Бахшҳо
24 апр 2014 12:17Тоҷикистон / Сиёсат

Боздошти Расулхӯҷа барои нигаҳдории “Макаров” ва “Байкал”

Расулхӯҷа Қобилови 30-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ба гумони нигаҳдории яроқи оташфишони тамғаи “Макаров” ва “Байкал” боздошт шудааст. Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло алайҳи Қобилов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба қавли манбаъ, маъмурони пулис ҳангоми бозҷӯии манзили Расулхӯҷа Қобилов дар маҳаллаи 27-уми шаҳри Хуҷанд, 2 туфангча ва 5 патрони андозааш 9-миллиметраро дарёфт намудаанд.

Сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд афзуд, “туфангчаҳои мусодирашуда – яке таппончаи тамғаи “Макаров”, ки ҳарчанд ба гурӯҳи яроқи газии худмуҳофизатӣ мансубият дошта бошад ҳам, аммо девори мили он ба таври худсоз рахпеч шуда, ба силоҳи оташфишони ҷангӣ тағйир дода шудааст. Ва барои патронҳои рахпечи андозааш 9-миллиметра ва истифода бурдан аз садохомӯшкунак мувофиқ гардонида шудааст.”

Мусоҳиби мо илова кард, “яроқи дигари мусодирашуда бошад, туфангчаи пневматикии худмуҳофизатии тамғаи «Байкал» буда, андозаи милаш 4,5-миллиметра мебошад. Тибқи маълумотномаи ташхиси криминалистӣ, 2 адад туфангча, садохомўшкунак ва патронҳои мусодирашуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.”
Мӯҳр
Расулхуча марди баодобу бофархангу бомаърифат мебошад шояд ин подстава бошад ман хайронам

Ин шахс ба фикрам кадом одами бе криша будаст ки қонунро дар сари ин татбиқ мекунанд ??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)