Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар рустои «Гули бодом»и ноҳияи Ёвон ду ҷавони 21- сола қурбон шуд.
Тибқи иттилои РБДА, рӯзи истироҳати ҳафтаи сипаришуда, ронандаи автомашинаи «Опел Вектра» Ҷонибеки Абдулҳафиззода аснои ҳаракат аз самти деҳаи «Калот»-и шаҳри Норак ба ҷониби деҳаи «Гули бодом»-и ноҳияи Ёвон дар километри 47-уми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дар канори роҳ чаппа мешавад. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили он Лоиқи Сафармуддинзодаи 21-сола дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофирони дигари он Сайрам Ҳакимоваи 31-сола ва Фарҳод Сангови 20- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта ба касалхона интиқол дода шуданд.
Мӯҳр