Бахшҳо
08 май 2014 08:20Тоҷикистон / Сиёсат

Сафари ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон барои баҳси Украина ба Маскав

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 8 май барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии ҳамтоёнаш аз Русия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон ба Маскав сафар кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин сафар оқои Раҳмонро Эркинхон Раҳматуллозода -- ёвари раисиҷумҳур дар робита ба муносибатҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ дорад.

Манбаъ нагуфтааст, дар ҷараёни сафари ғайрирасмияш ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон чӣ масъалаҳоро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пештар дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия эълон карда буд, Владимир Путин бо бархе ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар як мулоқоти ғайрирасмӣ бархе масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳаводиси ахири Украинаро ба баҳс кашад.

Мақомоти Русия гуфта буданд, дар баробари раисиҷумҳури Тоҷикистон, инчунин, раҳбарони Қирғизистон, Арманистон ва Беларус низ ба Маскав даъват шудаанд, ки қарор аст, дар машқҳои низомии қушӯнҳои мусаллаҳи Русия иштирок кунанд.
Мӯҳр
Точик
Беакли карда боз Точикистонро хам зери санксияхои чахони накашанд, хуб аст. Вагарна ними халк мемурад.

Пагох Рахмон Крымро замини Руссия гуфта баромад мекунад.

Ақлак
Эурналист, хуб тупой будаӣ, додар, ё зархариди Ғарб шудаӣ.
О ҳар сол Раҳмон 7 май ба Москав меравад ва 10 ё 11 бар мегардад.
Чаро имсол сафараш ғайриинтизорӣ будааст?!
Ин кори шуморо ба русӣ "тупизм" ва ба форсӣ "ноқисулақлӣ" номанд.
Чоп кун, озодагон, агар озода ҳастӣ!

Точик
Путин ба онхо мегуяд ман ба Украина хамла мекунам шумо мурда мурда химоят мекунед! Фахмидед!

Охи э Асрори бе асрор мон поддержка куна Путина оянда и поддержкаи Э.Р. даркор мешава вахти Самарканду Бухорора гирифтанда таъриха хон вай Крим замини руссо буд то хозира руссо зиндаги мекунан Ранги Самарканду Бухорои худмон...........!

ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН НАБОЯД БА ВАСВАСАИ ПУТИН ГӮШ ДИҲАД. ДАР ҲАВОДИСИ УКРАИНА МО БОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ, ЗЕРО ПАСИ УКРАИНА КИШВАРҲОИ АБАРҚУДРАТИ МИСЛИ АМРИКО ВА УРУПО МЕИСТАНД. ПУТИН МЕХОҲАД ДАВЛАТҲОИ КӮЧАК ВА ДАСТНИГАРИ ХЕШ, МИСЛИ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА АРМАНИСТОНРО БА МОҶАРОИ УКРАИНА БИКАШАД. ЭҲТИМОЛ ГАП САРИ БА УКРАИНА ФИРИСТОДАНИ САРБОЗОНИ ҚУВВАҲОИ ДАСТАҶАМЪӢ (ОДКБ) МЕРАВАД. ИН ИҚДОМ ПРОВОКАТСИЯ ВА БЕОБРӮСОЗИИ ИН ДАВЛАТЧАҲО ХОҲАД БУД. МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН УМЕДВОР АСТ, КИ БА ПРЕЗИДЕНТ РАҲМОН МУШОВИРОНАШ МАШВАРАТИ ДУРУСТ МЕДИҲАНД. БОЯД НА СИХ СӮЗАДУ НА КАБОБ. АНА ИНРО ДИПЛОМАТИЯ МЕГӮЯНД. МО НАБОЯД БА ХУД ДУШМАН ЗИЁД КУНЕМ.

Бояд ин ки мохе кабл инхоро Хамчун партнёри стротеги бо Накшахои Геополитикии худ ошно мекард! Агар Казокистон, Белорус ва Арманистон Крим ро заминхои Россия шумуранд , дар ин хол Э.Рахмон бояд тавре изхорот намояд, ки хам лаъл ба даст ояду хам ёр наранчад! Рахмон сиёсатмадори Олиист - нодида нагиред ин шахсро! Ки хато намекунад - ислох шуда истодааст ку! Мархамат донишу малака дошта бошед вазифахоро аз НАФАКАХУРОН ба чавонон таслим намуда истодааст "-Натарсем, ки чавонон чойи Моро мегиранд" (Иктибос аз паём 2014с.)

88
Мо бояд хубро аз бад (дустро аз душман) бо дил шиносем. Охирхои асри гузашта бо перестройкагуй ва шамоли перестройка як давлати абаркудратро аз байн бурд. Хушбахтона аксар давлатхои балканию скандинавй ва кафкозй аз асорати як режими худкома озод шуданд. Режими великорусхо. Афсус, ки то ба хол давлату мардуми Осиёи Миёна побанди ин режиманд. Фабрикааш Глобализатсияро тархрезй карда истодаанд. Хам бо сухан, хам бо амал. Нишонааш гасби Крым ва дар чахон пахн кардани "лентаи георгй". Ба гуфташон якдилй, хамрай ва на будущем -ПОБЕДА. Лентаро дар чояш бояд истифода бурд. Как говорят "Лошка к обеду дорога!". Чосусони рус дар Точикистон хам ин лентаро пахн карданд, вале баъзе зиёиёни дар нохунаки точик ба ин амали чосусии великорусхо чапак мезананд. Зираку хушёр бошем. Як чахон ташаккур.

Барои урус Осиёи Миёна хам акибгох асту хам сырой материал. Но дар вакти даркорй.

Бобо
Чаноб, аввал масъалаи марзи худамонро бо Киргизхо хал карда монед, сипас ба кучо хохед, сафар кардан гиред

озод
Точикистон аьзои ОДКБ аст. Он тарафашро одами боакл мефахмад ки мо тарафдори ки хастем. Шартномахоро хонед.

озод
Точикистон аьзои ОДКБ аст. Он тарафашро одами боакл мефахмад ки мо тарафдори ки хастем. Шартномахоро хонед.

Мухочир
Охи и Русхо меган Россия для Русскых . Хамаро Депорт карда истодаан, хаминхел боша монен худшон коршона хал кунан, ё да рузи тангишу бо хаму НЕ РУССкихо дар Россия дпркор шидан.Хаму СКИНХЕДоша Оружия бтия Россияро мухофизат кунан

БО УРУС ШУХИ НАМЕКУНАНД , АРБОБ МЕЗАНАД БА ХАР БОБ. ИЛОХО БА ПОДШОХИ УРУС ТАНИ СИХАТ УМРИ ДАРОЗ ВА БА КИШВАРАШ МУВАФФАКИЯТХО АТО БИКУН , КИ КАМЕ БОШАД ХАМ БА МО ХАМ БИРАСАД.

Камол,
Инҷо далеле ҳаст, ки ноҳақ будани Русияро дар ғасби нимҷазираи Қрим ошкор мекунад.
Базудӣ пас аз аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ сарварони онвақтаи ҳамаи 15 ҷумҳурӣ зери як ШАРТНОМАЕ имзо гузоштаанд, ки хатти сарҳадоти вуҷуддоштаро эътироф мекунанд ва дар масъалаи марзу бум (замин) яке ба дигар даъвое надоранд. Дар ин ҳуҷҷат имзои Русия низ ҳаст. Ба назар мерасад, ки русҳо ба ҷиддӣ будани он ШАРТНОМА чандон эътибор надодаанд, зеро мутмаъин буданд, ки Шӯравӣ дер ё зуд дубора эҳё мегардад. Бо гузаштани 22 сол онҳо диданд, ки касе муштоқи эҳёи дубораи Шӯравӣ нест (шояд, ғайр аз тоҷикҳо???) ва роҳбарони Русия сиёсати шовинистӣ ва ҷудоиандозиро касби худ карданд. Ғасби нимҷазираи Қрим бо як ҳамла маҳсули ҳамин сиёсат ва дағалона вайрон кардани ШАРТНОМАИ дар боло зикргардида мебошад. Вақт ва ин ҳодисаи нангин нишон дод, ки имзои роҳбарони рус зери ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатӣ чормағзи пуч барин қадр надорад, ва барои амалӣ намудани нақшаҳои даҳшатноки хеш онҳо ҳар замон омодаанд аз қувва истифода бибаранд. Яъне "рафиқи стратегии" басо хатарноканд. Акнун маълум мегардад, ки, чаро мамолики Ғарб Русияро дар карикатураҳо ҳамеша бо хирси азими аз чангол ва дандонҳояш хун шорида, тасвир мекарданд. Ҳоло, ку, ки ВКХ (Вазорати корҳои хориҷии) Тоҷикистон он шартномаро нашр бикунад, то чашмони баъзе аз дӯстдорони Русия мош барин кушода шаванд. Аз Русия бояд ҳамеша эҳтиёт шуд ва масофа ҷуст!!!

8 МАРТ,
ХОЛАИ БОЛШЕВИК илоҳо дуоятон мустаҷоб нашавад! Агар урус ба мо халал нарасонад, пешипо надиҳад, моро ба якдигар ҷанг наандозад, боз як ҷанги шаҳрвандиро сар накунад, тоҷиконро ба "вовчуку юрчук" ҷудо накунад, мо, ИНШАЛЛОҲ (Ҷ) роҳамонро меёбем. Дунё кушод аст ва дӯстони содиқ бисёранд. Саломат бошед ва ба сиёсат дахл накарда, аз паси меҳрубонии набераҳоятон гардед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)