Бахшҳо

Президент гуфт, дар соли гузашта $20 000 даромад дошт

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, дар соли 2013 ҳудуди 20 ҳазор доллари амрикоӣ даромад доштааст. Ӯ дар ин бора ҳангоми ироаи ҳисоботи солона ба мақомоти андози кишвараш хабар додааст. Ба қавли Отамбоев, ин маблағро ӯ ҳамчун музди меҳнаташ соҳиб шуда буд.

Отамбоев соҳиби замини корам аст, ки масоҳати умумии он 64 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳаду яке аз муассисони Бунёди “Форум” ба шумор меравад. Инчунин, ба номаш мошини навъи “Тойота Лэндкрузер” сабт шудааст, ки соли баромади он 2007 мебошад.

Дар эъломияи ҳисоботии раисиҷумҳури Қирғизистон, инчунин, дар бораи даромади солонаи ҳамсари ӯ - Р.Отамбоева низ маълумот дода шудааст. Бар асоси он, хонуми рақами яки Қирғизистон дар соли гузашта 87 ҳазору 546 соми қирғизӣ музди меҳнат дошта, 120 ҳазору 328 доллар аз коғазҳои қимматнок фоида ба даст овардааст.

Ба номи ҳамсари раисиҷумҳури Қиғизистон як гаражи мошин низ сабт шудааст, ки масоҳати умумии он 15,7 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Инчунин, хонуми рақами яки Қирғизистон соҳиби ду хона, ки мувофиқан масоҳати онҳо баробар ба 133,3 ва 51,3 метри мураббаъ мебошаду ҳамзамон 86,8%-и саҳмияҳои “Медиафорум”-ро соҳиб аст.
Мӯҳр
Лаълбек
акаи Алмосбек як идея пешниход мекунем, кабул кунед; Рохи Бишкек ОШ ро плаза тарозу насб карда ширкати пулчинакро рохандози кунед ва барки ахолиро лимит чори карда ба хорича фурухтан лозим, ана пулу мана доллар! Бху бгард! Вазифаро самаранок суиистифода кардан лозим, халк лакидан мегирад, парво кардан даркор не.

Шартук
Чаро президенти мо чунин маълумотро пешниход намекунад? Ба фикрам аз бучаи чумхуридам калонтар аст!!!

Точик
Президенти мо хам хамон кадар кор кардагист

Акмал
Шояд агар дар Точикистон, хама мансабдорон даромадашонро нишон медоданд кайхо мардум бедор мешуданд, ки пулхо ба кучо меравад

Точик
Бародари гироми Шартук!
Ачаб бачаи содда будаи чо мекуни пули мардума хисоб карда. Барои ману ту чи фарк дорад, ки Алмосбек чи маълумоти бардуруг пешниход мекунад. Даррав президенти мо чаро ин чаро он гуфта гаштан кати одат кардаен. алмосбек дуруг мегуяд дуруг бародар. Танхо ту баринхои харисро фиреб мекунад. Медонад ки ура ягон макомот дурустии хисобоша намесанчад охир.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)