Бахшҳо
29 апр 2014 15:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Маҷбурам, ки нос фурӯшам...”

Ҳабиба Юнусова, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, азбаски ягона шахси солими оила асту чаҳор фарзанд ва ҳамсари маъюб дастнигари ӯянд, маҷбур мешавад, роҳ сӯи бозор гирад ва ҳоло дар назди гузаргоҳи зеризаминии бозори “Саховат” нос мефурӯшад. Ба қавли ӯ, оилаи онҳо бо мушкили сахти иқтисодӣ рӯбарӯ буда, ягона манбаи даромад ва ризқу рӯзии фарзандонаш носфурӯшӣ асту бас.

Ин сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегӯяд, баъд аз чанд муддати зиндагӣ ва соҳиби 3 фарзанд - як писару ду духтар шудан аз ҳамсараш ҷудо шуда, бо азобу машаққат ба танҳоӣ онҳоро ба воя мерасонад. Писари калониаш - Сулаймон Беҳбудов баъд аз хатми мактаби миёна ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта, баъд аз ду соли хидмат ба Ватан ба хотири таъмини нафақаи хоҳару модараш роҳ сӯи муҳоҷират мегирад.

Вале баъд аз ҳузури се сол дар ғарибӣ ин ягона марди хона низ ба ватан маъюб бармегардад. Холаи Ҳабиба мегӯяд, писараш дар пайи фаъолияти бардавом дар манотиқи сарди Русия саломатияшро аз даст дода, замоне ба Душанбе омадааст, ки алакай гурдааш аз фаъолият бозмонда буд.

Сулаймони 26-сола, ягона нафари таъминкунандаи маишати оилаи онҳо баъд аз як соли беморӣ аз олам дармегузарад. Мушкилоти иқтисодӣ ва шароити душвори зиндагӣ холаи Ҳабибаро маҷбур месозад, то дубора ба шавҳар барояд. Вале ин бор низ тавре мегӯяд, бахт ба рӯи ӯ намехандад. Ҳоло ин модари тоҷик ҳамсари марди 50-солае мебошад, ки гирифтори бемории “эпилепсия” ҳасту аз ӯ низ ду фарзанд ба дунё овардааст.

Холаи Ҳабиба мегӯяд, азбаски ягона шахси солими оила асту чаҳор фарзанд ва ҳамсари маъюб дастнигари ӯянд, маҷбур мешавад, роҳ сӯи бозор гирад ва ҳоло дар назди гузаргоҳи зери заминии бозори “Саховат” нос мефурӯшад: “Бо вуҷуди ин ҳама, албатта, ношукрӣ надорам, духтари калониям, ки оиладору соҳиби чаҳор фарзанд аст, тӯли беш аз 9 моҳ мешавад, гирифтори яке аз бемориҳои вазнин ҳаст. Ҳар моҳ аз 10 то 20 рӯзи умраш дар беморхона мегузарад. Албатта, хонаводаи ҳамсараш низ кумак мекунанд. Онҳо чаҳор набераи маро нигоҳ мекунанду ман духтарамро. Бовар мекунед, ҳар як доруе, ки барои ӯ мехарам аз 100 то 300 сомонӣ арзиш дорад. Боз духтари дуюмам низ, ки ӯ ҳам оиладор ҳаст биноияш заиф асту бояд ӯро низ ҳар се моҳ табобат кард.”

Мусоҳиби мо изҳор медорад, ҳарчанд барои носфурӯшияш аз сӯи бархеҳо мавриди маломату мазаммат қарор мегирад, вале азбаски ягона манбаи дарёфти ризқу рӯзии ҳамсари маъюбу ду духтари ноболиғаш ҳаст, даст аз ин кор бар намедорад: “Албатта, носфурӯшӣ аз рӯи ҳавас несту табъи одам низ намебардорад, вале вақте зиндагӣ маҷбур мекунаду фарзанди худро дар кунҷи беморхона ночизу заиф мебинӣ маҷбур мешавӣ. Вале чӣ илоҷ маҷбурему зиндагӣ моро ба ин рӯз овардааст.”
Мӯҳр
Давлат
Бо иродаи ин модари точик ахсан мебояд гуфт. Шахсони саховатманд бояд ба чунин оилахо кумак намоянд. Дуогуи шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)