Бахшҳо

Ҳамоиш дар Саудӣ ва ноқаноатмандии Муҳаммад Тувайҷирӣ

Муҳаммад Тувайҷирӣ, ноиби Дабири кулли Лигаи кишварҳои араб оид ба умури иқтисодӣ табодули тиҷорат миёни давлатҳои арабӣ ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ғайриқаноатбахш хондааст. Ӯ гуфтааст, бо вуҷуди имкониятҳои зиёд ҳанӯз ҳам табодули тиҷорат миёни ин кишварҳо “хеле суст” ба назар мерасад.

Ба гуфтаи Тувайҷирӣ, гардиши солонаи тиҷоратӣ байни кишварҳо ҳамагӣ 10 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ӯ, дар робита фурсатҳои зиёд барои ҳамкориҳои муштарак ва имконияти рушди он дар ояндаи наздик вуҷуд дорад.

Тувайҷирӣ, ки дар ин бора дар мусоҳибааш бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” дар ҳошияи Анҷумани иқтисод ва ҳамкориҳои кишварҳои арабӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон суҳбат мекард, таъкид дошт, ҳадафи Анҷуман тавсеаи муносибатҳо ва устувор кардани ҳамкориҳо байни кишварҳои арабӣ ва ҷумҳуриҳои мусулмонишини Осиёи Марказӣ мебошад.

Анҷумани мазкур рӯзҳои 13 ва 14-и моҳи май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо ширкати вазирони умури беруна, иқтисод ва молияи кишварҳои мусулмоннишини Осиёи Марказӣ ва давлатҳои узви Лигаи кишварҳои арабӣ баргузор шуда, дар ҷараёни он қарор аст, созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ байни ин кишварҳо ба имзо мерасад.

Маврид ба зикр аст, ки Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар садри як ҳайат ба хотири иштирок дар ин анҷуман рӯзи 11 май озими Арабистони Саудӣ шуда буд.
Мӯҳр
Арабо ай Украина тарсидан чи? Инои морам дум хода када рафтан...о наметарсен ки ай уча наомда ки Кремл хукматотона чапа куна. Всё таки кун надоре бчке бшинен ису усу напарен ки авхоли халк бад меша Мансабдро бо дингуз мезанен дар Чуанжоу бо камбагало азоб мекашан..Фгри халка каан даркорай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)