Бахшҳо

Ал-Фаллоҳ: “Ислом ба ягон ҳизб ва фатвоҳои шахсони алоҳида ниёз надорад"

Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, муовини аввали Вазири авқофи Кувайт вуҷуди ҳизби сиёсӣ дар Исломро инкор карда, фаъолияти ин навъи аҳзобро мушкилсозу ихтилофовар хонд.

Ал-Фаллоҳ, ки зимни як барномаи телевизионӣ тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, “дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад.”

Ба гуфтаи муовини аввали Вазири авқофи Кувайт, гӯиё мардум ва раҳбарияти ин кишвар ба фаъолияти аҳзоби сиёсии характери динидошта дар ҷомеаи назари нек надоранду онро ихтилофовар меҳисобанд ва дар сурати доштани як сарқонуни Худовандӣ ниёзи дигареро дар ойинномаву низомнома ё қонуну аҳзоб намебинанд. “Раҳбарият ва сокинони Кувайт ба фаъолияти аҳзоби хусусияти динӣ дошта назари нек надоранд, чун дар бисёр мавриди фаъолияти ин аҳзоб ба мушкилот оварда мерасонад. Миёни аҳзоби динӣ ҳамеша кашмакашу ихтилоф ҷой дорад. Агар дуруст назар кунем, Худованд Қуръонро барои бандагони худ, як қонуни асосӣ офаридааст ва мо бояд аз он истифода кунему ба қоидаву қонуни он гӯш диҳем, то зиндагии мо поку бенизоъ ва олоиш бошад. Мо бояд бо рафторҳои бади худ ба ислому қуръон доғи бад орем. Бо номи Ислом набояд ба ҳар кору амали ношоиста даст зад, ки ин амалҳо боиси паст шудани нуфузи ислом аст. Дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ки ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад”,-таъкид дошт ал-Фаллоҳ.

Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, ки ба як шеваи “даъват” дар ин барнома суҳбат мекард, илова дошт, дар кишвари ӯ бо вуҷуди мамнуъ будани фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ демократия ва озодии баёну парлумон дар як сатҳи хеле хуб ҳукумфармост: “Бар асоси сарқонуни феълии Кувайт, ки солҳои 60-ум қабул гардидааст, фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ манъ аст. Дар ҳоле, ки дар кишвари мо ягон ҳизб фаъолият надорад, демократия низ хеле хуб рушд кардааст. Вазъи озодии байёну инсон ва парлумон хеле дар сатҳи хуб мебошад.”

Дар идома муовини аввали вазири авқофи Кувайт ба масъалаи издивоҷ ва талоқ пардохта, барои сади роҳи афзоиши ин ҳолатҳо ва ҳалли мушкилоти оилавӣ пешниҳод намуд, аз таҷрибаи кишвараш истифода кунанд. Ӯ гуфт, “дар Кувайт талоқ дар маҳкамаҳо сурат мегирад, додгоҳ бошад то зану мард бо коршиносони ҷомеашиносу ходими дин сари мизи музокирот нанишинанд, ҳукме содир намекунад. Натиҷаи ин қонуни мо нишондод ки 60%-и оилаҳои сари мизи музокирот нишаста аз раъйи худ бар мегардад. Аз ин нишондод 90дарсадашон ба зиндагии осудаву осоиштаи худ идома медиҳанд. Албатта хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон низ дастур ё қонуне бошда, то дар ин самт кор бурда шавад.”

Инчунин ӯ талоқ кардан тавассути телефон ё паёмро нораво хонда, таъкид кард, ин амал аз сӯи тамоми олимони ҷаҳони Ислом маҳкум мешавад. “Дар мавриди талоқ тавассути телефон ё смс бояд гуфт, ки иҷоза нест, мард аз масофаи дур истода бо ин василаҳо зани худро талоқ кунад. ман мутмаинам, ки олимони дин ин амалро маҳкум мекунанд. Чун дар ин ҳолатҳо бештар бо роҳи буҳтону туҳмат сурат мегиранд. Шояд дар ҳаққи зани он муҳоҷир туҳмати бад зада бошад. Пас мешавад аз як масофаи дур аз тариқи паём талоқ кард. Ҳар гиз не.”

Муовини аввали вазири авқофи Кувайт таъкид дошт, ки мард баъд аз талақои занаш ҳақ надорад, ӯро аз хона берун кунад ва дар як хона зистани онҳо шояд сабаби дубора ба омаданашон хоҳад буд: “Бояд фармудаҳои Қуръонро риоя карду мард баъд аз талоқ кардан, ҳақ надорад ҳамсарашпро аз дар берун кунад. Зеро бо мурури замон шояд онҳо дубора оштӣ кунанд. Яъне бо ин васила мушкил роҳҳали мусоламатомези худро пайдо мекунад.”

Гуфта мешавад, суханронии Ал-Фаллоҳ дар бораи инкори вуҷуди аҳзоби сиёсии характери динӣ дошта дар Ислом дар ҳоле тавассути шабакаҳои давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, ки дар кишвар Ҳизби наҳзати исломӣ – ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёси Марказӣ дар асоси Сарқонун фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТОЧИК
ИН сухани салафиҳост.....маълум ки мо руз то руз ба салафигари наздик мешавем. Агар фатвои ягон шахси алоҳида лозим набошад пас Имоми аъзам Молики,Шофеъи,Ҳанбали ва садҳо олими бузурги исломро мешавад ки гумроҳ гуфт??? Вой бар ин салафиҳо....

"Ислом ба ахзоби дини эхтиёч надорад".. Рост! Вале танхо хамон вакт ки хукуматдороне мисли шумо хукми ин динро татбик кунанд! Шумо ба чои насихат кардан ба точикон аз мардуми мо камхарч кардани харочоти туй ва махрияро таълим гиред.. Арабхои ба истилох "пулдор"и шумо танхо баъди 30сола шудан метавонанд издивоч кунанд, бинобар гаронии махр. Вакте 10-12соли махсули корашонро ба 1махр адо мекунанду 10соли дигар карз халос мекунанд, албатта он аруси горатгар наметавонад шарики зиндаги он марди бечора шавад..

Дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ки ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад”,-таъкид дошт ал-Фаллоҳ. ......... О ин тавр ки бошад пас чаро хизб Халки Демократи Бинияша ба дин метиоанд агар ихтиёче набошад пас чаро ин 200000 нафар ба гуфтаи огоён аъзои хизби Халки Демократи Магар инхо мусалмон нестанд. Дар Туркия масалан хизби адолат хизби исломист вале хизби Хоким дар Эрон Дар Сауди ва в ава ва ва 100 хои дигар. Чи магар ислом ба хамин фатвохои Муфти Сайид мукаррам ниёз дорад ки то 18 сола ба масчид рафтани чавононро имзо кард ва ё сиёсатро аз ислом берун медонад ва ё сатри исломиро аз хатми ва фарз намедонад гузоштани ришро кабул надорад рафтани занон ба масчидро умуман кабул надорад. О ин Арабхо мунофиканд мегуянд рос будаст да ё ки хамин бечорарам мачбур кардагиян ки хамин гапора бгу . Агар дар асл фаикр кунем Хадиси паёмбар аст ки Ман тахаззаба Хона яъне касе хизбгарои кунад хиёнат кардааст. Пс маълум мешавад ки тамоми он мусалмононе ки дар Хизби Халки Демократи дар идорахо ичборан ба ин хизб аъзо шудаанд хиёнаткоранд ? Чаро инро муфти намегуяд?

Мусулмон
Ал- Фалох сад фоиз аз фалсафаи Ислом бохабар будааст. Ба мохияти Доктаринаи Ислом сарфахм мерафтааст. Худои Мухаммад ва китоби мукаддас- Куръхонро ки ифодагари аклу хиради тамоми башарият аст бо акл мешинохтааст - на дар хизбу азхобхо ва фиркахо.

точикбача
Харчоеки бо чохилон бахс кардам маглуб гаштам .имом Абуханифа.бахс кардан ин нишони беаклист

салом ба хамаи бинандагон, аз ин корхои хукумат маълум мешавад ки бо даъвати хаминхел касон мехохад замзамаи ин гап хоро ба гуш бирасонад ва хамаи хизбхоро аз баин бибарад ва низоми шоханшохиро дар кишвар ба рох андозад

Муслим
Ин назар дуруст аст агар Точикистон Кувайт бошаду исломи бошад, вале вакте дар Точикистон арзишхои исломи риоят намешавад ва як одам садхо мушкил дораду давлат дуняви аст пас чаро мусалмонон хакки доштани хизби сиёси надошта бошанд? агар ин фикри уро кабул кунем, аввал бояд ХХДТ пош хурад, зеро аъзои ин хизб хам худро мусалмон медонанд ку! пас агар аъзои ХХДТ мусалмон бошанд -бо мантики ин кувайти- онхо низ эхтиёч ба хизб надоранд чун ислом ба хизб ниёз надорад. Аз тарафи дигар ачиб ин аст ки Точикистон худро давлати демократи мегуяд, вале агар як хоричи ба кишвари мо ояду гуяд ки яке аз усулхои демократия фаъолияти озоди хизбхои сиёси аст, шабакахои тв точикистон овози уро мебуранду тамоман нишон намедиханд. Холо агар хамин муовини вазири Кувайт мегуфт ки барои чи шумо то 18 сола рафтан ба масчидро манъ кардед? аслан эълон намекарданд ки муовини вазири Кувайт ба Точикистон омадааст. Масъалаи дигар ин аст, ки дар фикхи исломи дар бораи як кишвар фатво додан ба худи удамо ва мардуми хамон сарзамин вогузор шудааст. Аммо дар умум раъйи ин муовини вазири Кувайт бештар ба назар равияи салафия, ки муфтиёти Точикитсон бештар аз он химоят мекунад, наздиктар аст, ва ба гуфти мушовири раиси чумхури Точикистон хам ки чанд мох пеш гуфта буд, Точикистон ба салафихо намтавонад фишор орад, зеро маълум аст ки сармоягурии калон доранд ва мутасифона ин пулхо кучо мешаванд ба касе маълум нест чун камбагалтар шудему карздортар ва сафи мухочирони кори бештар.

дурбин
раиси шурои уламои чахон шайх Юсуф Карзови хизбхои исломиро хатми хонд!, вале ин Одил Абдулло руша сиёх мекунад, хо мардум мо демократ ва комунист шуда метонем дар холе, ки душмани ба Худо мекунем ин ичозат будаст вале дифоъ аз ислом ва муслимин раво набудаст, ЗИНДА БОД ДИННИ ИСЛОМ ВА ХИЗБИ ИСЛОМИ! Озодагон чопш кун.

мардикор
дини ислом ки озоду демократия дар точикистон бошад чаро то синни 18сола ба масчид наравад йо инки духтархо бо сатр ба мактаб нараванд чаро муллохо ворисони пайгамбаронанду шумо хукуматдорхо даъваткарданро манъ кардед имруз дар точикистон факат имомхои дарбори мунданду халос ин абдуллохи одилхам аз хамин кабила будаст вой бархолатон

Яъкуб.
Бо Точик хамфикрам.Вакте мегуянд Ислом ба Хизбу шахсиятхои алохидаи фатводех ниез надошта бошад.Пас чаро пайрави аз шахсу мазхаб мекунед.Имоми Аъзамро пайрави накунед .Пайрави аз Куръону Сунат кунеду пайравии мазхабро хотима дихед монанди Салафихову Вахобихо........

musofir
Bo Murod va Muslim hamfikr hastam behtarin tahlilho. Salomat boshen barodaron

сатор
маьлум шуд ли дар ислом хизб набудаст ин хизбхой ба ном ислом аз кучо ва чихел дар байни мусулмонон пайдо шудан ва забонхояшон дароз махмадоноги мекунан дар хакикат олами ислом аз дасти хамин хизбхо вайрон шуда истодааст
озодагон илтимос хонем

Дар чавоби манфиёнаи намояндаи Кувайт чавоби мухтасареро диккати шумо арз кунам.
Нахустин кабл аз ин ки рохбарони мо суханони рохбари Кувайтро дар расонахо пахн кунанд бояд дар кабули "конун дар бораи хизбхои сиёси" фикр мекарданд.чун суханронихои рохбари Кувайт маскарае буд ба рохбарони мо алал хусус ба Э Рахмон.Дувум, агар дидгохи рохбарони мо нисбати "вахдати миллат" холисона мебуд ,бояд ин ки аз ХХДТ шуруъ кунанд махкум кунироро.Чаро рохбарони давдати мо тавре ба Хизби исломи рафторе мекунанд,ки гуё худ гайри мусалмон бошанд.Илова рохбарони мо давлатони хоричи ба мо хайрхох нестан гуфта дар дохили нохунак арабхоро меоранду имруз бошад худ аз андешаи як фарди араби ифрот нигох суйи истифода мебаранд.Худо худ сарпарастии миллати моро ба зима гирад ва гар на шояд рохбарони мо ба пулу мол миллатро ба арабхо бифурушанд.

Абдулло
ассалому аллайкум бародарони мехрубон.
Ин Одил Абдулло ба фикрам намедонад, ки дар Точикистон рохбарон ба мукобили динанд. Агар у огох мебуд ки ин хукумати мо дар мактаб ба духтарон ичозаи сатрро намедиханд ба духтархо, то сини 18 сола писаронро намоз хондан намемонанд, мардонро ришашонро ьетарошанд ва мукобили дини мубини ислом мубориза бурда истодааннд ин гапхоро намегуфт ва ба фикри ман ин суханони вай нест ин суханони душманони динанд. Дар Точикистон ки хамчун давлати демократи онро нам мебаранд кани озодии сухан кани озодии дин ,кани озодии либос ва гайра

Зи шири шутур хурдану сустмор,
Арабро ба чое расидаст кор!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)