Бахшҳо
07 май 2014 18:38Тоҷикистон / Сиёсат

Китоби Ҳамроҳхон Зарифӣ дар бораи замине, ки ба Чин дода шуд

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон, дар китоби нави худ ба моҷарои баҳсбарангези марзи кишвар бо Чин равшанӣ андохтааст.

Бар асоси хабари Оҷонси иттилоотии миллии “Ховар”, ин китоб бо унвони “Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” дар нашриёти “Ирфон” зери таҳрири академик Талбак Назаров рӯи чоп омадааст, ки яке аз муаллифони он Аҳмадҷон Сатторов низ ба шумор меравад.

Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин рисолаи дипломатии онҳо “ба муайянсозии хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Хитой дар қисмати мушкилгузари ҷониби шарқии кӯҳҳои Помир дар баландии аз 4100 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгирбуда бахшида шудааст.”

Манбаъ такя ба суханони оқои Зарифӣ гуфтааст, “дар китоб маводи зиёди воқеии тасдиқкунанда оид ба масъалаи мазкур ҷой дода шудааст, ки Тоҷикистон мушкилоти марзии худ бо кишвари ҳамсояро, ки чандин аср мавҷуд буд, судмандона ва созанда ҳал кардаасту манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷониби шарқии марзи худро таъмин намуд.” Дар “Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” ҳамзамон вохӯриҳои чандинкаратаи ҳайатҳои ду кишвар, гурӯҳҳои корӣ, мулоқоти сатҳи олӣ бо мақсади ҳалли масоили сарҳадӣ бо Чин ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ карда шудааст.

Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ намуд, ки бар асоси он 1,1 ҳазор километри мураббаи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид.

Ин амали мақомоти Тоҷикистон бо вокунишҳои шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯшанфикрон рӯбарӯ гардид. Он вақт Ҳамроҳхон Зарифӣ чунин тасмимро бурди дипломатияи тоҷик унвон карда, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта буд, “давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд.”
Мӯҳр
Ақлак
Дар пресс-конференсияаш Зарифӣ гуфта буд, ки ӯ ибораи "бурди дипломатӣ"-ро дар парламент истифода набурда буд ва ин бофтаи баъзе нафароне ҳаст. Дар он пресс-конференсия ягон рӯзноманигор "пинг" ҳам нагуфт. Зарифӣ маводеро нишон, ки дар он Хоруғи имрӯза ҳудуди Чин нишон дода шуда буд. На як журналист, на як коршинос он вақт ҳато садое набароварданд, чунқи аз асли матлаб хабаре надоштанд.
Баъзе рафта аз популистҳо мисли Масов интервю гирифта, аз ӯ ба қаҳрамони миллат тарошиданӣ шуданд, вале бефоида. Чун Масов аслан дар ин просес ҳеҷ нақше надошт ва аз ӯ касе чизе ҳам напурсидааст, ба хусус баъди он ҷаласае, ки дар ҳукумат бо иштироки ӯ ва ҳаммасалаконаш буд.

Yakumbor mebinam ki dodani zamini jumhuri ba davlati DIgar '' бурди дипломатияи тоҷик'' nom burda shavad,

salmon
баъзе вазирон пас аз мансаб рафтанашон ёдоштхо менависанд ва хатохояшонро эътироф менамуданд локин дар мо баръакс аст то мурдан хатояшонро чун зарифи бурди дипломатия меноманд хуб шуд ки аз мансаб рафт набошад ворухро низ ба киргизхо дода як бурди дигар мекард .

Точики Механдуст
Ин танхо кушиши Зарифи барои сафед кардани шахсияти хеш аст. Заминхое ки хеч гох ба Чин таалук надоштанд ба онхо дода шуданд ва яке аз шахсиятхое ки гуфтугухоро рохбари мекард ин шахс буд. Номи у бояд хамчун шахсе ки заминхоро ба кишвари бегона дод дар таърих хамчун хоин сабт шавад. Империяхои бузург барои як вачаб замин бо хам мечанганд, ин шахс бошад 1000 метри квадратиро ба Чин дода дар парлумон хитоб кард "Ин бурди дипломатияи точик аст". Набошад биёд хамаи заминхоро дихем ва худамонро кахрамон эълон кунем. Академик Рахим Масов хамон замон гуфта буд ки Чин хеч гох дар ин сарзаминхо набуд. Ана ин шахсият бояд икром шавад.

шахрванд
ОЕ пеш аз ин аз тарафи Чин ягон тахдид буд

Собир
Як фоизи марзи Точикистонро,хилофи нормахои сарконун ба Чмн додаанду худро сафед мекунанд.Точикистон имруз 99 аст.

мурод
Jon
Salom Mardum,

megum ki mardumii mo inqadaar soda ham meshidaast daa?

Pesh az one ki Zarifii zaminroo dod in roo Hukunati Imruza dodagii ast na balki Zarifi. Shumo yak chizroo az khotiraton nabarored ki dar in kishvar president hast, parlament hast va kumitai zamin ast. Unoo in kor roo kardagii hastan va bajoi onhoo vazirii korhoi khorija raftaa baromad kardae. Aku fahmided ki dar injo ki gunahkor ast? ???????????????

Mib
Точикистон 97 % кух аст навбати КУХ расид.

Ачоибулгароиб
Пеш аз он ки инро худсафедкуни номем бояд аввал бо китоб шинос шавем, онро варакгардон кунем. Агар хамон вакт ин корро намекарданд мумкин мо дар мухосира то хол мемондем. Баъд чи кор мекард ин мардум?

Наход фарзанди бо нангу номуси Точикистон заминихудро ба бегона фурушад?!. Боз баъзе рохбарон худро ватандуст, яъне патриот меноманд, номхои худро иваз менамоянд. Ба чои иваз намудани номи худ, хар як порчаи замини худро хифз намо! Ана ин аст ватандусти.
Зарифи бошад, дар ин бози як "жертва"-и миёнарав буд.
Об аз боло лоин аст.

Ҷанобони муҳтарам! Барои ки шахсро бегуноҳ гунаҳгор наномем ва дар ин ҷо баҳси беҳуда набарем аввалан бояд мавзӯъро хуб донем. Заминҳои тоҷикиро касе ба касе надодааст ва намедиҳад. Дар он ҷо заминҳо баҳсӣ буданд. Мо мегуфтем замин аз мосту хитоиҳо мегуфтанд аз мост. Баҳс бисёр давомдор буд, чандасра. Пеш аз он, ки заминро моли Тоҷикистон бигӯем бояд аввал муайян бикунем ва бо ҳамсояи худ ба як роҳи мусолиматомез бирасем. Ин кор карда шуд ва Хитой аз он заминҳое, ки аз худ меномид даст кашид ва танҳо қисми ками онро гирифт. Бисёр осон аст аз дур нишаста касеро гунаҳгор номидан ва Зарифиро заминтақсимкун гуфтан. То омадани Зарифӣ ба сари ин вазифа комиссияҳои зиёде буданд, гуфтушунидҳо мерафтанд. Аммо ин кор дар даврони Зарифӣ рух дод, ки ба ҳуҷҷат имзо гузошта шуд.

Умед,
кадом нангу номус, бародари азиз! пас аз солхои 90 асри гузашт, и Точикистони мо сар поену по ба боло шуд.гап гапи сумай.

Олим
БА Шахрванду Аклак.Он замини,ки фурухтанд бахси набуд,балки як порчаи хоки Точикистон буд.Бинед ин камсаводхоро таьриха надониста мегуян ин бахси чандинасра буд.Шумо акалан ягон китоби тарихро нишон медодед,ба чои ин сафсата.Агар барои шумо сухани Масови ватандуст кам бошад.Китоби Постников.А.В " СХВАТКА НА КРЫШЕ МИРА "-ро гиреду хонед.Хамон маводе,ки Зарифи дорад чи ном дошт агар шумо онро дидед.Барои муайян намудани ин замини Точикистон тамоми санадхои таьрихи вучуд дошт.лекин афсус нафси шахсиро аз хисси Ватандусти боло монданд дипиломатхои Точикистон.Хозир бо навбат ба киргизхо расид.боз ними замин ба онхо фурушеду гуед агар киргизхо мехостанд то хучанд нопурсида мегрифтанд.Хайфи хоки ватан

замини тj дахлнопазир гуфтед дар сарконунатон, конуншикани кардед, акнун худро бахогузори кунед, ва суоле кунед аз худ ки кистед шумо???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)