр
Офарин Шери Чумхур. 100% дуруст кайд кардед, ки онхо(САХА) дар кучое хастанд, фикри амнияти миллии дигаронро умуман ба назар намегиранд ва бештар манфиатхои чухудхоро рохандози мекунанд. Мо бояд ба ин чухудхо-гарбиён ягон шонс надихем. Ту шери кишвари Зухуров. Офаринат бод. Ту хамеша манфиати чамъиятиро боло аз манфиати шахсиат медони. Рахмат ба падару модарат.

ы
шумо интихоботи шаффоф гузаронед ба шумо ягон кас кордор намешавад ин а хаминхо хастанд ки интихоботи бо ном мегузаронед набошад вазифаро аз насл ба насл дода интихоботро аз байн мебаред.

7
Пас чаро аз минбархои баланд ОБСЕ мегуед?

Шумо худатон дар солхои чанги гражданй дар яке аз ниходхои ташкилоти байнулмилал кор мекардед ку? Инро чй хел фахмем?

Саид
Шумо чонибдори ДИКТАТУРА хастед! Чун ин созмонхо бар зиди ДИКТАТУРА мубориза мебаранд! Хайфи овози додаи МО

Адл
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дуруст гуфтааст, ки хеч нафаре ба умеди ОБСЕ (САҲА) нашавад. Ин суханонро хамчун рохбар гуфта, бовар доштааст, ки ин гуфтахоро ба берун намебароранд, лекин у аз кучо медонад, ки чун ... дар атрофи у зиёданд, ки тамоми сиру асрор ба берун, ба хоричиён расонида мешавад. Хама медонанд, ки Точикистон эроду тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) -ро доимо ба инобат мегиранд, вагарда интихоботи Президенти ЧТ ба ин дарача тинчу ором ва демократи намегузашт. Он чи, ки мегуянд бе ракобат гузашт, ин бехтар буд. Дар оянда хохиш менамоем, ки Раиси Маҷлиси Намояндагон ба саросемаги рох надода, коидаи "Хар сухан чоеву хар нукта маконе"-ро чидди риоя намояд, вагарда мисли хаминруза суханхояш дар матбуот чоп мешавад. Дар хакикат баъзехо як камтар таҳлил кунанд, дар куҷое, ки дасти ОБСЕ то охир буд, дар он ҷо ҳеч вақт на тинҷӣ буд, на оромӣ буд ва на демократия буд. Ин як. Дувум ҳамин аст, ки ҳар як минтақа, мардум ва миллат менталитет, шароит ва таърихи худашонро доранд.” 100 фоиз фикрхои Ш.Зухуровро тарафдори менамоям. Дуруст мекуни, ки рохгумзадахоро ба рохи рост хидоят мекуни, ки дар оянда душмани миллат нашаванд. Офарин.

Воқиф
Ташрифулло,
Ба иттилои Ташрифуллои бехабар мерасонам, ки Тоҷикистон сар то по ҳамроҳ бо Русияву Ос. Миёна навкару тобеи саҳюнизми яҳудия ҳастанд ва онҳо тибқи барномаи яҳудиҳо кор мекунанд. Муроҷиа кунед ба китоби "Комитет 300" - и Ҷон Калеман. ЧУНОНЧИ, Имрӯз ҳамон саҳюнистонанд, ки ба роҳбарони Тоҷикистон супориши маҳдуд кардани доираи фаъолияти исломиҳоро медиҳанд. Фаҳмидӣ. Озодагон илтимос ҳеҷ не ҳамин ҳарфи кутоҳи маро нашр кун, то ин ноогоҳ воқеиятро дарк кунад.

Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст: «Мо манфиатдорем, ки ҳарчи бештар сиёсатмадорону коршиносон дар бораи кишвари мо, мардуми сарбаланди он, стратегияҳои мавриди амал қарордошта ва имконоти Тоҷикистон тасаввуроти бештар мукаммал ва воқеъӣ дошта бошанд».
Қизиқча не мӣ? 2 моҳ пеш Зуҳуров ин ҳарфҳоро гуфта буд:
Аз ҷумла ба гуфтаи спикери парламенти Тоҷикистон ҳамкории имрӯзаи Тоҷикистон бо кишварҳои узви САҲА амалан тамоми ҷанбаҳои фаъолияти онро таҷассум мекунад, мо дар бахшҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, бунёди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили қонунҳои миллӣ мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, ислоҳот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди терроризми байнулмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, коррупсия, таҳкими марзҳо ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ муваффақона ҳамкорӣ дорем.

Ачаб харфхои пойдар хаво задед, Чаноб ! Охир чаро Шумо намаки ИНСОНРО пос намедоред? Инкадар кумаки инхо (САХА )бар Шумо карданд. Намакро хурдеду дар намакдон ТУФ кардед. Аз ПУЛИС ТО САРХАД АЗ КУМАКИ ИНХОСТ, Ё ЁДАТОН РАФТ.?

Шукурчон Зухуров хар чизе ки ба дахлнаш ояд гуфтан мегирад.Вакте,ки дар вазифаи вазири мехнат буд,айнан ана хамин хел мегуфт.

Ба Ташрифулло ва ба Зухуров.

Зухуров ку як одами русия аст ва аз сафари ахири у маълум аст, ки у бо тамоми афроди болоии "Единная Россия" мулокот карда буд. Ва ин суханони гуё САХА худаш кист?? сухани у нест балки сухани русия аст! Агар институти САХА дар Точикистон набошад, мо умуман расман ба як хучагии феодали мубадал мешавем. Ту бародар Ташрифулло мазмуни суханатро худат фахмиди? Барои интихободи шафоф Точикистон замина дорад, аммо Зухуровбарин одамхо инро намехоханд.

Ақлак
Тупа туғрӣ гуфтааст. ОБСЕву дигару дигараш манфиатҳои худро доранд. То кай ба умеди дигарон шавему бо гапи дигарон кор кунем?!

Агар раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зиди демократия асли сухан занад , окибати халки Точик ба хайр бошад.

Мухтарам Зухуров, агар ОБСЕ маъкул набошад, пас идорахояшонро дар Точикистон махкам кунед! Хамчунин ин корро нисбати сафорати Амрикову Аврупо низ кунед, охир онхо низ дар борани набудани демократия дар Точикистон сухани хак мекунанд. Метавонед аз кишвар ронда?! НЕ! Пас саратонро хам кунеду ором бошед, "шер"-и миллат.

А бача и Шукурчон соф одами хмон бдай ку. Ира мешава дар оянда раиси калони калон монд. Чосусора ёфт, мо гаштем да берун чосус кофта...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)