Манъи таҷлили “Занги охир” дар қаҳвахонаю тарабхонаҳо
Вазорати маорифи Қирғизистон таҷлили Рӯзи хатмкунанда ва ё Занги охир дар қаҳвахонаю тарабхонаҳои ин кишварро мамнуъ эълон кардааст.
Дар ин бора торнамои расмии Вазорати маорифи кишвари ҳамсоя хабар дода, гуфтааст, занги охир дар тамоми мактабҳои Қирғизистон рӯзи 24 май садо дода, хоксорона хоҳад гузашт.
Қаблан, мақомоти Вазорати маориф (ҳоло Вазорати маориф ва илм)-и Тоҷикистон дар рӯзи Занги камолот ҷамъ кардани маблағ барои оростани зиёфат, хусусан дар тарабхонаҳо, тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро манъ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |