Бахшҳо

Эълони натоиҷи 90%-и овозҳо ва пешсафии доктор Абдуллоҳ дар интихобот

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи ҳудуди 90%-и овозҳои раъйдиҳандагон ҳамоно аз пешсаффии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии ин кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, доктор Абдуллоҳ бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро миёни рақибонаш дар интихоботи президентии Афғонистон пешгом аст.

Масъулини Кумисюни интихоботи Афғонистон, ки зимни як нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ медоданд, гуфтанд, онҳо ҳоло натоиҷи 82, 59 дар сади ороро эълон медоранду натоиҷи ниҳоии интихоботи рӯзи 26 апрел муайян хоҳад шуд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ба даст овардани 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дошта, Зулмай Расул 11, 1 дарсад раъйро соҳиб шудааст. Ин дар ҳолест, ки Кумиссиюни интихоботии Афғонистон қаблан дар пайи эълони натоиҷи ҳудуди 50%-и оро гуфта буд, Абдуллоҳ ҳудуди 44,4 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда, рақибони аслии Абдуллоҳ - Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 33,2 ва Залмай Расул наздики 10,4 дарсади овозҳоро соҳиб гардидааст.

Ин ниҳоди Афғонистон изҳор доштааст, ки пешбинии натоиҷи интихоботи президентии кишвараш бисёр мушкил мебошад. Ҳарчанд бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ доктор Абдуллоҳ ва Ашраф дар ин интихобот пешсафанд, онҳо гуфтаанд, агар дар марҳаллаи аввал барандаи интихобот дақиқ нашавад, барои рафтан ба марҳаллаи дуюми интихобот омода мебошанд.
Мӯҳр
панчшери
Абача олихам намедони ки интихобот бурди туст.Тез бра хта орову торо дода ба арки подшохи бишин тез бош.

ФИРУЗ
Хамаш политикаи амрико ва Карзай аст. Кори мекунад, ки доктор Абдулло ба даври дуюм афтад. То даври дуюм хамаашро ба фоидаи одами Карзай ва амрико Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай хал шавад. Аз Худованд барои доктор Абудлло мувафакият хохонам.

Точик
Ин паштунхо боз ягон найранг карда хамон ашраф ганииро голиб эълон мекунанд чи бало.

Насибҷон
Чаро 90 дарсади оро?

Яъкуб.
Интихоботи 6 ноябри дар Точикистон баргузоршударо алакай нисфирузи эълон карданд,84% Рахмон гирифт дар Афгонистон баргузоршуда 20 руз сипари гашту хозира эълрн нашудааст.Пас маълум афгоно аз мо садсолахо кафо мондаанд............танхо дар дуругу такалубкориву мадхияхони.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)