Сафари серӯзаи Сироҷиддин Аслов ба Арабистони Саудӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар садри як ҳайат озими Арабистони Саудӣ шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти ВУХ хабар доданд, сафари кории Аслов ба Арабистони Саудӣ рӯзи 11 май сурат гирифта, қарор аст, то 13 май идома ёбад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи бозди Аслов аз ин кишвари арабӣ иштирок дар даври якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки дар шаҳри Риёз – пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |