Бахшҳо

Cафири Тоҷикистон дар Ашқобод нусхаи эътимодномаашро супурд

Маҳмудҷон Собиров, сафири нави Тоҷикистон дар Ашхобод нусхаи эътимодномаашро ба Вазорати умури хориҷии Туркманистон супурдааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Туркманистон, расми супурдани нусхаи эътимоднома дар мулоқоте бо ҳузури вазири хориҷии он кишвар сурат гирифтааст.

Маҳмудҷон Собиров зимни суханронӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои мухталиф таъкид намудааст. Ӯ афзуда, ки ба ҳайси сафир барои роҳандозии муколамаҳои байнидавлатии судманд талош хоҳад кард.

“Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои Душанбеву Ашхобод дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба баррасӣ гирифтаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи роҳандозии тарҳи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон зоҳир шуд”,-хабар додааст манбаъ.

Маҳмудҷон Собиров, ки дар гузашта муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон буд бо як фармони президент дар симмати сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Абдураҳим Ашӯр, вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистонро иваз намуд. Абдураҳим Ашӯр тайи панҷ соли охир дар курсии сафирӣ менишаст ва ба нафақа гусел карда шуд.

Маҳмудҷон Собиров 7 майи соли 1951 ба дунё омада, рутбаи дипломатии сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.
Мӯҳр
Сафар
Оё хамин-шахси-сафир-таъин-шуда-аз-таъриху-чуг

Насибҷон
Оё сафироне, ки ба дигар кишварҳо фиристода мешаванд, забони давлатии он кишварҳоро медонанд? Ба вижа, кишварҳои пасошӯравиро, ки ҳоло бештар дар онҳо ба забони давлатӣ увлавият медиҳанд, на ба забони русӣ. Ба андешаам, бояд аз таҷрибаи Амрико дар ин масъала кор гирифт, яъне як сол пеш бояд сафирро огоҳ кард, то дар ин муддат ӯ забони давлатии он кишварро омӯзад ва пас аз он ба кори хеш дар он ҷо сар кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)