Бахшҳо

“Иттиҳоди гумрукӣ иттиҳоди сиёсии низомҳои худкома аст”

“Вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мустақилияти моро барҳам зада, имкониятҳои демократии парлумонро, ки дар пайи инқилоби апрелӣ муқаррар гардид, аз миён мебарад”. Ин нукта дар изҳороти ҳаракатҳои “Қирғизистон алайҳи Иттиҳоди гумракӣ”, ҳизби “Ислоҳот” ва “Иттиҳоди демократӣ” зикр шудааст.

“Иттиҳоди гумракӣ иттиҳоди сиёсии низомҳои худкома аст, ки тасмимҳо дар доираҳои хӯрд ва бидуни андешаи парлумон ва ҷомеа гирифта мешавад. Раванди тасмимҳои гирифташуда кафолати баробарӣ ва руйкарди мунсифона барои ҳамаи аъзои онро намедиҳад, ки манофеи миллиро зери хатар бекашад”,-омадааст дар изҳорот.

Фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон мегӯянд, агар Бишкек ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шавад, дар ҷумҳурӣ нархи молҳои воридотӣ ба таври қобили мулоҳиза баланд мешавад: “Арзиши доруворӣ 10 дар сад ва маводи чармӣ 20% зиёд мешавад. Мошини нисбатан маъруф дар Қирғизистон, ки 5 ҳазор доллар арзиш дорад, тақрибан 12 ҳазор доллар хоҳад шуд. Чунин раванд ба буҳрони нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ оварда мерасонад”.

Қарор аст, зуҳри имрӯз, 5 май, дар назди кинотеатри “Ала Тоо” зери шиори “Барои озодии Қирғизистон! Зидди Иттиҳоди гумракӣ” флешмоб баргузор шавад.
Мӯҳр
Иттиходи Гумоуки фоидае намеоварад. Боз хам гуломи манфиати Русия мегардем. Мисол: Барои ривочу равнвк додани сохахои мухталифи иктисодиёт дар оянда бояд бо Русия мулокот кард ва розигии уро гирифт. Ин ба лозим аст??? Мо рохи худро худамон ихтиёр карданамон лозим аст на бо ёрии касе.

Дуруст мегӯянд, фаъолони қирғиз. Иттиҳоди гумрукӣ як намуди ба Русия боз ҳам бештар побанд намудани ҷумҳуриҳои СССРи пошхӯрда аст. Русия бо ҳар роҳи ҳилаву найранг кишварҳои тозаистиқлолро пешипо медиҳад, то онҳо аз мадори Русия дур нашаванд ва, барои манфиатҳои геополитикии ӯ ҳамчун буфер (девор) боқӣ бимонанд.

кай мо ба ин иттиход дохил мешавем кош зудтар дохил мешудем.

озода
Э канд занед киргизхое.....
Хукумат ки мардуми бошад ана хаминхел мардум аз хукуки худаш химоят мекунад. Бовар кунед эхсоси озодиву рохатиро аз хамин гуфтахо одам хис мекунад.
Дар мо хамачоро пур аз камера кардаанду роххои валангорамон хамонхел мондааст. Як бор аз кучахо гузашта бинед агар гуед ба чукури назанад мошинам хатман ба камера меафтеду чарима мешавед, агар аз чарима гурези хатман ба чукури мезани.
Осмонамон асри 21 асту заминомон асри 12.
Ана ёбеду гиред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)