Бахшҳо
07 май 2014 15:44Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Ҷавоби “не”-и Амрико ба дархости Муҳиддин Кабирӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба дархости Муҳиддин Кабирӣ -- раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои дарёфти “виза” (раводид) ба ду масъули ин ҳизб ҷавоби рад додааст.

Оқои Кабирӣ рӯзи 6 майи соли ҷорӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз бахши консулии сафорати Амрико хостааст, барои дарёфти раводид ба Илҳомҷон Ёқубов -- раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов -- сухангӯи раҳбари ин ҳизб мусоидат кунанд. Дар ин нома гуфта шудааст, Ёқубов ва Файзраҳмонов бояд рӯзҳои 24 ва 26 майи соли ҷорӣ дар анҷумани Маркази исломии Амрикои шимолӣ (ICNA) дар шаҳри Балтимори иёлати Мериленди Амрико иштирок кунанд. “Тамоми масорифи сафар ва будубошашон дар Амрико аз сӯи ҳизб ва Анҷумани исломӣ пардохта хоҳад шуд”,-омадааст дар нома.

То ҳол масъулони сафорати Амрико дар Душанбе далели раводид надоданашон ба ду масъули Ҳизби наҳзати исломиро шарҳ надодаанд. Раёсати ҲНИТ низ дар ин бора мавқеи худро рӯшан накарда, фақат гуфтанд, ки базудӣ тафсилоти бештарро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳанд гузошт.

Маркази исломии Амрикои шимолӣ (ICNA) яке аз қавитарин муассисаҳои исломӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол анҷумани бузурги худро баргузор мекунад.


Ҷавоби “не”-и Амрико ба дархости Муҳиддин Кабирӣ
Мӯҳр
.
Кабирира баъди он ки бозорашро кашида гирифтанд дигар хеч кас признават намекунад.

папа
кабири худо дорад.

., Кабири нишон дод, ки ба хотири нафси хеш шуда мардумро шур намеандозад ва манфиатхои милли волотар аз манфиатхои шахси мебошад.

baroi farmonhoi navu pul boyad meraftand???haifi nomi islom ki rafta az kofiron farmon megirad in kabiriaton.

Макони дyрyст барои Кабири ин тиҷорат ва ба бахши иқтисод наҳзат фоида оврдан аст, вале раҳбари наҳзат шyдан ин кори осон нест. Шахси мyхлистар иҷтимои мардумдустро ба раҳбари пешниҳо кардан лозим.

кабири хаёл кард, ки кораш дар равган. дар вакти интихоботи президенти у иштибоҳи сахт кард. у метонист дар хамон вакт каме вазиятро дигар кунад. акнун тамошо карда мешинад ояндаш чи мешавад. хама роха барояш дигар мебанданд.

саидиброхим
шайхи араб лар телевизор баромад кард гуш накарден хиз аз ислом набудаст фитна байни мусулмонон будаст маьлум шудки инхо хама одамони худи хамонхо мусулмононро бози медоронан ба хамин хизматчихояшон

Восеъ
Кабири вокеъан саводнок аст ва мухимтараш точик аст

чоркуйи
шумо шайтонхои охиратзамон харчи мегуед бо кабири як маротиба хамсухбат шав бад медони у кист

мухамад
кабири номи хизби нахзата гардон мардум фахмид хизб аз ислом нест гарангат мекунан номаша гурупай актияро мон маькул нашава инаша бигир гурупай хайял парастон чизеки маькул аст хамон гапа меган ва чизеки маькул аст мекунан
саломат боши озодагон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)