Қирғизистон: Сафари зоирони хонаи Худо гарон шудааст
Маблағи сафар ба Ҳаҷ барои зоирони Қирғизистон 2 ҳазору 400 долларро ташкил хоҳад дод. Дар ин бора идораи муфтиёти Қирғизистон хабар додааст.
“Соли гузашта ин маблағ 2 ҳазору 300 доллар буд. Далели имсол гаронтар шудани нарх ин аст, ки меҳмонхонаи ба иҷорагирифтаи мо дар Макка ба масҷид наздиктар аст. Ба ҷуз ин соли сипаришуда зоирон дар Мадина 3 рӯз истода буданд, имсол 8 рӯз онҷо хоҳанд буд”,-гуфтааст Мақсадбек Тоқтомушев, муфтии олии Қирғизистон.
Бино ба иттилои манбаъ, сабти номи зиёраткунандаҳои Ҳаҷ 12 май шурӯъ гардида, то 12 июн идома хоҳад кард. Гуфта мешавад, хоҳишмандони зиёрати Хонаи Худо бо роҳи қуръакашӣ муайян мегарданд.
Арабистони Саудӣ барои Қирғизистон имсол 3 ҳазору 560 квота ҷудо кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |