Бахшҳо
12 май 2014 10:40Хабарҳои ҷаҳон

Ҳимояти номзади дигари интихоботи Афғонистон аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Залмай Расул, номзади интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – номзади дигар ба мақоми президентии ин кишвар хабар медиҳад.

Ин тасмими оқои Расул дар пайи як нишасти муштараки намояндагони гуруҳҳои интихоботии ду номзад дар шаҳри Кобул эълон шудааст. Далели он ба мувофиқа расидани ду ҷониб рӯи аҳдоф ва барномаҳои муштараки ду тим арзёбӣ шудаанд. Залмай Расул гуфтааст, агар интихоботи раёсати ҷумҳури кишвараш ба давраи дуюм биравад ё не, аз тими доктор Абдуллоҳ ҳимоят хоҳад кард.

Залмай Расул дар интихоботи президентии 5 апрели кишвараш дар чорчӯби гурӯҳи интихоботии "Эътидол, баробарӣ ва созандагӣ" иштирок карда, бо ба даст овардани 11,47 дарсади оро бар асоси натоиҷи аввалия мақоми сеюмро миёни рақибонаш соҳиб шуд. Оқои Расул нахустин номзади интихоботи президентии Афғонистон нест, ки ба тими доктор Абдуллоҳ мепайвандад. Дар пайи эълони натоиҷи аввалияи интихобот Гулоғо Шерзай бо гурӯҳи интихоботии худ "Сулҳ ва бозсозӣ" ба ситоди Абдуллоҳ якҷо шуда буд.

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи ҳудуди 90%-и овозҳои раъйдиҳандагон аз пешсаффии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии кишвараш хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, доктор Абдуллоҳ бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро миёни рақибонаш дар интихоботи президентии Афғонистон пешгом аст. ба иттилои манбаъ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ба даст овардани 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дошта, Зулмай Расул 11, 1 дарсад раъйро соҳиб шуда буд.

Бар асоси ҷадвали Комиссияи марзкаии интихоботи Афғонистон натиҷаи ниҳоии ин корзор рӯзи 14 май эълон хоҳад шуд. Агар аз ду номзади боқимонда касе натанвонад беш аз 50 дарсад раъйро ба даст орад, давраи дуюми рақобат миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай баргузор мешавад.
Мӯҳр
Пулихумри
Кулли мардуми Моварохунахр хохони сулху субот, оромии мардуми Шарифи Авгонистон. Ба Доктор Абудулло фарзанди содик ва арзандаи миллаташ пирузи хохонем. Факат ва факат Абудулло метавонад кулли мардумро атрофи хеш гирд оварад. Лекин пайвастани Генерали узбактабори Дустум ба ин эътилоф аз эхтмол дур нест. Чунки У дар ин 35 соли нооромиихо мазхаб, хизб, фиркау чабхашро факт ба хотири чонаш бехисоб иваз кардаги. Генерал Дустум - ошат шавад, боз чанс дори ,Сахна озод, боз чилва кун.

Озод
Бояд интихоботи он суи Ому барои мардуми ин суи Ому намунаи ибрат бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)