Барои додани пора нисбати як зан дар ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз РКД-и вилояти Суғд хабар доданд, санаи 18 августи соли ҷорӣ, аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шахрванд К, Р, сокини 53-солаи ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент санаи 20 июли соли равон барои дохил намудани хешовандаш ба Донишгохи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловск ба муовини декани яке аз факултаҳои ин донишгоҳ М,М маблағи пулӣ ба миқдори 2 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора додаст.
«Оиди ин ҳодиса маводҳои ҷамъовардашуда, бо моддаи 320 қисми 1 ( додани пора шахсан ба шахси мансабдор ё ба тариқи миёнарав)-и КҶ ҶТ нисбати К.Р ба парвандаи ҷиноии санаи 20 июл оғозкардашуда ҳамроҳ карда шуда, тафтишот идома дорад»- илова намуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр